
Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ
Саридораи геология дар нимсолаи якуми соли 2022 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Зерсохторҳои Саридора корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ (6 118 242 сомонӣ) аз рӯи 30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир ва нодирзаминӣ, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология корҳоро ба анҷом расониданд.