
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба маҳалли сохтмони коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3, бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳо, ки аз иншооти муҳими Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб мераванд, ташриф оварданд.