28
Июнь
2022

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта буд.

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон  28.06.2022

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ