24
Июнь
2022

Табрикоти сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Сардори_саридораи_геология.jpg

Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!

Имсол ҷашни бузургу фархундаи миллӣ-25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ҳамаи Шумо ва дар симои шумо тамоми сокинони мамлакатро ба фарорасии ин ҷашнҳои муҳиму таърихӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо осудагӣ, тандурустӣ ва ҳамдилиро таманно дорам.

Ваҳдати миллӣ барои сарҷамъии миллати парокандашуда аз вартаи нестшавӣ ва эмин нигоҳ доштани давлати навбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши тақдирсоз дорад.

Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ба имзо расид, аҳамияти арзишманд дорад. Чунки ин дастоварди ҳаётан муҳим дар лаҳзаҳои ҳассостарин ба даст омад, ки дар натиҷа пеши роҳи парокандашавии давлати тоҷикон гирифта шуд ва кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гардид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба мардуми тоҷик умед бахшид ва онҳоро ба ояндаи шукуфон дилгарм сохт.

Ваҳдати миллӣ чун офтоб шаби торику сарди халқи тоҷикро равшану гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушод. Дарахти парвардаи ваҳдат ба андозае реша давонда самар овард, ки имрӯз на танҳо сокинони кишвар, балки дигар қавму миллатҳо низ аз он бархурдоранд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол мувофиқ ба баҳогузории коршиносон ба қатори давлатҳои амну осоиштаи ҷаҳон дохил мешавад.

Воқеан ҳам ҳуҷҷати сулҳу оштӣ гардишу таҳаввулоти азимеро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон дар пай дорад, зеро сулҳу ваҳдат унсури муҳими худшиносии миллии тоҷикон ва василаи ташаккули ҳувияти миллӣ гардид. Ормони созандаи Ваҳдати миллӣ унсури муҳими худшиносӣ ва ҳувияти тоҷикон гардида, тадриҷан табақаҳои гуногуни аҳолиро новобаста ба тамоюлоти эътиқодӣ ва касбӣ ба ҳам қарин ва ҳамдилу ҳамрой сохт, ки натиҷаи самарабахши онро мо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар мушоҳида мекунем.

Пешвои миллат аз оғоз консепсияи ваҳдати миллиро дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ карда, онро сипари истиқлоли Тоҷикистони навин таъбир кард ва дар ҳамин равиш ба шукуфоӣ ва пешрафти кишвар кафолат дод. Истиқлол бо фарогирии омилҳои ваҳдатофар барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳамчун истиқлоли ботинӣ шинохта шуд ва тадриҷан истиқлоли пойдори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин намуд.

Консепсияи ваҳдати миллӣ аз оғоз дар ин замина чун яке аз воситаҳои сохтмони бинои истиқлол ва ҳувияти миллӣ хидмат кард. Дар бораи аҳамияти ин санади тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Президенти мамлакат дар тамоми суҳбат ва суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки сокинони кишвар бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои наслҳои имрӯзу оянда онро ба мерос гузоранд.

Дар ин давраи ҷаҳонишавӣ, ки дар тамоми олам раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, дар бархе минтақаҳо инсоният ба гирдоби фоҷеаҳо гирифтор аст. Ин водор месозад, ки таҳкими худшиносии миллиро дар роҳи муттаҳид кардани миллат равона сохта, дастовардҳои бузурги худро муҳофизат намоем. Истиқлол ва сулҳу салоҳи кишвар мояи ифтихор буда, ҳифзи онҳо вазифаи шарафмандонаи ҳар фарди ватанпараст мебошад.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат ва дар умум рушди давлатдории миллӣ оғоз бахшид. Баъди ба даст овардани ваҳдати комил Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳод ва дар ин радиф ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Танҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ ва саноат даҳҳо конҳои нав таҳқиқу ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

Эълон гардидани саноатикунонии мамлакат-ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва панҷсолаи рушди саноат аз мо кормандони соҳаи геология талаб мекунад, ки ҳамаи имконияту неруро барои хубтару беҳтар иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузошта сарф намоем.

Аз ҳамаи шумо, хусусан ҷавонон даъват мекунам, ки таърихи гузашта ва муосири Тоҷикистонро амиқу дуруст омӯзед, ба заҳматҳои сулҳпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоред ва ваҳдати миллиро ҳифз намоед.  

Таъмини сулҳу субот, ваҳдат ва таҳкими давлати миллӣ вазифаи муқаддас мебошад. Мо бояд истиқлолу амнияти сарзамини аҷдодиро ҳифз намоем ва масъулияти хешро дар назди наслҳои оянда дарк кунем.

Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз бори дигар шуморо бо фарорасии Рӯзи Ваҳдат – ваҳдати халалнопазир, фарогир ва абадию ҷовидонаи мардуми Тоҷикистон табрик ва муборакбод мегӯям.

Иди ваҳдату ҳамдилӣ муборак!

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ