09
Апрель
2021

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     9 апрели соли 2021 дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи геология дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди самараноки соҳа таҳти раёсати Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, аъзоёни ҳайати Мушовара, муовинон, сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, сардор, саргеологҳо ва сармуњосибони воҳидҳои сохтории Саридора иштирок доштанд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар се моҳи соли 2021 муовини Сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода гузориш дод.

Ҳамчунин, ҳисоботи раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, роҳбарони КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», ҶСК «Экспедитсияи геофизикӣ», ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», КВДҶ «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ», КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моѓиён» ва КВ «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум», МД «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо», МД рӯзномаи «Ганҷ» вобаста ба масъалаи мавриди назар шунида шуданд.

Дар охир аз ҷониби ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.

Дар ҷамъбасти кори ҷаласа Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва тақвият додани фаъолияти корӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуот

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ