КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ЧТ аз 3.03.2006 № 174, аз 20.03.2008 № 381, аз 3.12.2009 № 572, аз 28.06.2011 № 744, аз 16.04.2012 № 821)

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

         Моддаи 1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун аз 20.03.2008 № 381)

     Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.

     Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

     - танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

     - таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

     - муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об (Конун аз 20.03.2008 № 381).

     Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ (Қонуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821):

     Об - ҳамаи обҳои дар объектҳои оби мавҷуда.

     - обҳои рӯизаминӣ - обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизамини қарордошта;

     - обҳои зеризаминӣ - обҳои аз ҷумла маъдани, дар объектҳои обии зеризамини қарордошта;

     - захираҳои об- захираҳои оби рӯизамини ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;

     - объектҳои об- ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;

     - низоми об- тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;

     - манбаи обҳои рӯизамини- объекти оби рӯизамини дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табии ё сунъи;

     - объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста)- манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъи, ки бо дигар объектҳои оби рӯизамини аз ҷиҳати гидравлики вобаста нест;

     - Ҳавзаҳои обҷамъшаванда- ҳудуде, ки дар он об ҷори шуда объекти обро ба вуҷуд меорад;

     - обҳои дренажи-обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкаши сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;

     - обҳои   партов- обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;

     - истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи модди ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи;

     - Ҳифзи объектҳои об- фаъолият оиди ҳифз ва   барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;

     - ифлосшавии объектҳои об- партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рӯизамини ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфи мерасонанд;

     - олудашавии объектҳои об- партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;

     - камшавии об- мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рӯизамини ва зеризамини;

     - таъсири зараровари об- зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рӯизамини ва зеризамини ба минтақа ва объектҳои муайян;

     - истифодабарандаи об- шахсони воқеи ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд;

     - фаъолияти хоҷагии об- фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи оиди истифода, барқарорсози ва ҳифзи объектҳои об;

     - иҷозат барои истифодаи махсуси об - иҷозате,   ки   барои истифодабарии объекти об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода шудааст (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821);

     - оби нӯшоки- обе, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табии ё баъди коркарди он (тозакуни, безараргардони, илова кардани моддаҳои зарури) ба талаботи меъёри мувофиқ аст ва барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии   инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода шуда метавонад;

     - меъёрҳои сифати оби нӯшоки (талаботи меъёри)- маҷмӯи бо усулҳои илмию тадқиқоти ва бо қоидаҳои санитари муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёви ва микробиологии оби нӯшоки, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;

     - таъминкуни бо оби нушокӣ - фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушоки доштаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи нигаронида шудааст;

     - истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техники;

     - истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техники;

     - истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;

     - истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - каптаж- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пурраги истифодабари ва аз ифлосшави нигоҳ доштани онҳо;

     - мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳи ва пешбинии ҳолати об;

     - ассотсиатсияи   истифодабарандагони     об     -     ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи заминҳои кишоварзи ва ташкилотҳои тиҷорати таъсис дода мешавад (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174);

     - ташкилоти (идораи) ҳавзавии хоҷагии об - ташкилоти ҳавзавии хоҷагии об ва ё раёсат, ки ба истифодабарандагони об дар ҳавзаи дарёҳо хизмат мерасонад (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174);

     - обхезӣ - офати табиӣ, ки бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё, кӯл, обанбор ва дигар иншооти обӣ, ки дар натиҷаи он масоҳати васеи маҳал зери об монда, дучори осеб ё фалокат шуда метавонад. Ба обхезӣ обшавии барф, боришоти зиёди борон, рахнаи сарбанд ва дарғот, кӯлҳое, ки аз фаромадани ярчу тарма ба вуҷуд омадаанд ва дигар ҳодисаҳои табиию иқлимӣ боис мешаванд (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - пешгирии обхезӣ - чорабиниҳое, ки пешакӣ андешида мешаванд ва барои кам кардани хатари рӯй додани обхезӣ, таъмини амнияти аҳолӣ, кам намудани андозаи зарар ба муҳити зист ва зиёни моддӣ дар мавриди обхезӣ равона карда шудаанд (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - бартараф намудани обхезӣ - корҳои наҷотдиҳӣ аз фалокат ва корҳои дигари таъҷилӣ, ки ҳангоми рӯй додани обхезӣ анҷом дода мешаванд, барои наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани андозаи зарар ба муҳити зист ва талафоти моддӣ равона карда шудаанд (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - усулҳои мубориза бо обхезӣ - маҷмӯи чорабиниҳои огоҳонӣ ва рафъи фалокат, ки барои кам кардани таъсири зиёновари обхезӣ равона шудаанд (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об - низоми идоракунӣ, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва бозпасгашта) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои дигари табиии ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - иншооти хоҷагии об - обанборҳо, сарбандҳо, каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳои об, чоҳҳои об, ҷӯйҳо, иншооти гидротехникӣ, садҳои муҳофизат аз об, новаҳо, қубурҳои об бо коммуникатсияҳо ва дигар ҷузъиёти инфрасохторӣ (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - нақшаи ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи заҳираҳои об - нақшаи рушд,   истифодаи   ҳамгироиёна ва ҳифзи захираҳои об дар ҳудуди гидрографии ҳавзаи асосии манбаи об (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - шабакаи заҳбуру заҳкашҳо - шабакаи бо ҳам пайвасти заҳбурҳо ва заҳкашҳои кушода ва пӯшида, иншооти гидротехникӣ, чоҳҳои амудӣ ва инфрасохтори дигар, аз ҷумла ҳамаи қитъаҳои замине, ки барои таъмини нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва таъмири шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо ҷудо шудаанд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - ташкилоти ҳавзавии захираҳои об - сохтори ҳудудии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои идоракунии захираҳои об дар ҳудуди ҳавзаи асосӣ масъул мебошад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - шартнома оид ба обрасонӣ -   санади   ҳуқуқие,   ки   байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об ва ташкилоти обрасон оид ба шартҳои обрасонӣ ба мӯҳлати муайян баста мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - Шӯрои миллии об - мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об ҳамоҳанг месозад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - Шӯрои ҳавзавии об - мақоми машваратию маслиҳатии ҳавзавӣ, ки фаъолияти   ташкилотҳои   давлатӣ   ва   ғайридавлатиро   дар   бобати банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаи муайяни об ҳамоҳанг месозад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 3. Қонунгузори дар бораи об

     Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Моддаи 4. Фонди давлатии об

     Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъшуда, заминҳои ишғолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.

     Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, барфтӯдаҳо   ва   дигар   сарчашмаҳои рӯизамини, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризамини, аз ҷумла обҳои табобатию маъдани ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.

     Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи тамоми намудҳои обҳои зеризамини ва рӯизамини иборатанд.

         Моддаи 4 (1). Заминҳои фонди давлатии об (Конун аз 20.03.2008 № 381)

     Заминҳои фонди давлатии об аз заминҳои зери дарё, кӯл, обанбор, пиряхҳо, ботлоқзор, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳо, чоҳҳои амудӣ, иншооти гидротехникӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, пулҳо, иморатҳо ва дигар объектҳои инфраструктураи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин   заминҳои барои   минтақаи муҳофизатии об таъиншуда иборат мебошанд.

     Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об, ки зери иншооти хоҷагии об (шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо), шабакаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа доранд, инчунин иншооти ирригатсионие, ки қитъаи замини як субъекти хоҷагидориро таъмин менамояд, метавонанд таҳти истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври муваққатӣ ё доимӣ, пурра ё қисман қарор дошта бошанд.

     Тартиби додани заминҳои фонди давлатии об барои истифода дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Конун аз 20.03.2008 № 381).

     Моддаи 5. Моликияти давлати будани об

     Мутобиқи Конститутсияи   (Сарқонуни)   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

     Амали шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки рӯирост ё пинҳони ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгари мегардад.

         Моддаи 5.1 Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратеги доранд

     Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти   махсуси   стратеги   доранд, моликияти давлат буда, ба иҷора ва идоракунии шахси додани онҳо қатъиян манъ аст.

     Рӯйхати иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратеги доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Моддаи 6.   Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

     Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

     - амали гардонидани сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи ба таври маҷмӯъ истифодабари, ҳифз намудани захираҳои об ва таъмини оби нӯшоки ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, инчунин шахсони ҳуқуқи вобаста ба истифода ва ҳифзи маҷмӯи об (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174);

     - муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - тасдиқи тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозат барои истифодаи махсуси об (Конун аз 20.03.2008 № 381);

     - таҳия   ва   қабули   барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии мақсаднок, ҳифзи захираҳои об дар доираи ташаккули обтаъминкунии аҳолӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, соҳилмустаҳкамкунӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои хоҷагии об(Конун аз 20.03.2008 № 381);

     - танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарифи хизмати обрасонӣ, аз ҷумла тафриқаи (дифферентсиатсияи) он бо назардошти арзиши аслии хизматрасонӣ (Конун аз 20.03.2008 № 381);

     - амали гардонидани сиёсати ягонаи давлатии инвеститсиони;

     - танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи пулакии об, амали гардонидани сиёсати нархгузори, муқаррар намудани тариф ва имтиёзҳо;

     - рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлати дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;

     - идоракуни, реструктуризатсия ва моликияти комплекси хоҷагии об;

     - тасдиқи тартиби ташаккул ва истифодабарии фонди об, меъёрҳо ва реҷаи истифодаи он (Конун аз 20.03.2008 № 381);

     - таъмини гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти доир ба рушди истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди баҳисобгирии давлати ва назорат   ҷиҳати   истифодаи   оқилонаи захираҳои   об,   мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

     - муайян   намудани   мақомоти   ваколатдори   давлатӣ   барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, назорат ва идораи корҳои мубориза бо обхезӣ, инчунин ваколату вазифаҳои он (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - тасдиқ намудани ҳайат ва ваколатҳои Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - таҳияи тадбирҳои пешгири ва рафъи садамаҳои калон, офатҳои табии ва бӯҳронҳои экологии вобаста аз таъсири зарарноки обҳо;

     - таҳия ва амали гардонидани барномаҳои соҳилбанди;

     - муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда;

     - муқаррар намудани андоза ва тартиби пардохт барои ҳуқуқи истифода, барқарор, ҳифзи захираҳои об, интиқоли онҳо ва партофтани обҳои истифодашуда ба обгирҳо, ифлосшави ва камшавии оби объектҳо;

     - муқаррар намудани тартиби тағйир додани шакли моликият ба объектҳои хоҷагии об;

     - таъмини аҳоли бо маълумот дар бораи ҳолати об, иншоотҳои об ва объектҳои хоҷагии об;

     Сархати ҳабдаҳуми моддаи 6 хориҷ карда шуд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     - амали   гардонидани   тадбирҳои дигари вобаста ба истифодаи захираҳои об;

     - танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбини намудааст.

         Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати мебошанд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174):

     - муайян кардани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи об дар ҳудуди худ;

     - стаъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқи дар соҳаи   танзим, истифода ва ҳифзи захираҳои об;

     - баҳисобгири, баҳодиҳии ҳолати об ва объектҳои об, назорат ба истифода ва ҳифзи об, риояи меъёрҳои (лимитҳои) муқараршудаи истеъмоли об;

     - гузаронидани тадбирҳо доир ба нигоҳдошт ва беҳтар кардани ҳолати объектҳои об, пешгири ва рафъи таъсири зараровар, инчунин ифлосшавии об, барқарор намудани объектҳое, ки дар натиҷаи садамаҳо, обхези, селобҳо ва дигар офатҳои табии зарар дидаанд;

     - муайян ва тасдиқ намудани чорабиниҳои пешгирии обхезӣ бо роҳи таъсис додани сохтори дахлдори мубориза бо обхезӣ, сохтмони иншооти дахлдор барои пешгирии обхезӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти мубориза бо обхезӣ (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ системаи назорати тахдиди обхезӣ ва системаи огоҳонидани пешакӣ ва бартараф намудани обхезӣ ташкил намудан (Конун аз 3.12.2009 № 572);

     - дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин намудан бо оби нӯшоки, нигоҳ доштан ва тараққи додани системаҳои марказонидашуда, ғайримарказонидашуда ва системаҳои тақсимкунандаи оби нӯшоки ба истеъмолкунандагон;

     - мувофиқат   намудани   ҷойгиркунони   ва   ба истифода додани корхонаҳо,   иншоот,   дастгоҳҳо   оид   ба   истифодаи   манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва анҷом додани корҳо дар объектҳои об ва қитъаҳои наздисоҳилии ҳифзи об (Конуни ЧТ аз 28.06.2011 № 744);

     - ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбини намудааст.

         Моддаи 8. Танзим ва дастгирии давлати дар соҳаи муносибатҳо оиди об

     Дар соҳаи муносибатҳо ҷиҳати об масъалаҳои зерин аз тарафи давлат танзим мегарданд:

     - муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои об, ҳифзи онҳо аз ифлосу олудашави, камшави ва хушкшави, пешгири ва бартараф кардани таъсири зараровари обҳо;

     - тасдиқи нақшаи истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи обҳо, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии об, амали гардонидани назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

     - банақшагирии тадбирҳо оиди истифода ва ҳифзи об, пешгири ва бартараф намудани таъсири зараровари онҳо.

     Дастгирии давлати дар соҳаи таъминоти оби нӯшоки таҳия, қабул ва иҷрои барномаҳои ҷумҳурияви ва маҳалли, ба соҳибони   системаҳои мутамарказ, ташкилотҳои истифодакунандаи системаҳои мазкур, инчунин ташкилотҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот, дастгоҳ, мавод ва реагентҳо барои зарурати таъмини оби нӯшоки додани дотатсия, субвенсия, қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои буҷети ва гумрукиро дарбар мегирад.

         Моддаи 9. Идоракунии давлати дар соҳаи истифода ва ҳифзи об

     Идоракунии давлати дар соҳаи истифода ва ҳифзи об дар пайвастаги бо усулҳои ҳавзави, марзи ва маъмурию ҳудудии идоракуни асос ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо, инчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мувофиқи қонунгузори амали карда мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 10. Додани ҳуқуқ барои идораи объектҳои хоҷагии оби молкияти давлати ба шахсони ҳуқуқи (махсусгардонидашуда)

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тендер, бо нигоҳ доштани фаъолияти мақсаднок, метавонад ҳуқуқи идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатиро дар доираи ҳудуди маҳдуд, дар асоси шартнома, бо дарназардошти талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ба шахсони ҳуқуқии (махсусгардонидашуда) маҳалли ва хориҷи диҳад.

         Моддаи 11. Назорати давлати аз болои истифода ва ҳифзи об

     Назорати давлати аз болои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз таъмини риояи талаботи қонунгузории об аз ҷониби тамоми шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо мақсади истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳо иборат мебошад.

         Моддаи 12. Мақомоти назорати давлатии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об

     Назорати давлатии  истифода ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об амали гардонида мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

         Моддаи 13. Иштироки шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар татбиқи тадбирҳои истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об

     Ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи сарфи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷиҳати иштирок дар тадбирҳо доир ба истифодаи самаранок ва ҳифзи об имкон дода мешавад.

    БОБИ 2. ҶОЙГИРКУНИ, БАЛОИҲАГИРИ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДАДИҲИИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲОИ БА ҲОЛАТИ ОБ ТАЪСИРКУНАНДА

         Моддаи 14.   Шартҳои   ҷойгиркуни,   балоиҳагири,   сохтмон   ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолати обҳо таъсиркунанда

     Ҷойгиркуни, балоиҳагири, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, инчунин ҷори намудани равандҳои нави технологи, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, бояд истифодаи сарфакоронаи обҳо бо риояи талаботи бехатарии экологи ва ҳифзи саломати, дар навбати аввал қонеъ гардонидани ниёзи аҳолиро ба оби нӯшоки ва эҳтиёҷоти маиши таъмин намояд. Бо ин мақсад тадбирҳои таъминкунандаи масъалаҳои зайл пешбини мегарданд:

     - баҳисобгирии   оби   аз   объектҳои   об гирифта ва ба онҳо баргардонидашаванда;

     - ҳифзи обҳо аз ифлосу олудашави, камшави;

     - пешгирии таъсири зараровари обҳо;

     - маҳдуд кардани обзеркунии заминҳо то андозаи ҳадди ақали имконпазир;

     - ҳифзи заминҳо аз обзеркуни, ботлоқшави, баландшавии сатҳи обҳои зеризамини, шӯршави ва хушкшави;

     - ташкили ҳудуди ҳифзи об ва нигоҳ доштани шароитҳои мусоиди минтақаҳои табии.

     ҳангоми ба лоиҳагири ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, вобаста ба шароити табии ва хоҷаги бояд тадбирҳое сари вақт амали гардонида шаванд, ки ҳифзи моҳи ва дигар ҳайвоноту набототи оби ва шароитро барои барқарор кардани онҳо таъмин намуда, инчунин имкониятҳои истифода аз объектҳои об ҷиҳати истироҳат ва варзишро ба инобат гиранд.

     Ҳангоми балоиҳагири ва сохтмони иншоот ё азнавсозии объектҳоимавҷуда барои гирифтани обҳои зеризамини низоми истифодаи ин иншоотбояд ифлосу камшавии онҳоро истисно намояд.

         Моддаи 15. Муайян кардани ҷойҳои сохтмони корхонаҳо, иншоот вадигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд

     Муайян кардани ҷойҳо барои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигаробъектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдоридавлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомотииҷроияи   маҳаллии   ҳокимияти давлати, мақомоти назорати давлатиисанитари ва мақомоти дигар мутобиқи қонунгузори мувофиқат кардамешавад (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 16. Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо,иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

     Лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳ, иншооту дигар объектҳои дар моддаи 17Кодекси мазкур нишондодашуда бояд бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оидба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти дигар мутобиқиҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррармекунад, мувофиқат карда шавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Сохтмони корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳотаъсир   мерасонанд,   танҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбииэкспертизаи давлатии экологи, иҷозат дода мешавад.

         Моддаи 17. Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоотва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

     Ба истифода додани объектҳои зерин манъ аст:

     - объектҳои обистифодабарандагоне, ки иҷозат барои истифодаимахсуси об ва хулосаи экспертизаи давлатии экологи надоранд (Қонун аз3 марти соли 2006 № 174);

     - корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, объектҳои коммунали ва дигаробъектҳои   наву  таҷдидгардида, ки бо дастгоҳҳои пешгирикунандаиифлосшавии обҳо ва таъсири зараровари онҳо таъмин нагардидаанд;

     - системаҳои   обёри   ва   оббарори, обанборҳо ва каналҳо тогузаронидани тадбирҳои дар лоиҳаҳо пешбинигардида, ки зериобмони,ботлоқу шӯршави ва бодлесии заминҳоро пешгири мекунанд;

     - системаҳои заҳбуру заҳкаши то тайёр шудани обгирҳо ва дигаробъектҳо мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

     - иншооти гидротехникии маҷрои то тайёр шудани дастгоҳҳо бароигузаронидани селобҳо ва моҳиҳо мутобиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

     - иншооти хоҷагии об дар лоиҳаҳое, ки дар онҳо ҷуброни зарари базахираҳои моҳи, дигар ҳайвоноту набототи оби расонидашаванда, пешбининагардидааст;

     - чоҳҳои   барои   об пармашуда бидуни таҷҳизонидани онҳо бодастгоҳҳои танзими об ва дар ҳолатҳои зарури муқаррар намуданиминтақаҳои ҳифзи санитари.

     То анҷом додани тадбирҳои дар лоиҳа пешбинигардида оиди омодасохтани маҷрову обраҳаҳо пур кардани обанборҳо манъ аст.

         Моддаи 18. Балоиҳагирии сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигаркоммуникатсияҳои нақлиёти ба воситаи объектҳои об (Конун аз 20.03.2008№ 381)

     Лоиҳаҳои сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳоинақлиёти ба воситаи объектҳои об бояд шароитҳоеро пешбини намоянд, кигузаронидани селобҳо, риояи низоми истифодаи объектҳои об, ҳифзи моҳива дигар ҳайвоноти оби, пешгири намудани ифлосшави,   олудашавиюкамшавии обҳо ва дигар таъсири зарароварро таъмин намоянд (Конун аз20.03.2008 № 381).

    БОБИ 3. ИҶРОИ КОРҲО ДАР ОБЪЕКТҲОИ ОБВА ДАР МИНТАҚАҲОИ ҲИФЗИ ОБ

         Моддаи 19. Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳоиназдисоҳилии ҳифзи об

     Корҳои сохтмони, чуқуркунии қаъри маҷрои об ва корҳои таркиши,истихроҷи маводи ғайримаъдани, кашидани кабелҳо, хати қубурҳо ва дигаркоммуникатсияҳо, буридани ҷангал, ҷамъоварии растаниҳои оби, корҳоипармакуни, кишоварзи ва дигар корҳо дар объектҳои об ё дар минтақаҳоиҳифзи оби наздисоҳилии обанборҳо, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд,бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ваҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати вадигар мақомот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал

бароварда мешаванд (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз16.04.2012 № 821).

     Моддаи 20. Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об

     Минтақаҳои ҳифзи об ҳудудест бевосита ҳамшафати маҷрои дарёҳо,каналҳои таъиноти гуногун, обанборҳо, дигар объектҳои об, ки дар оннизоми махсуси истифодаи об ба мақсади ҳифзи ин объектҳо аз ифлосшави,лойқашини, олудашави аз обовардҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунинбарои ташкили низоми мусоиди об муқаррар карда мешавад.

     Ба минтақаҳои ҳифзи об инҳо мансубанд:

   - минтақаҳои ҳифзи санитарии рӯизамини ва сарҳадоти паҳншавииобҳои зеризамини;

     - қитъаҳои соҳилии обанборҳо ва кӯлҳои табии;

     - қитъаҳое, ки барои сохтмони каналҳои таъиноти гуногун ҷудокарда мешаванд.

         Моддаи 21. Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ваминтақаҳои ҳифзи санитари

     Минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарииобъектҳои об дар шакли табии мутобиқи лоиҳаҳо аз ҷониби мақомотиваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об вадигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи   обро   Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши вай мақомоти ваколатдори махсуси давлати доир ба танзими истифода ва ҳифзи об тасдиқ мекунад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Минтақаҳои ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об, ки дар салоҳияти ҳукуматҳои маҳалли қарор доранд, дар шакли табии ва бо ҳамон тартиб дар сатҳи дахлдор муқаррар карда мешаванд, аммо лоиҳаҳоро бошад мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ё бо супориши онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об тасдиқ мекунанд (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 22. Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид

     Дар ҳолати мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояинизоми истифодаи ҳудуди онҳо ба зиммаи   роҳбарони   иттиҳодияҳо,ташкилоту хоҷагиҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, инчунинба шаҳрвандоне, ки заминҳои корами дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзи обҷойгирифта дар истифодаи онҳо қарор доранд, гузошта мешавад. Дарминтақаҳои ҳифзи об истифодаи моддаҳои кимиёви, иҷрои корҳо ва ҷойгиркардани объектҳое, ки ба ҳолати об таъсири зараровар мерасонанд, манъкарда мешавад.

                       ФАСЛИ II. ИСТИФОДАИ ОБ

                   БОБИ 4. НАМУДҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ

     Моддаи 23. Истифодаи умуми ва махсуси об

     Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳоитехникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҷом дода шуда, азистифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳоитехники амали гардонида мешавад, фарқ мекунад. Дар мавридҳои алоҳидаба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни бакор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техники, ки ба вазъи об таъсирмерасонанд, мансуб дониста шавад.

     Номгӯи намудҳои истифодаи махсуси об ва миқдори обгири   азобъектҳои об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об муқаррар карда мешаванд (Конуни ЧТ аз16.04.2012 № 821).

         Моддаи 24. Истифодаи якҷоя ва ҷудогонаи об

     Объектҳои об метавонанд таҳти истифодаи якҷоя ва ҷудогона қароргиранд. Дар истифодаи якҷоя метавонанд объектҳои обе (қисми объектҳоиобе), ки ба истифодаи ҷудогона дода нашудаанд, қарор гиранд. Даристифодаи ҷудогона объектҳои обе (қисми объектҳои обе) қарор доранд,ки дар асоси қарори мақомоти давлати (моддаи 38 Кодекси мазкур) бароиистифода ба як шахси ҳуқуқи дода шудаанд.

         Моддаи 25. Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об

     Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаиҷудогона дода шудааст, истифодабарандагони аввалаи об буда, дарҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд,бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ваҳифзи захираҳои об ба дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи истифодаи баъдинаиобро иҷозат диҳанд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн бояддар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикргардида, ба расмият дароварда шаванд.

         Моддаи 26. Намудҳои истифодаи об, ки аз рӯи таъиноти асосиимақсаднок фарқ мекунанд

     Объекти об   дар   сурати   риоя   намудани талаботи дар қонунпешбинишуда ва шартҳои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳоли бо обинӯшоки, маиши, муолиҷави, курорти, солимгардони ва дигар ниёзи аҳоли,талаботи кишоварзи, саноати, энергетики, нақлиёти, моҳипарвари вадигар талаботҳо, инчунин дар як вақт барои якчанд мақсад ба истифодадода мешавад.

     Истифодаи об, ки бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳоитехники, ки ба ҳолати обҳо таъсир намерасонанд, анҷом дода мешавад, азҷониби   шахсони   воқеи   ва   ҳуқуқи,   дар сурати риояи талаботимуқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифодава ҳифзи захираҳои об, гирифтани иҷозатро барои истифодаи махсуси обталаб намекунад (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 №821).

       БОБИ 5. ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ОБЪЕКТИ ИСТИФОДАИ ОБ

         Моддаи 27. Истифодабарандагони об

     Ҳама гуна шахсони воқеи ва ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликият,ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботиқонунгузории   оби   Ҷумҳурии Тоҷикистонро     иҷро     мекунанд,истифодабарандагони об буда метавонанд.

         Моддаи 28. Объектҳои истифодаи об

     Объектҳои обие ба истифода дода мешаванд, ки дар моддаи 4 Кодексимазкур зикр гардидаанд.

         Моддаи 29 Қисман ё пурра манъ кардани истифодаи объектҳои об

     Истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлати ёарзиши махсуси илмию фарҳанги мебошанд, мумкин аст қисман ё пурра ботартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ   кардашаванд.

         БОБИ 6. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

         Моддаи 30. Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёҷоти нӯшоки вамаишии аҳоли додани объектҳои об

     Объектҳои об пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нӯшокива маишии аҳоли ба истифода дода мешаванд.

         Моддаи 31. Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об

     Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст.

     Истифодаи махсуси об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   пулаки   суратмегирад.

     Пардохт аз ҳамаи истифодабарандагони об ғайр аз истифодаи умумииоб ва истифодабарандагони манбаьҳои барқароршавандаи энергия, ки то30000 кВт/соат энергияи барқ истеҳсол менамоянд, сарфи назар азмансубияти   идорави,   шаҳрванди,   намудҳои   моликият   ва шаклҳоихоҷагидори, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон, ситонида мешавад (Конуни ЧТ аз 28.06.2011 № 744).

     Пардохт ситонида мешавад:

     - барои   истифодаи захираҳои об дар доираи меъёри (лимити)муқараргардида (ғайр аз обёрии кишоварзи ва хоҷагии ҷангал), инчунинистифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ то 30000 кВт/соат (КонуниЧТ аз 28.06.2011 № 744);

     - барои истифодаи аз меъёр (лимити) зиёд ва   ғайриоқилонаизахираҳои об;

     - барои хизматрасонии вобаста бо ҷамъшави, интиқоли об то сарҳадиистифодабарандагон, тақсим ва тоза кардани обҳо;

     - барои додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои об бо мақсади обёри;

     - барои анҷом додани дигар тадбирҳои хоҷагии об (ғайр аз обёриикишоварзи ва хоҷагии ҷангал)

     Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблағро бароиистифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон муайян мекунад.

         Моддаи 32. Иҷозат барои истифодаи махсуси об (Қонун аз 3 мартисоли 2006 № 174)

     Истифодаи махсуси об дар соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси иҷозати азҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзизахираҳои об додашаванда амали мегардад. Дар мавридҳои зарури иҷозатбо мақомоти ваколатдори давлати доир ба назорати санитари, инчунин бодигар идораҳои манфиатдор мувофиқат карда мешавад (Қонуни ЧТ аз 3марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 33. Иҷозат барои истифодаи махсуси об, ки аз ҷонибимақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дода мешавад (Қонун аз 3 марти соли2006 № 174)

     Иҷозат ҷиҳати истифодаи обҳои зеризамини, ки барои   таъминимутамаркази   об   ба   воситаи   сохтани чоҳҳои шахтави ва чоҳҳоиобсофкунанда дар ҳудуди деҳот, шаҳраку шаҳрҳо, истифода намегарданд,инчунин каптажи чашмаҳо, ки бидуни маҷбуран паст кардани сатҳи об кормекунанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ҷамоатҳоишаҳрак ва деҳот дода мешаванд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Сохтани чоҳҳо ва каптажҳои мазкур дар заминҳои захираи давлати вафонди давлатии ҷангал дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оидба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти идораи захираҳоизамин ва заминсози дар асоси иҷозате, ки мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлати медиҳанд, анҷом дода мешавад (Қонуни ЧТ аз 3 мартисоли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 34. Тартиби амали гардонидани истифодаи умумии об

     Истифодаи умумии   об   бидуни иҷозат амали мегардад. Ҳангомиистифодаи умумии об риояи талаботи мақомоти   назорати   давлатиисанитари, қоидаҳои ҳифзи одамон дар об ва мақомот доир ба истифодаисарфакорона ва ҳифзи обҳо ҳатмист (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин аз рӯиасосҳои истеҳсоли ва дигар асосҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятидавлати бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитари,дигар мақомоти манфиатдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббози, заврақрони,об додани чорво манъ аст, муқаррар менамоянд, инчунин дигар шартҳоиистифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд (Қонуни ЧТ аз 3марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати вазифадоранд, киаҳоли ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи шартҳои оиди истифодаи умумии обмуқаррар кардаашон хабардор намоянд.

         Моддаи 35. Истифодаи умумии об дар объектҳои об, ки ба истифодаиҷудогона дода шудаанд

     Дар объектҳои   об,   ки ба истифодаи ҷудогона дода шудаанд,истифодаи умумии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагониасосии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бомувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ваҳифзи захираҳои об иҷозат додашуда, ҳангоми зарурат имкон дорадистифодаи умумии об манъ карда шавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Истифодабарандаи асосии об вазифадор аст, дар бораи шартҳо ё манъкардани истифодаи умумии об ба аҳоли иттилоъ диҳад.

         Моддаи 36. Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об

     Объектҳои об ба истифодаи ҷудогона ба таври пурра ё қисман дарасоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақомоти дахлдориҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид батанзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати ҳокимиятҳоииҷроия дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   додамешаванд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Дар қарорҳо оиди ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои обмақсадҳое, ки объектҳои об барои онҳо дода мешаванд ва шартҳои асосииистифодаи объектҳои об зикр мегарданд.

         Моддаи 37. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогонамедиҳанд

     Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо ва шаҳрҳо обанборҳои бастаро(бемаҷроро), ки дар ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ҷойгиранд,дар сурати ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфи нарасониданба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

     Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,мақомоти вилоятии ҳокимияти иҷроия объектҳои обро, ки дар ҳудудивилоят ҷойгиранд, ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оидба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об объектҳои об ё қисми онҳоромувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба истифодаи ҷудогонамедиҳанд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 38. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи ҷудогонаи объекти обротасдиқ мекунанд

     ҳуқуқи истифодакунандагони об ба истифодаи ҷудогонаи объекти оббо санадҳои давлатии ҳуқуқи истифодаи об, ки аз ҷониби мақомотиҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо дода мешаванд, тасдиқмегарданд.

     Шакли ин санадҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об таҳия ва тасдиқ менамояд (Конуни ЧТ аз16.04.2012 № 821).

         Моддаи 39. Мӯҳлатҳои истифодаи об

     Объектҳои об ба истифодаи бемӯҳлат ё муваққати дода мешаванд. Истифодаи бемӯҳлати (доимии) об ҳамин гуна истифодаи об дониста мешавад, ки мӯҳлаташ қаблан муқаррар нагардидааст.

     Истифодаи муваққати имкон дорад кӯтоҳмӯҳлат- то се сол   вадарозмӯҳлат- аз се сол то бисту панҷ сол бошад. ҳангоми заруратмӯҳлатҳои истифодаи об метавонанд ба давраҳое, ки аз мӯҳлатҳоимутобиқан истифодаи кӯтоҳмӯҳлат ё дарозмӯҳлат зиёд нестанд, дарозкарда шаванд.

     Истифодаи умумии об бо мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.

         Моддаи 40. Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об

     Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об аз рӯзи қабул гардидани қарордар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об ё додани иҷозатимахсуси истифодаи об ҳисоб карда мешавад, агар дар худи қарор ё иҷозатмӯҳлати дигаре нишон дода нашуда бошад (Қонун аз 3 марти соли 2006 №174).

     Моддаи 41. Тартиби дароз кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатииоб

     Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об бо хоҳиши истифодабарандагониманфиатдори об аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар бораи ба истифодаиҷудогона додани объекти об қарор қабул кардаанд ё барои истифодаимахсуси об иҷозат додаанд, дароз карда мешаванд (Қонун аз 3 марти соли2006 № 174).

           БОБИ 7. ҲУҚУҚУ ӮҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИОБ ВАТАШКИЛОТҲОИ ХОҶАГИИ ОБ

         Моддаи 42. Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот

     Истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд, аз объектҳои об ба онмақсадҳое, ки ин объектҳои об барои онҳо бо иҷозати ҷиҳати истифодаимахсуси об дода шудаанд, истифода баранд (Қонун аз 3 марти соли 2006 №174).

     Моддаи 43. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об

     Мувофиқи таъиноти мақсаднок, ки ҷиҳати истифодаи махсуси объектиоб   иҷозат   дода   шудааст,   тибқи   тартиби   муқарраргардидаистифодабарандагони об ҳуқуқ доранд (Қонун аз 3 марти соли 2006 №174):

     - пайдо кардани об ҷиҳати истифодаи минбаъдаи он;

     - истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти   кишоварзи,   саноат,гидроэнергетика,   нақлиёт, хоҷагиҳои моҳипарварию шикор ва дигармақсадҳои манъ карданашуда;

     - сохтани системаҳои обёри, бунёд намудану муҷаҳазонидани иморатииншоотҳои гидротехникии хоҷагии об, инчунин анҷом додани таъмирутаҷдид ва барҳамдиҳии он;

     - истифодаи объектҳои об барои истироҳат, гузаронидани тадбирҳоиварзишию солимгардони, нигоҳ доштани ҳолати мусоиди табии, инчунинанҷом додани дигар амалҳои бо қонунгузори доир ба истифодаи иншооти обманъкарданашуда;

     - талаб намудан аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об дар хусуси андешидани тадбирҳо доир бапешгири кардани камшави ва ифлосшавии фонди об, таъмини захираҳои оббо миқдор ва сифати муайян (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - муттаҳид шудан дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.

     Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади нигоҳ доштан,истифода   намудани   системаҳои   мелиоративи   ва   ирригатсиониидохилихоҷаги, ки дар истифодаи якҷоя ва фарди қарор доранд, ҷиҳатитақсими боадолатона, самаранок ва саривақтии об байни хоҷагиҳоидеҳқони (фермери), ҷамъоварии пардохт барои расонидани об, ҳаллинизоъҳое, ки байни аъзо оид ба тақсим ва истифодаи об ба миён меоянд,таъсис дода мешаванд.

         Моддаи 44. Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

     Дар ҳолатҳои камобии аз ҳад зиёд, ҳолатҳои садамави дар объектҳоиоб, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, муриши ҳайвонот ва дардигар ҳолатҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ба манфиатҳои давлатинчунин ба манфиатҳои дигар истифодабарандагони об маҳдуд кардамешаванд. Бо вуҷуди ин ба бад шудани шароитҳои истифодаи объектҳои оббарои эҳтиёҷоти нӯшоки ва маишии аҳоли бояд роҳ дода нашавад.

     Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми амалигардонидани тадбирҳои таъхирнопазир доир ба пешгири ва рафъи оқибатҳоиофатҳои табии, ки дар натиҷаи таъсири зараровари об ба вуқӯъ омадаанд,бо моддаи 130 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.

     Ҳангоми напардохтани ҳақи истифодаи об мутобиқи моддаи 31 Кодексимазкур истифодаи он қисман ё пурра қатъ мегардад.

     Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро метавонад мақомоти ваколатдоридавлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки бароиистифодаи махсуси об иҷозат додааст, маҳдуд намояд, ҳуқуқҳои истифодаибаъдинаи об аз ҷониби истифодабарандаи аввалаи об бо мувофиқатимақомоти ваколатдори махсуси давлати доир ба танзими истифода ва ҳифзиоб, инчунин дигар мақомот мутобиқи ҳамин Кодекс, маҳдуд карда мешаванд(Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 45. Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об

     Истифодабарандагони об ӯҳдадоранд:

     - истифодаи оқилонаи объектҳои об, зоҳир намудани ғамхори оид бамасрафи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати обҳо;

     - ҷори кардани технологияи нигоҳдории захираи об, ки ба баландбардоштани дараҷаи самаранокии истифодаи об, беҳтар шудани ҳолатимелиоративии заминҳо ва муҳити зист мусоидат мекунад;

     - андешидани тадбирҳои имконпазир ҷиҳати қатъи пурраи партофтаниобҳои партов ба объектҳои об ва обҳои ҷори, ки дар таркибашон маводиифлоскунанда доранд;

     - роҳ   надодан   ба   вайрон   кардани   ҳуқуқҳои   ба   дигаристифодабарандагони об додашуда, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳатинарасонидани зарар ба объектҳои хоҷаги ва табии (замин, ҳайвонотунабобот, канданиҳои фоиданок ва ғайра);

     - сари вақт пардохтани ҳақи истифодаи захираҳои об ва хизматирасонидани об ба истифодабарандагон;

     - дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои обёри, заҳбурҳо,обтозакуни, дигар объектҳо ва воситаҳои техники, ки ба ҳолати обҳотаъсир мерасонанд, беҳтар гардонидани сифати истифодаи онҳо;

     - мустақилона   ё   якҷоя   бо   дигар   мақомот   тибқи тартибимуқарраргардида анҷом додани назорат ба сифат ва   миқдори   обиистифодашаванда;

     - амали гардонидани тадбирҳои ҳифзи моҳи ва дигар набототуҳайвоноти оби;

     - дар ҳолати зарури нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояинизоми истифодаи ҳудуд, агар онҳо таҳти истифодаашон қарор доштабошанд;

     - риоя намудани талаботи муқарраргардида ва шартҳои шартномаиистифодаи об, ки бо ташкилотҳои обрасон ва бо мувофиқати мақомотиваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои оббаста шудааст (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821);

     - иҷрои дигар талаботе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонва дар иҷозат барои истифодаи махсуси об пешбини гардидаанд (Қонун аз3 марти соли 2006 № 174).

     Моддаи 46. Ҳавасмандгардонии обистифодабарандагоне, ки тадбирҳоиистифодаи самаранок ва ҳифзи обҳоро амали мегардонанд

     Тадбирҳои ҳавасмандгардонии   истифодабарандагони     об,     киамалигардонии чорабиниҳои ба ҷамъият фоиданокро оид ба истифодаисарфакорона ва ҳифзи об иҷро менамоянд, аз ҷониби мақомоти ваколатдоридавлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об таҳия ва боидораҳои манфиатдор мувофиқат гардида, аз тарафи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).     

     Моддаи 47. ҳуқуқи ташкилотҳои хоҷагии об дар бобати истифоданамудани захираҳои об

     Ташкилотҳои хоҷагии об барои таъмини эҳтиёҷоти гуногуни соҳаҳоихоҷагии халқ амалҳои обро аз манбаъҳои об гирифтан, расонидан ва байниистифодабарандагон тақсим намуданро иҷро менамоянд.

         Моддаи 48. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасони

     Ташкилотҳои хоҷагии об фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур,қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи тарафҳо оиди расониданиоб ба истифодабарандагон амали менамоянд.

     Ҷиҳати риоя намудани нуқтаҳои шартномаи тарафҳо оиди обрасониташкилотҳои хоҷагии об ӯҳдадоранд:

     - ҳолати боэътимоди техникии системаҳои обёриро (ирригатсиониро)то мӯҳлатҳои дар шартномаи тарафҳо оиди   ба   истифодабарандагонрасонидани миқдори об пешбинишуда таъмин намоянд;

     - заҳбуру заҳкашҳо, объектҳои қабули оби партов, обтаъминкуни ваобравониро омода созанд;

     - обистифодабарандагонро мутобиқи мӯҳлат ва меъёри пешбинишуда бооб таъмин намоянд;

     - бо мувофиқат бо истифодабарандагони об барои муайян карданимиқдори оби расонидашуда, дар ҷойҳои обгузаре, ки дар шартнома нишондода шудааст, дастгоҳҳои обченкуни гузоранд.

             БОБИ 8. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ    

     Моддаи 49. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

     Ҳуқуқи шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои истифодаи об дар ҶумҳурииТоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

     - аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;

     - ба   охир   расидани   мӯҳлати иҷозати истифодаи махсуси обнишондодашуда (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174);

     - аз нав ташкил намудан ва барҳам додани шахси ҳуқуқи, фавтишахси воқеи;

     - ба   миён омадани зарурати давлатии бекор кардани иҷозатиистифодаи махсуси об (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174);

     - мунтазам   вайрон   кардани   шартҳои   шартнома   дар   бораиистифодабарии об, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об баста шудааст (Конуни ЧТ аз 16.04.2012№ 821).

     Ҳуқуқи истифодаи об (ғайр аз ҳуқуқи истифода аз захираҳои оббарои эҳтиёҷи нӯшидани ва маиши) дар сурати аз тарафи шахсони воқеи ваҳуқуқи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи об ё истифодаи объекти обхилофи мақсаде, ки он дода шудааст, инчунин дар ҳолатҳои ба тавриназаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ кардамешавад.

     Дар қонун ҷиҳати қатъи ҳуқуқи истифодаи об метавонад дигар асосҳопешбини гардад.

         Моддаи 50. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

     Ҳуқуқи истифодаи об бо усусли зайл қатъ мегардад:

     - бекор кардан ё боздоштани амали иҷозати истифодаи махсуси об(Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174);

     - кашида гирифтани иншооти об, ки барои истифодаи ҷудогона додашудааст.

     Истифодаи баъдинаи об имкон дорад бо қарори истифодабарандаиаввалаи об ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид батанзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои истифодаи махсуси обиҷозат додааст, қатъ карда шавад (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 №174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 51. Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона

     Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона аз ҷониби мақомоте, киобъекти обро мутобиқи моддаи 36 ба истифодаи ҷудогона додаанд, ба амалбароварда мешавад. Объекти об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо мувофиқи моддаи97 Кодекси мазкур гирифта мешавад.

         Моддаи 52. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳоихоҷагии об, қатъ гардонидан ё тағйир додани шартҳои истифодаи обрасонида шудаанд

     Зарари ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар натиҷаи гузарониданитадбирҳои хоҷагии об (корҳои гидротехники ва монанди инҳо, ғайр азҳолатҳои   садамави   ва вобаста бо офатҳои табии), инчунин қатъгардонидан ё тағйир додани шартҳои дар шартномаи истифодаи   обнишондодашуда, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон ҷуброн карда шавад.

               БОБИ 9. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИНӮШИДАНИ, МАИШИ ВА ДИГАР ЭҲТИЁҶОТИ АҲОЛИ

         Моддаи 53. Об ва объектҳое, ки барои эҳтиёчоти нӯшидани, маиши вадигар эҳтиёчоти аҳоли дода мешаванд

     Барои таъмини оби нӯшидани, маиши, инчунин дигар эҳтиёҷоти аҳолиобъектҳои обе дода мешаванд, ки сифати онҳо ба талаботи муқарраркардаисанитари мувофиқ мебошад.

         Моддаи 54. Таъминоти мутамаркази аҳоли бо об

     Ҳангоми бо тартиби обтаъминкунии мутамарказ истифода намудан азобъекти об барои эҳтиёҷоти нӯшидани, маиши ва дигар эҳтиёҷоти аҳолишахсони ҳуқуки, ки хати қубурҳои оби хоҷагию нӯшидани дар идоракуниифаври ё моликияти онҳо қарор гирифтааст ҳуқуқ доранд, обро азманбаъҳои обтаъминкуни мутобиқи иҷозат барои истифодаи махсуси об баистеъмолкунандагон диҳанд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Шахсони ҳуқуқи вазифадоранд:

     - ҳамаи шартҳои технологиро   ҳангоми   ба   истифодабарандагонрасонидани оби нӯшоки иҷро намоянд;

     - расонидани оби нӯшокиро мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи сифат,ташкили   баҳисобгирии оби гирифташаванда, мушоҳидаи (мониторинги)мунтазами сифати обро дар ҷойҳои обгири таъмин намоянд;

     - низоми мунтазам додани оби нӯшокиро барои қонеъ намуданиэҳтиёҷоти аҳоли ва ташкилотҳои саноати хӯроквори дар навбати аввалтаъмин намоянд;

     - набояд ба вайрон шудани низоми мунтазами обрасони ба аҳоли,эҳтиёҷоти ташкилотҳо, протсесҳои технологиии ба оби нӯшоки заруратнадошта, сабаб шаванд;

     - ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ваҳифзи захираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитари ва мақомотииҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати оиди бад шудани сифати об аз меъёримуқарраргардида хабар диҳанд (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз16.04.2012 № 821).

     Моддаи 55. Таъминоти ғайримутамаркази аҳоли бо об

     Ҳангоми тибқи   тартиби обтаъминкунии ғайримутамарказ истифоданамудани объекти об барои эҳтиёҷоти нӯшидани, маиши ва дигар эҳтиёҷотиаҳоли, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд обро бо тартибиумуми ё истифодаи махсус бевосита аз манбаъҳои рӯизамини ва зеризаминигиранд.

     Истифодаи объектҳои обгирие, ки барои ин   мақсадҳо   пешбинишудаанд, мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлати, ки ин объектҳо дар ҳудуди онҳо воқеъ гардидаанд,анҷом дода мешавад (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Моддаи 56. Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нӯшидани бароиэҳтиёҷоте, ки бо таъмини оби нӯшиданию маиши вобаста нестанд

     Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нӯшидани барои этиёҷоте,ки бо таъмини оби нӯшиданию маиши вобаста нестанд, манъ аст. Дарминтақаҳое, ки манбаъҳои зарурии рӯизаминии об   мавҷуд   набуда,захираҳои   оби зеризаминии дорои сифати нӯшидани кофи мебошанд,мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва   ҳифзизахираҳои об метавонад истифодаи ин обро барои мақсадҳои ба таъминотинӯшиданию маиши иртиботнадошта, иҷозат диҳад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012№ 821).

         Моддаи 57. Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нӯшоки

     Системаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини обрасонии обинӯшоки метавонанд моликияти ҷумҳурияви, коммунали ва ё шахсони ҳуқуқибошанд.

     Системаи тақсимоти   манзилии   оби   нӯшоки, системаи алоҳидаитаъминоти оби нӯшоки, системаҳои таъминоти оби нӯшоки дар воситаҳоинақлиёт моликияти соҳибони фонди манзили, воситаҳои нақлиёт мебошанд.     Системаҳои мутамарказ   ва   ғайримутамарказ   хусуси   гардониданамешаванд.

     Шахсони воқеи ва ҳуқуқи метавонанд дар моликияти худ шабакаҳоитаъминоти об дошта бошанд, ки мутобиқи талаботи меъёрҳои амалкунандава қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сохта шудаанд (Қонуназ 3 марти соли 2006 № 174).

     Моддаи 58. Манбаъҳои маблағгузори дар соҳаҳои таъминоти обинӯшоки

     Манбаъҳои маблағгузори дар соҳаҳои таъминоти оби нӯшоки инҳомебошанд:

   - маблағҳои   аз ҳисоби пардохти истифобарандагони системаҳоимутамарказ ва истифодабарандагони оби нӯшоки;

     - маблағҳои буҷети ҷумҳурияви;

     - маблағҳои буҷетҳои маҳалли;

     - маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла сармоягузориҳобарои рушди системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ воридшаванда (Конун аз20.03.2008 № 381).

     - дигар манбаъҳое, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонманъ карда нашудааст.

         Моддаи 59. Сертификатсия дар соҳаи таъминоти оби нӯшоки

   Оби нӯшокие, ки барои фурӯш дар зарфҳо, воситаҳои инфироди, маишива дастаҷамъии пок намудан ва безарар гардонидани об, инчунин мавод,реагентҳо,   протсесҳои   технологи   ва   воситаҳои   дигар,   ки баистеъмолкунандагон пешниҳод мешаванд, бояд   ҳатман   сертификатсияшаванд.

     Сертификатсияи оби нӯшоки, ки ба тариқи системаи марказонидашудаиобрасони дода мешавад, мувофиқи қонунҳои мавҷуда амали мегардад.

         Моддаи 60. Кафолати таъмини оби нӯшоки ҳангоми вайрон шуданифаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонииоби нӯшоки

     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, моликони системаҳо,ташкилотҳои обрасонии оби нӯшоки мутобиқи салоҳияташон ҳангоми вайроншудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаиобрасонии оби нӯшоки, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нӯшокиба истифодабарандагон ё боиси номувофиқ шудани сифати обе, ки мутобиқиталаботи меъёри муқаррар гардидааст, бояд барои бо оби нӯшоки таъминнамудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин мақсад манбаъҳоиэҳтиёти ва системаи обрасонии оби нӯшоки, воситаҳои техникии маиши вадастаҷамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нӯшоки дар зарфҳоё расонидани онҳоро дар зарфҳо (систернаҳо) барои истифодаи умумтаъмин намоянд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоси ихтиёри оид ба таъминоти якҷояиоб ташкилотҳои ғайридавлати таъсис дода метавонанд (Қонун аз 3 мартисоли 2006 № 174).

     Ташкилотҳои ғайридавлатии   таъминоти якҷояи об ҷиҳати баландбардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як маҳалла ё гурӯҳимаҳалҳои аҳолинишин бо иштироки тамоми аҳоли ва ё як қисми аҳоли бомақсади сохтмони шабакаи нав, барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, бообтаъминкуни,   дар   ҳолати   кори   нигоҳ доштан, маблағгузори вабаҳрабардори аз шабакаҳои истифодаи умум ташкил карда мешаванд (Қонуназ 3 марти соли 2006 № 174).

     Давлат ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи обро дастгиринамуда, ҷиҳати ташаккули онҳо мусоидат менамояд (Қонун аз 3 марти соли2006 № 174).

           БОБИ 10. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ МУОЛИҶАВИ, КУРОРТИЮ СОЛИМГАРДОНИ    

     Моддаи 61. Дар навбати аввал барои мақсадҳои муолиҷавию курортиистифода намудани объектҳои обе, ки ба категорияи табобати (маъдани)мансуб дониста шудаанд

     Объектҳои обе, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба категорияи обимуолиҷави (маъдани) мансуб дониста шудаанд, пеш аз ҳама   бароимақсадҳои муолиҷави ва курорти истифода мешаванд.

     Дар ҳолатҳои истисно мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомоти дахлдори тиббиметавонанд истифодаи объектҳои оби ба категорияи оби   муолиҷави(маъдани) мансуб донисташударо барои дигар мақсадҳо иҷозат диҳанд(Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 62. Манъ кардани партофтани обҳои партов ба объектҳои обе,ки ба категорияи обҳои муолиҷави мансуб дониста шудаанд

     Партофтани обҳои партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи обимуолиҷави мансуб дониста шудаанд, манъ аст.    

     Моддаи 63. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш

     Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш аз ҷонибиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.    

     Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳоихурдҳаҷм

     Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм(заврақҳои белу мотордор, катерҳо, яхтаҳои бодбондор ва ғайра) бориояи қоидаҳои истифодаи киштиҳои хурдҳаҷм, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар менамояд, иҷозат дода мешавад.

     Киштиҳои хурдҳаҷм бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо сабтиаломатҳо дар девораҳояшон аз ҷониби мақомоти   иҷроияи   маҳаллииҳокимияти давлати ба қайд гирифта шаванд (Қонун аз 3 марти соли 2006 №174).

     Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об барои моҳидори бо мақсадиварзиш ва ҳаваскори

     Тамоми объектҳои об, ба истиснои объектҳои обе, ки дар ҳудудимамнӯъгоҳҳо, ҳавзҳои моҳипарвари, ҳавзҳо ва дигар хоҷагиҳои парваришимоҳи   воқеъ   гардидаанд, имкон дорад дар сурати риояи қоидаҳоимуқарраргардида, барои моҳидори бо мақсади варзиш ва   ҳаваскориистифода бурда шаванд.

     Барои мақсадҳои   мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ оид батанзими истифода ва ҳифзи захираҳои об метавонад объекти об ё қитъаҳоиалоҳидаи онҳоро ҷудо намояд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Дар обанборҳое, ки ба ҷамъиятҳои варзиши барои ташкили хоҷагиҳоимоҳипарвари дода шудаанд, моҳидори бо мақсади варзиш ва ҳаваскори дарасоси иҷозати ин ҷамъиятҳо, амали мегардад (Қонун аз 3 марти соли 2006№ 174).

               БОБИ 11. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИЭҲТИЁҶОТИ СОҲАИКИШОВАРЗИ    

     Моддаи 66. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзи

     Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзи ҳам ботартиби истифодаи умуми ва ҳам бо тартиби истифодаи махсус амалигардонда мешавад. ҳангоми истифодаи махсуси об системаҳои объёриюоббарори, обмони, хушккуни, заҳбуркани ва системаҳои обтаъминкуниисоҳаи кишоварзи, инчунин объекту дастгоҳҳои алоҳидаи хоҷагии об, ки башахсони воқеи ва ҳуқуқи мансуб мебошанд, ба кор бурда мешаванд.

         Моддаи 67. Мақсадҳои истифодаи об дар соҳаи кишоварзи дар шароитизаминҳои оби

     Истифодаи об дар соҳаи кишоварзи ҷиҳати фароҳам овардани низомимусоиди нами дар заминҳои оби бо мақсади   истеҳсоли   маҳсулотикишоварзи, инчунин барои таъмини дигар эҳтиёҷоти истеҳсолоти кишоварзиамали гардонида мешавад.

         Моддаи 68. Амали кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзи

     Истифодаи об дар системаҳои объёри, оббарори ва объёрию оббарори,аз системаҳои дарёҳо, каналҳои магистрали, ҳавзаҳои зеризамини вадигар объектҳои хоҷагии об дар асоси шартномаҳо, нақшаҳои дохилихоҷаги(дохили ассотсиатсияҳо) ва умумисистемавии (ҷадвалҳои) истифодаи обамали карда мешавад.

     Дар шартномаҳои   истифодаи   об   идораҳои   системаҳои объёри,оббарори, объёрию оббарори ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзишартҳои истифодаи об, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳамдигарро дақиқмуайян мекунанд.

         Моддаи 69. Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об

     Нақшаҳои истифодаи об дар сатҳҳои гуногун аз ҷониби инҳо тасдиқкарда мешаванд:

     - нақшаҳои дохилихоҷагии истифодаи об бо мувофиқати ташкилотиобрасон аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, китибқи тартиби маъмури ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

     - вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти ноҳияви (ҳавзави) азҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, ки тибқи тартибимаъмури ҳудуди дахлдор тобеи он аст (Қонун аз 3 марти соли 2006 №174);

     - вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти байниноҳияви, вилояти(ҳавзави), ҷумҳурияви мутобиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣоид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ташкилотҳои дар маҳалбудаи онҳо бо мувофиқати мақомоти кишоварзи (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 №821).

         Моддаи 70. Тағйир додани миқдори об ва мӯҳлатҳои обдиҳи

     Обдиҳии иловаги барои эҳтиёҷоти кишоварзи вобаста ба дархостиистифодабарандаи об мутобиқи шартҳои дар шартнома зикргардида, анҷомдода мешавад.

     Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзизахираҳои об ҳуқуқ дорад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821):

     - ҳангоми кам шудани сатҳи оби манбаи объёри (бо риояи усулитаъминоти баробари об) ба истифодабарандагон додани обро маҳдуднамояд, дар давраи камоби дар манбаъҳои алоҳидаи обдиҳии системаиобъёри гардиши обро ҷори намояд;

     - дар ҳолатҳои истифодаи бесамари об, худсарона гирифтани об азҷониби истифодабарандагони алоҳида обдиҳиро мувофиқи моддаи 49 Кодексимазкур қатъ кунад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандад;

     - вобаста ба тағйир ёфтани низоми оби манбаи объёри, шароити обуҳаво, дигар сабабҳое, ки зарурати тағйир додани мӯҳлатҳои обдиҳии даршартномаҳо пешбинигардидаро ба миён меоранд, ҷадвали обдиҳиро бароиистифодабарандагони об тағйир диҳад. Тағйирот дар шартҳои истифодаи обметавонад танҳо дар асоси қоидаҳое, ки дар шартномаҳои обрасони зикршудаанд, ворид карда шавад.

         Моддаи 71. Ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обробарои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзи истифода мебаранд

     Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки аз объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаикишоварзи истифода мебаранд, вазифадоранд ӯҳдадориҳои муқарраргардидаишартномави ва низоми истифодаи обро риоя намоянд, тамоми намудҳоиталафоти обро кам кунанд, баҳисобгирии дахлдор ва назорати миқдори обиистифодашавандаро таъмин карда, иншоот ва дастгоҳҳои обченкуниро дарҳудуди худашон ҳифз намоянд.

         Моддаи 72. Объёри тавассути обҳои партов

     Объёрии заминҳо ба воситаи обҳои партов аз ҷониби мақомотиваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бомувофиқати мақомоти назорати давлатии санитари, ветеринари ва экологииҷозат дода мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 73. Истифодаи об барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо,қитъаҳои ҷангалҳо ва боғҳои ниҳолпарвари ҷойгир шудаанд

     Муқаррароти моддаҳои 68, 74 Кодекси мазкур ҳамчунин барои объёриизаминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва боғҳои ниҳолпарвари ҷойгиргардидаанд, татбиқ карда мешавад.

         Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти ассосиатсияҳоиистифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти

     Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар   иттиҳодияҳоиҷамъияти метавонанд дар асоси иҷозати истифодаи махсуси об аз ҷонибимақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва   ҳифзизахираҳои об дода шуда ва шартнома бо ташкилоти обрасони маҳаллиихоҷагии об аз объектҳои об барои объёри истифода баранд (Конуни ЧТ аз16.04.2012 № 821).

     Моддаи 75. Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлиги ва дигархоҷагиҳо

     Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлиги, хоҷагиҳои деҳқони(фермери) ва дигар хоҷагиҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи, сарфи назар азшакли моликият, мувофиқи шартномаи байни ташкилоти обрасони хоҷагии обва ассотсиатсия ё дигар иттиҳодияи ҷамъияти, ки хоҷагиҳои номбурда дарҳудуди он ҷойгиранд, анҷом дода мешавад.

         Моддаи 76. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминотибайнихоҷаги аз тарафи истифодабарандагони об

     Ба ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи - истифодабарандагони   обхудсарона танзим намудани объектҳои гидротехники дар каналҳо ваобанборҳои таъиноти байнихоҷаги бо мақсади зиёд ё кам кардани хароҷотиоб, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққати, дастгоҳҳоиобкаши ва дигар объекту воситаҳо манъ аст.

     Партофтани об аз ҳавзҳо, каналҳо ва дигар иншоотҳои объёрикунандадар ҳолатҳои даркори танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оидба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об иҷозат дода мешавад (КонуниЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 77. Манъ будани рафтуомади тракторҳо, воситаҳои нақлиёт,обдиҳи ва рондани чорво аз болои каналҳо ва   дигар   объектҳоигиротехники

     Рондани чорво,   рафтуомади   тракторҳо, мошинҳои   кишоварзи,автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт аз болои каналҳо ва дигаробъектҳо дар ҷойҳое, ки барои ин мақсадҳо пешбини нашудаанд, манъ аст.

     Обдиҳии чорво аз каналу обанборҳо танҳо дар сурати мавҷуд буданимайдончаҳо ё ҷойҳои махуси барои ин мақсад ҷиҳозонидашуда, иҷозат додамешавад.

         Моддаи 78.   Иштироки   истифодабарандагони   об   дар   корҳоиирригатсионию мелиоративи

     Барои нигоҳ доштан ва беҳтар кардани системаҳои объёри, оббарорива объёрию оббарори истифодабарандагоне, ки аз ин системаҳо обмегиранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои иҷрои корҳои ирригатсионию мелиоративи ҷалб кардан мумкин аст.

         Моддаи 79. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзи

    Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзи ба обтаъминкунии мутамарказва   ғайримутамарказ   тақсим карда мешавад. ҳангоми обтаъминкуниимутамаркази соҳаи кишоварзи қоидаҳои моддаи 54 Кодекси мазкур татбиқкарда мешаванд.

     Бо обтаъминкунии ғайримутамаркази ташкилотҳои алоҳидаи кишоварзи,обёри намудани чарогоҳҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оидба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомотиназорати давлатии санитарию ветеринари, мақомоти ваколатдори махсусидавлати доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анҷом дода мешавад(Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Шахсони ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликият, ки системаҳоиобтаъминкуниро барои обёрии чарогоҳҳо ва дигар мақсадҳои кишоварзиистифода мебаранд, вазифадоранд ба ҷоришавии бесамари об,   шӯруботлоқшавии заминҳо роҳ надиҳанд.

               БОБИ 12. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИСАНОАТИ ВАЭҲТИЁҶОТИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКИ

         Моддаи 80. Ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обробарои мақсадҳои саноати истифода мебаранд

     Обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатиистифода мебаранд ӯҳдадоранд меъёрҳои технологи ва қоидаҳои истифодаиобро риоя намуда, инчунин барои кам кардани хароҷоти об ва қатъкардани партофтани обҳои партов бо роҳи такмили технологияи истеҳсолотва схемаи обтаъминкуни (истифодаи равандҳои технологии беоб, таъминотиоб бо усули гардиш ва дигар усулҳои технологи) тадбирҳо андешанд.

        Моддаи 81. Маҳдудияти истифодаи оби нӯшидани барои мақсадҳоисаноати

     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар ҳолатҳои офатитабии, садамаҳо, камоби ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд,истеъмоли   оби   нӯшиданиро барои мақсадҳои саноати аз шабакаҳоикоммунали кам ё манъ ва аз хатҳои оби хоҷагию нӯшидании идорави баманфиати дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳоли ба обинӯшидани ва маиши муваққатан маҳдуд намоянд (Қонун аз 3 марти соли2006 № 174).

     Моддаи 82. Истифодаи оби зеризамини барои обтаъминкунии технологива дигар эҳтиёҷоти истеҳсоли

     Оби зеризамини (оби ширин, маъдани ва гарм), ки ба категорияи обинӯшидани ё муолиҷави мансуб дониста нашудаанд, метавонанд тибқитартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида бароиобтаъминкунии технологи, аз онҳо ҷудо карда гирифтани   унсурҳоикимиёвии дар таркибашон мавҷуда, ба даст овардани нерӯи гарми ва дигарэҳтиёҷоти истеҳсоли, бо риояи талаботи истифодаи сарфакорона ва ҳифзиоб, истифода бурда шаванд.

         Моддаи 83. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетики

     Истифодаи объектҳои об барои   эҳтиёҷоти   гидроэнергетики   бодарназардошти манфиатҳои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ амали кардамешавад, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдоридавлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ин мавридтартиби дигареро пешбини накарда бошанд. Пур кардану истифода намуданиобанборҳо ҳар сол танҳо бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсусидавлати доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анҷом дода мешавад(Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид   ба   танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об, шахсони воқеи ва ҳуқуқи метавонандимкониятҳои   инженерии   каналҳо   ва   дигар   объектҳои   мавҷудаигидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ, агар инамал ба кори асосии ин объект зарари воқеи нарасонад, истифода намоянд(Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 84. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетики оиди

истифодабарии об

     Муассисаҳои гидроэнергетики ҳуқуқ доранд:

     - обро барои истеҳсоли қувваи барқ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшудаистифода баранд;

     - чорабиниҳоро оиди беҳтар истифодабарии обанборҳо, ба мақсадҳоиэнергетики ба амал бароранд, агар талаботи истифодабарии маҷмӯъи ваҳифзи обро вайрон намекарда бошад;

     - аз шахсони воқеи ва ҳуқуқи риояи қоидаҳои истифодаи мӯътадилиобанборҳоро барои эҳтиёҷоти гидроэнергетики талаб намоянд.

     Муассисаҳои гидроэнергетики ӯҳдадоранд:

     - низоми муқараршудаи пур кардан ва обпартои аз обанбор, камузиёд шудани сатҳи боло ва поёни обро риоя намоянд;

     - бе мамониат гузаштан ва бехатарии киштиҳо, қаиқҳо, ба амалбаровардани обпартоиҳои санитари ва ҳифзи табиатро дар асоси лоиҳаҳотаъмин кунанд;

     - иншоотҳои ҳифзи моҳи, ҷои гузариши моҳиҳо ба ҷойҳои тухмгузорива ҳифзи дигар ҳайвоноту набототи обиро дар ҳолати мусоид нигоҳдоранд;

     -устувории иншоотҳо ва истифодаи бесадамаи техникиро ҳангомиҳодисаҳои сел, обхези ва дигар офатҳои табии таъмин намоянд.

                   БОБИ 13. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ НАҚЛИЁТИ ОБИЮ ҲАВОИ

         Моддаи 85. Роҳҳои обии истифодаи умуми

     Илова ба талаботи моддаи 4 Кодекси мазкур дарёҳо, кӯлу обанборҳоиҶумҳурии Тоҷикистон роҳҳои обии истифодаи умуми мебошанд, ба истисноиҳолатҳое, ки истифодаи онҳо бо ин мақсадҳо пурра ё қисман манъгардидааст ё онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд.

         Моддаи 86. Тартиби ба категорияи киштигард мансуб доданистанироҳҳои оби ва муқаррар намудани қоидаҳои истифодабарии онҳо

     Тартиби ба категорияи киштигард мансуб донистани роҳҳои оби вақоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ карда мешавад.

         Моддаи 87. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавои

     Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудои,инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавои аз ҷониби ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

                   БОБИ 14. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИЭҲТИЁҶОТИ ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРИ

         Моддаи 88. Маҳдуд намудани истифодаи оби обанборҳои хоҷагиҳоимоҳипарвари ба манфиати хоҷагиҳои моҳипарвари

     Дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарвари ё қитъаҳои алоҳида, ки бароинигоҳдори, такрористеҳсол ва шикори намудҳои нодири моҳиҳо аҳамиятимахсус доранд, ҳуқуқи истифодабарандагони об имкон дорад, ба манфиатихочагиии моҳипарвари маҳдуд карда шавад.

     Номгӯи чунин обанборҳо ё қитъаҳои онҳо ва намудҳои маҳдудиятиистифодаи об аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об муайян карда мешавад (Конуни ЧТ аз16.04.2012 № 821).

         Моддаи 89. Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳи

     Ҳангоми истифодаи объектҳои гидротехники ва дигар объектҳо даробанборҳои   хоҷагиҳои   моҳипарвари   барои   такрористеҳсоли   онҳоистифодабарандагони   об   бояд шароит муҳайё созанд ва тадбирҳоитаъминкунандаи ҳифзи захираҳои моҳиро амали гардонанд.

     Дар ҷойҳои   тухмгузори   ва   чуқуриҳои   зимистонгузарони   даробанборҳои хоҷагиҳои моҳипарвари гузаронидани корҳои заминкани вахокпартои,   дигар корҳои ба ҳолати захираҳои моҳи ва шароитҳоитакрористеҳсоли онҳо таъсири манфи расонанда, манъ аст. Гирифтани обаз обанборҳои моҳигири барои мақсадҳои саноати, объёри ва дигарэҳтиёҷот танҳо дар ҷойҳое, ки бо мақомоти ҳифзи моҳи мувофиқатшудааст, анҷом дода мешавад.

         Моддаи 90.   Ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки обанборҳои хоҷагиҳоимоҳипарвариро истифода мебаранд

     Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварибарои ба роҳ мондани моҳипарвари ба истифодаи онҳо дода шудаанд,вазифадоранд барои такрористеҳсоли захираҳои моҳи шароит фароҳамоварда,   корҳои   зарурии   мелиоративиро   анҷом   диҳанд,   инчунинзаминистифодабарандагон қитъаҳои соҳилро дар ҳолати мусоиди санитаринигоҳ доранд.

         Моддаи 91. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагиимоҳипарвари

     Тартиби истифодаи   объектҳои   об   барои   эҳтиёҷоти   хоҷагиимоҳипарвари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардамешавад.

    БОБИ 15. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОББАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ХОҶАГИИ ШИКОР

         Моддаи 92. Ҳуқуқҳои афзалиятноки ташкилотҳои хоҷагии шикор оид баистифодаи об

     Дар дарёҳо, кӯлу дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти паррандаҳоиёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти қиматноки мӯинадор мебошанд,мақомоти   ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзизахираҳои об метавонанд ба ташкилотҳои хоҷагии шикор бо дарназардоштиталаботи истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳаморанд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 93. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёчоти хоҷагиишикор

     Тартиби истифодаи объектҳои обро барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор(парвариши паррандаҳои оби, ҳайвоноти мӯинадор, парвариши растаниҳоиоби ва гузаронидани дигар чорабиниҳои зарури барои пешбурди хоҷагиишикор) мақомоти ҷумҳуриявии хоҷагии ҷангал таҳия намуда, бо мақомотиваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об,мақомоти назорати давлатии санитари ва дигар мақомоти манфиатдормувофиқат мекунад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор азтарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

    БОБИ 16. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОББАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ МАМНӮЪГОҲҲО

         Моддаи 94. Объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо

     Объектҳои обе, ки дорои арзиши махсуси илмию фарҳанги мебошанд,тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузори аз тарафи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон мамнӯъгоҳ эълон гардида, бо мақсади ҳифзи табиат вагузаронидани тадқиқоти илми ба мамнӯъгоҳҳо барои истифодаи бемӯҳлатуалоҳида дода мешаванд.

         Моддаи 95. Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намуданиобъектҳои об

     Объектҳои обе, ки дорои арзиши илмию фарҳанги мебошанду мамнӯъгоҳэълон гардидаанд, бо тартиби   муқарраркардаи   Ҳукумати   ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг дониста мешаванд. Қарордар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг донистани объектҳои об вамуқаррар намудани шартҳои махсуси истифодаи онҳо ба маълумоти аҳоли ваташкилотҳои манфиатдор расонида мешавад.

         Моддаи 96. Тартиби истифодаи объектҳои оби   мамнӯъгоҳҳо   ватадбирҳои ҳифзи онҳо

     Тартиби истифодаи оби мамнӯъгоҳҳо тибқи низомномаҳои мамнӯъгоҳҳомуайян карда мешавад. Дар мамнӯъгоҳҳо амале, ки ҳолати табиии объектиобро   вайрон   мекунад, манъ аст. Ба объектҳои обии мамнӯъгоҳҳошаҳрвандон танҳо бо иҷозати маъмурияти онҳо роҳ дода мешаванд.

Партофтани оби партов ба ҳавзҳои оби объектҳои бо об таъминкунандаимамнӯъгоҳҳо, инчунин корҳои гидромелиоративие, ки метавонанд ҳолатитабиии ин объектҳоро тағйир диҳанд, бо риояи қоидаҳои дар Кодексимазкур пешбинишуда ва бо мувофиқати мамъмурияти мамнӯъгоҳҳои дахлдоргузаронида мешаванд.

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба минтақаҳои муҳофизатииатрофи мамнӯъгоҳҳо объекти обро бо қатъ ё маҳдуд кардани намудҳоиистифодаи об дар ин объект, ки боиси вайрон шудани ҳолати аслиитабиати мамнӯъгоҳҳо мегарданд, дохил намояд.

         Моддаи 97. Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо

     Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо танҳо дарҳолати зарурати махсус дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистониҷозат дода мешавад.

    БОБИ 17. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОББАРОИ ПАРТОФТАНИ ОБҲОИ ПАРТОВ

         Моддаи 98. Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об бароипартофтани обҳои партов

     Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноати,коммуналию маиши, дренажи, боронҳои сел ва дигар обҳои партов танҳо боиҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзизахираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитари, ҳифзизахираҳои моҳи ва дигар мақомоти манфиатдор анҷом дода мешавад. Иҷозатдар асоси ҳуҷҷатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обробарои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад (Қонуни ЧТ аз 3марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 99. Манъ будани партофтани обҳои партов ба объектҳои обииба категорияҳои эҳтиёҷоти нӯшидани мансубт дониста шуда

     Партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои обинӯшидани мансуб донисташуда, манъ аст.    

     Моддаи 100. Шартҳои имконпазири партофтани   оби   партов   баобъектҳои об

     Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, киагар ин амал боиси дар таркиби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида,зиёд шудани маводи ифлоскунанда нагардад ва ва истифодабаранда обипартовро то ҳадде, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзимиистифода ва ҳифзи захираҳои об муқаррар намудааст, тоза кунад (КонуниЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур партофтани оби партовбояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ваҳифзи захираҳои об манъ ва ҳатто фаъолияти ташкилотҳои саноати, сехҳо,дастгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳои алоҳида қатъ гардонида шавад (КонуниЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хавфи таҳдид ба саломатии аҳолимақомоте, ки назорати давлатии санитариро амали мегардонанд, ҳуқуқдоранд партофтани оби партовро то қатъ гардонидани истифодаи объектиистеҳсоли ва дигар объектҳо манъ карда, дар ин хусус ба мақомотиваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои обхабар диҳанд. Тамоми тадбирҳое, ки тоза ва безараркунии оби партовикорхонаҳои аз нав сохташаванда ва таъмиршавандаи саноати, коммуналиюкишоварзиро дар объектҳои об таъмин менамоянд, бояд то ба истифодадодани иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо анҷом дода шаванд (Конуни ЧТаз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 101. Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об бароипартофтани оби партов

     Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани обипартов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

    БОБИ 18. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИЗИДДИ СӮХТОР, БАРТАРАФ НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДАВА ДИГАР ҲОЛАТҲОИ БА ОН МОНАНД

        Моддаи 102. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор

     Гирифтани об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор аз ҳама гуна объекти обиҷозат дода мешавад. Истифодабарандагони об вазифадоранд оби дарихтиёрашон бударо барои сӯхторхомӯшкуни ва дигар ҳолатҳои фавқулоддабепул ва бемамониат диҳанд.

         Моддаи 103. Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зиддисӯхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва дигар заруратидавлатию ҷамъияти

     Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор вабартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дигар зарурати давлатива ҷамъияти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардамешавад.

                         БОБИ 19. ИСТИФОДАИ ОБАНБОРҲО

         Моддаи 104. Низоми пуркуни ва обпартои аз обанборҳо

     Шахсони воқеи ва ҳуқукии истифодабарандагони хатҳои қубури об,объектҳои   обгузарони   ё   обгири вазифадоранд низоми пуркуни ваобпартоиро   аз   обанборҳо,   ки   бо   дарназардошти   манфиатҳоиобистифодабарандагони   дар   минтақаҳои   таҳти   таъсири   обанборҳоқарордошта муқаррар шудааст, риоя намоянд.

         Моддаи 105. Тартиби истифодабарии обанборҳо

     Тартиби истифодаи обанборҳо бо қоидаҳое, ки мақомоти ваколатдоридавлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об барои ҳар якобанбор, силсила ё системаи обанборҳо бо мувофиқати мақомоти назоратидавлатии санитари ва дигар мақомоти манфиатдор тасдиқ шудаанд, муайянкарда мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 106. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати заруриитехники ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд

     Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техники ваободонии обанборҳоро таъмин мекунанд, инчунин назорат аз болои риояиқоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оидба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об тибқи тартиби муқарраркардаиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд (Конуни ЧТ аз16.04.2012 № 821).

         Моддаи 107. Кӯлҳо ва дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд

     Муқаррароти моддаҳои 104-106 Кодекси мазкур   ҳамчунин   барои истифодаи кӯлу дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд, татбиқ мегардад.

               БОБИ 20. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ОБ

         Моддаи 108. Мақомоте, ки баҳсҳоро дар хусуси истифодаи об ҳал мекунанд

     Баҳсҳо вобаста ба истифодаи об аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, инчунин суд бо тартиби муқарранамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

   Моддаи 109.   Ҳалли   баҳсҳо   оиди   истифодаи   об   байни истифодабарандагони   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   ва   истифодабарандагони давлатҳои дигар

     Баҳсҳо оиди   истифодаи об байни истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳо ҳал карда мешаванд.

         Моддаи 110. Ҳалли баҳсҳо оиди ҳуқуқи истифодаи махсуси об

     Баҳсҳо оиди ҳуқуқи истифодаи махсуси об аз ҷониби мақомоте, ки иҷозати истифодаи объекти обро додааст, ҳал карда мешаванд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Моддаи 111. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои байни истифодабарандагони об

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳоро, ба истиснои баҳсҳои дар моддаи 110, 116 Кодекси мазкур пешбинишуда, доир ба истифодаи об байни обистифодабарандагони воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои (шаҳрҳои) гуногуни ҷумҳури, ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи ҷумҳури аз як тараф, тобеи вилояти ва шаҳри Душанбе аз тарафи дигар ва байни вилоятҳои, сарфи назар ва шакли моликият ва тобеияташон, ҳал мекунад.

         Моддаи 112. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи об

     Мақомоти ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баҳсҳоро вобаста ба истифодаи об байни шахсони ҳуқуқии дар ноҳияҳои (шаҳрҳои) гуногуни вилоят ва шаҳри Душанбе воқеъгардида, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мансуб дониста шудааст, ҳал менамоянд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 113. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо, шаҳрҳо дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи об

     Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо ва шаҳрҳо баҳсҳоро оид ба истифодаи об дар байни шахсони воқеи ва ҳуқуқи вобаста ба масъалаҳои истифодаи объектҳои оби воқеъ дар ҳудуди ноҳияи (шаҳри) мазкур, ба истиснои баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мансуб дониста шудаанд, ҳал менамоянд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 114. Салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи об (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баҳсҳои байни шаҳрвандонро оид ба масъалаҳои истифодаи   объектҳои   оби   дар   ҳудуди   онҳо воқеъгардида, ба истиснои баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор мансуб дониста шудааст, ҳал мекунанд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 115. Салоҳияти мақомоти танзимкунандаи истифода ва ҳифзи об, дар бобати ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об

     Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, баҳсҳоеро оид ба истифодаи об ҳал мекунад, ки мувофиқи қонунгузори ба салоҳияти он мансуб дониста шудааст (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 116.   Ҳалли   баҳсҳо доир ба истифодаи об дар байни истифодабарандагони   аввала   ва   баъдина,   инчунин   дар   байни истифодабарандагони баъдинаи об

     Баҳсҳо оид ба истифодаи об дар байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об, инчунин байни истифодабарандагони баъдинаи об аз ҷониби мақомоте, ки иҷозати истифодаи махсуси обро додааст, ҳал мегарданд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Моддаи 117. Тартиби баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об

     Баҳсҳо дар хусуси истифодаи об дар аризаи далелноки яке аз тарафҳо, ки ба он ҳуҷҷатҳои лозими, аз ҷумла маводи дар якҷояги аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, идораи системаи обтаъминкуни, истифодабарандагони об таҳияшуда замима мегардад, барраси карда мешаванд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Иҷрои қарорҳо дар мавриди баҳсҳои вобаста ба истифодаи об, агар дар қарор мақоми дигари иҷрокунанда зикр нагардида бошад, аз ҷониби мақомоти   ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, таъмин карда мешавад. Даъво аз болои қарор дар мавриди баҳси вобаста ба истифодаи об иҷрои онро мавқуф намегузорад. Мақоми дар хусуси баҳси вобаста ба истифодаи об қарор қабулкарда ҳуқуқ дорад, иҷрои қарорро то аз ҷониби мақоми болои барраси гардидани даъво мавқуф гузорад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 118. Ҳалли баҳсҳои амволи ва дигар баҳсҳо вобаста ба муносибатҳо оид ба об

     Баҳсҳои амволи ва дигар баҳсҳое, ки ба муносибатҳои оид ба об вобаста мебошанд, инчунин аз ҷониби судҳо ҳал карда мешаванд.

       ФАСЛИ III. ҲИФЗИ ОБ ВА ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОНҲО

                         БОБИ 21. ҲИФЗИ ОБ

     Моддаи 119. Вазифаи ҳифзи об

     Тамоми об (объектҳои об) аз ифлосу олудашави ва камшави, ки метавонанд ба саломатии аҳоли зарар расонда, дар натиҷаи тағйир ёфтани хусусиятҳои физики, кимёви ва   биологи   паст   шудани   қобилияти худтозашавии   табии   боиси вайрон гардидани низоми гидрологи ва гидрогеологи, кам шудани захираҳои моҳи, бад шудани обтаъминкуни ва дигар зуҳуроти номатлуб гарданд, бояд ҳифз карда шаванд.

         Моддаи 120.   Гузаронидани   тадбирҳое,   ки ҳифзи об, инчунин беҳтаршавии ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

     Шахсони воқеи ва ҳуқуқии фаъолияташон ба вазъи об таъсиррасонанда вазифадоранд мустақилона ё бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти назорати давлатии санитари ва дигар мақомоти давлатии манфиатдор ё тибқи дастури мақомоти давлатии ба   ин   ваколатдор   тадбирҳои   технологи,   мелиоративии   ҷангал,

агротехники, гидротехники, санитари ва дигар тадбирҳоеро андешанд, ки ҳифзи обро аз ифлосу олудашави ва камшави таъмин намуда, ба беҳтар шудани ҳолат ва низоми об мусоидат менамоянд (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 121. Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

     Тадбирҳое, ки ҳифзи обро аз ифлосу олудашави ва камшави, инчунин беҳтар гардидани ҳолату низоми обро таъмин мекунанад, инҳо мебошанд:

     - технологи - тадбирҳое, ки ба сохтмони системаи гардиши оби таъминоти саноати об, объектҳои тоза ва безараргардонии оби партов, ташкили равандҳои технологии объекти истеҳсолоти саноати ва кишоварзи равона шудаанду кори устувори объектҳои тоза ва безараркунандаи оби партов, ташкили равандҳои технологи, ки пайдошавии обҳои ифлосшудаи партовро истисно мекунанд, таъмин менамоянд;

     - мелиоративии   ҷангал ва агротехники-тадбирҳое мебошанд, ки мустаҳкам кардани соҳилҳои объектҳои об, муҳофизати онҳоро аз вайрон ва ботлоқшави, инчунин мӯътадил ва беҳтар гардидани низоми табии ҷоришавии объектҳои обро таъмин мекунанд;

     - гидротехники-тадбирҳое, ки барои таъсиси система ва объекти гидротехникии таъминкунандаи шароити   мусоиди   истифодаи   об   ва мустаҳкамии соҳилҳо, инчунин дар мавридҳои зарури тозакунии маҷрои дарёҳо, каналҳо, қаъри ҷӯйборҳо, кӯлу обанборҳоро аз обовардҳою таҳшинҳои зараровар равона карда шудаанд;

     - санитарию техники-тадбирҳое, ки безарар ва бесирояткунии оби партови ба объектҳои об партофташаванда, инчунин ҳифзи санитари ва ободонии ҳудуди наздисоҳилии таҳти фаъолияти хоҷаги қароргирифтаро таъмин менамоянд;

     - дигар тадбирҳои имконпазир, ки ҳифзи обро таъмин намуда, ба беҳтар шудани ҳолату низоми он мусоидат мекунанд.

           Моддаи 122. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об

     Тадбирҳои ҳифзи об дар дурнамои рушду иқтисоди ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаи дарёҳо ва умуман ҷумҳури, инчунин барномаҳои дарозмӯҳлати давлатию минтақави ва нақшаҳои рушду ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва соҳаҳои хоҷагии халқ пешбини карда мешаванд.

     Банақшагирии минтақавии ҳифзи об аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар асоси нақшаҳои ҳавзавии зикргардида сурат мегирад (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 174).

     Банақшагирии соҳавиии ҳифзи обро вазорату идораҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси нишондиҳандаҳои банақшагирии минтақави анҷом медиҳанд.

     Маблағгузории тадбирҳои ҳифзи об аз ҳисоби давлат буда, ҳангоми ташаккули буҷети ҳарсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба инобат гирифта шавад, инчунин ин тадбирҳо аз ҳисоби маблағҳои истифодабарандагони об низ ба амал бароварда мешаванд.

         Моддаи 123. Манъи партофтани партовҳо ба объектҳои об

     Ба объектҳои об партофтани партовҳои истеҳсоли, маоши ва дигар намудаҳои партовҳо ва пасмондаҳо, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 98-101 Кодекси мазкур пешбинигардида, манъ аст.

         Моддаи 124. Ҳифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва барфтӯдаҳо

     Ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи роҳ додан ба ифлосу олудашавии сатҳи ҳавзҳо,   маҷрои   дарёҳо, яхи болои обанборҳо, болои пиряхҳо ва барфтӯдаҳо бо партовҳои истеҳсоли ва дигар пасмондаву партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафт ва кимёви, ки шустани онҳо боиси бад шудани сифати оби руизамини ва зеризамини мегардад, манъ аст.

     Ҳамаи шахсони ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеи, соҳибони воситаҳои нақлиёти оби, хатҳои қубурҳо, воситаҳои шинокунанда ва дигар объектҳо дар манбаъҳои об, инчунин истифодабарандагрни замин вазифадоранд ифлосу олудашавии обро аз рехтани равғанҳо, нафт, нуриҳо, заҳрҳо, моддаҳои заҳрдор ва дигар маҳсулоти кимиёви, ё фаъолияти дигар пешгири намоянд. Онҳое, ки ба ифлос шудани оби руизаминию зеризамини бо нуриҳо ва дигар заҳрҳои кимиёви ва маҳсулоти зараровар роҳ додаанд ва зарари назаррас ворид карда бошанд, тибқи тартиби муқараракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

         Моддаи 125. Ҳавзҳо, китъаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарии об

     Бо мақсади ҳифзи об барои таъминоти нӯшиданию маиши, муолиҷави курорти   ва   эҳтиёҷоти солимгардонии аҳоли истифодашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзҳо, қитъаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитари муқарар карда мешаванд.

     Кашида гирифтани минтақаҳои санитари барои ҳама гуна эҳтиёҷот манъ аст.

         Моддаи 126. Тадбирҳои ҳифзи об аз камшави

     Бо мақсади   нигоҳ   доштани низоми мусоиди оби дарёҳо, кӯлу обанборҳо, оби зеризамини ва дигар объектҳои об, пешгири намудани вайроншавии заминҳо аз об, лойқашавии махзанҳои об, бад шудани шароити муҳити зисти ҳайвоноти оби, ҷиҳати кам кардани ноустувории резиши об ва ғайра минтақаҳои ҳифзшавандаи оби ҷангалҳо муқаррар карда мешаванд, ки дар он ҷойҳо шахсони воқеи ва ҳуқуқии манфиатдор, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зидди бодлеси, мелиоративии ҷангал, гидротехники ва дигар тадбирҳоро андешанд.

         Моддаи 127.   Зарурати   ба   назар   гирифтани   манфиатҳои истифодабарандагони об ҳангоми ҷойгиркуни ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд

     Ҳангоми мувофиқаткунонии   масъалаҳои   ҷойгиркунонии   сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолати об таъсиррасонанда, инчунин ҳангоми додани иҷозат барои истифодаи махсуси об мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об вазифадоранд нақшаҳои истифодаи маҷмӯъи ва ҳифзи об, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии обро, ки манфиатҳои истифодабарандагони об ва талаботи ҳифзи муҳити зистро ба назар мегиранд, дастури амал қарор диҳанд (Қонуни ЧТ аз 3.03.2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 128. Тадбирҳои ҳифзи оби зеризамини аз камшави

     Агар ҳангоми гузаронидани корҳои пармакуни ва кӯҳкании вобаста ва ҷустуҷӯ, кашф ва истифодаи конҳои газ, нафт ва дигар канданиҳои фоиданок қабатҳои зеризаминии дорои об ошкор гарданд, шахсонии воқеи ва ҳуқуқи вазифадоранд фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об хабар дода, тибқи   тартиби муқарраргардида доир ба ҳифзи оби зеризамини аз ифлосшави ва камшави тадбирҳо андешанд, чоҳҳоеро, ки обашон худ аз худ мебароянд, бо дастгоҳҳои танзимкунанда ва воситаҳои назорат муҷаҳҳаз намоянд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

               БОБИ 22. ПЕШГИРИ ВА РАФЪИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОБ

         Моддаи 129. Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об доир ба пешгири ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои исфлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садамаҳо ва офатҳои табии

     Шахсони ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликияту тобеият, инчунин шахсони воқеи, ки аз объектҳои об ва иншооти хоҷагии об истифода мекунанд, вазифадоранд бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар идораҳои манфиатдор доир ба пешгири ва рафъи таъсири зараровари об, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои садама ва офатҳои табии, обхези, зериобмони ва ботлоқшави, баландшавии сатҳи обҳои   зеризамини, шӯршави, вайрон гардидани соҳилҳо, сарбандҳои ҳимояви ва дигар объектҳо, ба миён омадани ҷариҳо, ярчҳо, селҳо ва дигар ҳодисаҳои зиёновар тадбирҳо анҷом диҳанд (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 130. Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгири ва рафъи оқибатҳои офатҳои табии, ки бо сабаби таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва офатҳои табии ба вуҷуд омадаанд

     Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгири ва рафъи оқибатҳои офатҳои табии, ки бо сабаби таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об вобаста ба садама ва офатҳои табии ба вуҷуд омадаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналхалқи танзим карда мешаванд.

     Ҷиҳати роҳбарии фаврии корҳо доир ба пешгири ва рафъи оқибатҳои офатҳои табии, ки бо сабаби таъсири зараровари об ба вуҷуд омадаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати комиссияҳое ташкил мекунанд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони ташкилотҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ҳангоми зарурат намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад ворид мешаванд (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 131. Банақшагирии тадбирҳои пешгири ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва офатҳои табии

     Тадбирҳо доир ба пешгири ва рафъи таъсири зарароварии   об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об дар натиҷаи садама ва офатҳои табии дар дурнамои давлатии рушди хоҷагии халқ пешбини карда мешаванд.

     Дар объектҳои об, аз ҷумла худуди ҳавзаҳо ё қисмҳои онҳо, ки дар он ҷо бар асари фаъолияти хоҷаги, дигар фаъолият ё садама ва фалокат тағйироти устувори номусоиди ҳолати оби ба амнияту саломатии аҳоли, таназзули олами набототу ҳайвонот таҳдидкунанда ба миён омадааст, минтақаҳои фавқулоддии хатари экологи ё офати экологи эълон гардида, дар ҳолатҳои зарури давлатҳои ҳамсарҳад аз ин хусус хабардор карда мешаванд. Низоми ҳуқуқии минтақаи фавқулоддаи хатари экологи ё офати экологи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷори ва бекор карда мешавад.

         Моддаи 132. Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аҳамияти стратегии давлати доранд

     Бо мақсади таъмини бехатарии минтақа, иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аҳамияти стратегии давлати доранд, барои пешгирии ҳодисаҳои диверсиони ва оқибатҳои фалокатовар аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд.

     Моддаи 132(1). Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ (Конун аз 3.12.2009 № 572)

     1. Мубориза бо обхезӣ аз рӯи усули банақшагирии ягона анҷом дода мешавад ва ба маҷмӯи тадбирҳо оид ба мониторинг (мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯӣ), огоҳонидан аз обхезӣ ва бартараф намудани оқибати онҳо асос меёбад.

     2. Сохтмони иншооти таъиноти мубориза бо обхезӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, инчунин маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иншооти мазкур барои ҳимояи онҳо бунёд мегардад, маблағгузорӣ карда мешавад.

     3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд иҷрои ҳамаи чораҳои мубориза бо обхезиро таъмин намоянд. Назорати обхезӣ ва мониторинги ҷории онро дар марказҳои маъмурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ менамояд.

     4. Корхонаҳои роҳи оҳан, алоқа, энергетика ва саноати истихроҷи маъдан дар минтақаҳои таҳдиди хавфи обхезӣ бояд аз ҳисоби маблағи худ фондҳои мубориза бо обхезӣ таъсис   дода,   корҳои   иҷрогардидаро маблағгузорӣ намоянд (Конун аз 3.12.2009 № 572).

     Моддаи 132(2). Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ (Конун аз 3.12.2009 № 572)

     1. Мубориза бо обхезӣ бояд бо назардошти хавфи сар задани он, хусусиятҳои ҳар як объекти об ва ҳавзаҳои дарёҳо дар асоси барномаи ягона анҷом дода, дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад.

     2. Номгӯи объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳоро, ки нисбати онҳо Барномаи давлатии мубориза бо обхезӣ таҳия ва амалӣ мешавад, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

     3. Барномаҳои маҳаллии мубориза бо обхезӣ дар объектҳои дигари об ва ҳавзаҳои дарёҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамоянд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     4. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ, ки бо мақсади пешгирӣ, ҳимоя ва кам намудани зарари обхезӣ пешбинӣ шудаанд, бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гиранд:

     - ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти мониторинги ҳолати объектҳои дахлдори об, ба ҳисоб гирифтани иншооти мавҷудаи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, арзёбии техникию иқтисодии ҷузъҳои мавҷуда ва зарурии иншооти мазкур бо мақсади мубориза бо обхезӣ:

     - ҷорӣ намудани равандҳои мутавозии истифодаи захираҳои об бо роҳи ҳамаҷониба ва асоснок кор фармудани оби партов, заҳбуру заҳкашҳо ва обҳои дигар дар хоҷагӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ;

     - амалӣ намудани лоиҳаҳои кӯчонидани аҳолии минтақаҳое, ки ба онҳо   хавфи зиёди обхезӣ таҳдид менамояд, барқарорсозии саддҳои муҳофизи соҳил ва иншооти дигари гидротехникӣ, мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва каналҳо.

     5. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза   бо   обхезӣ   бо назардошти   маблағҳои мавҷуда, ҷалби маблағ ва захираҳои моддию техникии имконпазир таҳия мешаванд.

     6. Барномаҳои мубориза бо обхезӣ дар маҷмӯъ таҳия шуда, онҳо дар баробари мубориза бо обхезӣ инчунин чораҳои мубориза бо биёбоншавиро низ пешбинӣ менамоянд (Конун аз 3.12.2009 № 572).

     Моддаи 132(3). Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои хавфи зиёд (Конун аз 3.12.2009 № 572)

     1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об якҷоя бо мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дорои хавфи зиёди пайдоиши ярч, лағжиш ва обхезӣ мониторинги ин гуна ҳодисаҳоро таъмин намуда, чораҳои огоҳонӣ ва назоратӣ меандешад.

     2. Ҳангоми таҳия ва татбиқи чораҳои огоҳонӣ аз обхезӣ ба ҳимояи иншооти обтақсимкунандаи минтақаҳои аҳолинишин, анборҳои нигоҳдории партовҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, дигар моддаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, инчунин дигар иншооти калони иқтисодӣ, ки дар минтақаҳои дорои хавфи зиёди обхезӣ ҷойгир мебошанд, диққати махсус дода шавад.

     3. Минтақаҳое, ки дар онҳо объектҳои нисбатан зарури вилояти мазкур (шаҳр, ноҳия) ҷойгиранд, бояд бо системаи муҳандисии муҳофизат аз обхезӣ ва дигар таъсирҳои зараровари об таъмин карда шаванд (Конун аз 3.12.2009 № 572).

     Моддаи 132(4). Ҷалби муваққатии захираҳои моддию техникӣ (Конун аз 3.12.2009 № 572)

     1. Дар давраи ҳолати фавқулоддаи обхезӣ, Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ метавонад ба мақомоти дахлдор барои муваққатан ҷалб кардани захираҳои зарурии ашёи хом, сӯзишворӣ, мавод, нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ҳуқуқ диҳад.

     2. Маводу таҷҳизот ва нақлиёти муваққатан сафарбаршуда баъд аз анҷоми корҳои давраи   ҳолати   фавқулодда   бояд   ба  соҳибонашон баргардонида шаванд. Дар мавриди истифода шудан, осеб дидан ё аз кор баромадан арзиши пурраи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад (Конун аз 3.12.2009 № 572).

     Моддаи 132(5).   Бартараф   намудани оқибати обхезӣ (Конун аз 3.12.2009 № 572)

     Дар мавриди обхези мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бояд дар минтақаи офат корҳои ёрирасонии тиббӣ ва санитарию эпидемиологиро ба роҳ монанд, тартиботи ҳуқуқиро таъмин намоянд ва инчунин ба таъмир ва барқарорсозии биною иншооти таъмини зисти аҳолӣ, ки дар натиҷаи обхезӣ зарар дидаанд, ёрӣ расонанд (Конун аз 3.12.2009 № 572).

     Моддаи 132(6). Мониторинги кӯли Сарез (Конун аз 3.12.2009 № 572)

     Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои фалокати рахнаи оби кӯли Сарез Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси мубориза бо обхезӣ аз ҷумла чорабиниҳои зерин таҳия менамоянд:

     - пешгӯӣ ва пешгирии хавфи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба рахнаи оби кӯли Сарез;

     - ташкил ва таъмини мониторинги эҳтимолияти оқибати деформатсия (тағйири шакл), заминҷунбӣ, обуҳавосанҷӣ дар натиҷаи рахнаи оби кӯли Сарез;

     - таҳия ва татбиқи системаҳои боэътимоди муоинаи маҳаллӣ ва огоҳонии фаврӣ;

     - ба нақша гирифтани амалиёти якҷоя бо мамлакатҳои манфиатдор дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда, мубодилаи иттилоот бо онҳо оид ба арзёбии хавфе, ки бар асари рахнаи оби кӯли Сарез ба муҳити зист ва аҳолӣ таҳдид менамояд;

     - банақшагирии якҷоя, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи адабиёти илмию техникӣ ва натиҷаи таҳқиқоти илмӣ (Конун аз 3.12.2009 № 572).

ФАСЛИ IV. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ, БАҲИСОБГИРИ ВА БАНАҚШАГИРИИ СТИФОДАИ ОБ

БОБИ 23. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ, БАҲИСОБГИРИ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ

     Моддаи 133. Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об (Конун аз 20.03.2008 № 381)

     Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд:

     - баҳисобгирии миқдории истифодаи об;

     - назорати ҳолат ва тағйирёбии сифати об;

     - санҷиш ва назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

   - муайян намудани мувофиқати нишондиҳандаҳои миқдор ва сифати обҳо ба талаботи меъёрӣ; мониторинг (Конун аз 20.03.2008 № 381).

     Моддаи 134. Ба нақшагирии истифодаи об

     Банақшагирии истифодаи об бояд тақсимоти илман асосноки обро байни истифодабарандагони об бо дарназардошти дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нӯшиданию маишии аҳоли, ҳифзи об ва пешгириии таъсири зараровари он таъмин намояд.

     Ҳангоми банакшагирии истифодаи об маълумоти кадастри давлатии об, тавозунҳои хоҷагии об, нақшаҳои истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи об, инчунин меъёри гирифтани об аз манбаъҳои фонди давлатии об ба инобат гирифта мешаванд.

         Моддаи 135. Кадастри давлатии об

     Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маълумоти расмии ба низом даровардашуда оид ба ҳолат, истифода ва ҳифзи объектҳои об мебошад. Татбиқи кадастри давлатии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ба амал бароварда мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

         Моддаи 136. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об

     Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об маҷмӯи маълумоти ба низом даровардашудаи паспортикунонии объектҳои хоҷагии об мебошад. Татбиқи Феҳристи давлати аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об анҷом дода мешавад. ҳар як объекти хоҷагии оби ба Феҳристи давлати дохилшуда бояд дорои тавсифномаи маҷмӯие бошад, ки таъиноти мақсадноки хоҷаги, ҳуқуки, физикию ҷуғрофи, гидрологи, техникию иқтисоди ва дигар нишондиҳандаҳоро дар бар гирад.

Ворид намудан ба рӯйхати Феҳристи давлати дар як вақт бо додани иҷозат барои истифодаи махсуси об амали карда мешавад (Қонуни ЧТ аз 3 марти соли 2006 № 174, аз 16.04.2012 № 821).

     Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагагии об аз инҳо иборат аст (Конун аз 20.03.2008 № 381):

     - Феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагии об;

     - Феҳристи давлатии объектҳои дорои аҳамияти муҳими стратегӣ.

     Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз   тарафи   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Конун аз 20.03.2008 № 381).

     Тартиб ва меъёри пардохтро аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва воқеи барои ба қайд гирифтани объеки хоҷагии об дар Феҳристи давлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

         Моддаи 137. Маҳзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо

     Бо мақсади банақшагирии дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи захираҳои об, таъмини иттилооти мақомоти идораи истифодаи захираҳои об, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, дигар мақомоти манфиатдори давлати махзани маълумот ва системаи иттилооти аз ҷониби соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани захираҳои обро таъсис медиҳад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Барои ташаккули махзани маълумот ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ва истифодабарандагони об ба таври ройгон ва бе маҳдудият иттилооти техникию иқтисодии истифодаи об, ҳолати экологии муҳити зистро, ки ба истифодаи об вобастаанд ва дигар иттилооти ба беҳтар шудани идораи истифода ва ҳифзи захираҳои об мусоидаткунандаро пешниҳод менамоянд.

         Моддаи 138 . Тавозунҳои хоҷагии об

     Тавозунҳои хоҷагии об, ки аз нигоҳи омори мавҷудият ва дараҷаи истифодаи обро арзёби менамоянд, вобаста ба ҳавзаи дарёҳо каналҳои калон, ноҳия ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд.

         Моддаи 139. Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯи об

     Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯи об, тадбирҳои асосии хоҷагии об ва дигар тадбирҳоро, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи дурнамои аҳоли ва иқтисодиёти давлат ба об, инчунин барои ҳифзи об ва пешгирии таъсири   зараровари онҳо бояд ба анҷом расонида шаванд, муайян мекунанд.

        Моддаи 140. Тартиби назорати давлати баҳисобгирии об ва истифодаи онҳо, татбиқи кадастри давлатии об, тартиб додани тавозунҳои хоҷагии об, таҳияи накшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯии об

     Баҳисобгирии давлатии об ва истифодаи он, ҷори намудани кадастри давлатии об, мушоҳида (мониторинг), тартиб додани тавозунҳои хоҷагии об, таҳияи нақшаҳои истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об аз ҳисоби давлат ва мувофиқи тартиби ягона барои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Тартиби назорати давлати ва баҳисобгирии об ва истифодаи он, ҷори намудани кадастри давлатии об, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи обро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

БОБИ 23(1). ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ИСТИФОДАБАРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

                   (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     Моддаи 140(1). Идоракунии ҳавзавии захираҳои об (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     1. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об бо назардошти манфиати ҳамаи истифодабарандагони об дар ҳудудҳои алоҳидаи гидрографӣ дар асоси принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об ба роҳ монда мешавад.

     2. Барои ташкили идоракунии ҳавзавии захираҳои об Шӯрои миллии об ва дар ҳавзаҳои алоҳида шӯроҳои ҳавзавии об таъсис дода мешаванд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 140(2). Шӯрои миллии об ва салоҳияти он (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     1. Шӯрои миллии об аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он дорои чунин салоҳият мебошад:

     - ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

     - таҳияи пешниҳодҳо оид ба муқаррар намудани ҳудуди гидрографии ҳавзаҳои асосии об;

     - баррасии лоиҳаи Стратегияи миллии об ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - тасдиқи нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

     - баррасии ҳисоботи солонаи вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

     - иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст.

    2. Шӯрои миллии об аз роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатие иборат аст, ки масъулияти идоракунии захираҳои об, аз ҷумла ҷанбаҳои молиявӣ ва амнияти давлатиро ба зимма доранд. Ба ҳайати Шӯрои миллии об намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мутахассисон ва коршиносони алоҳидаи соҳаи захираҳои об ва иқтисодиёт метавонанд дохил карда шаванд. Ҳайати Шӯрои миллии об ва раиси он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

     3. Фаъолияти Шӯрои миллии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад

(Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 140(3). Шӯрои ҳавзавии об ва ваколатҳои он (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     1. Шӯрои ҳавзавии об дар назди ташкилоти ҳавзавии захираҳои об барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ба об алоқаманд таъсис дода мешавад.

     2. Ба ҳайати Шӯрои ҳавзавии об намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ки фаъолияташон ба банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза алоқаманд аст, дохил мешаванд. Роҳбари ташкилоти ҳавзавии захираҳои об ҳамзамон раиси Шӯрои ҳавзавии об мебошад.

     3. Шӯрои ҳавзавии об дорои чунин вазифаҳо мебошад:

     - баррасӣ ва тасдиқи нақшаи солонаи ҳавзавии истифодабарии об;

     - ҳамоҳангсозии фаъолияти   корхонаҳо,   муассисаҳо   ва   дигар ташкилотҳо доир ба масъалаҳои банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар ҳавза;

     - баррасии   ташаккули ҳаҷми маблағгузории солонаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо - истифодабарандагони об доир ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза, тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар хизматрасонӣ;

     - иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур муайян кардааст.

     4. Фаъолияти Шӯрои ҳавзавии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзим истифода ва ҳифзи захираҳои об тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 140(4). Стратегияи миллии об (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     1. Стратегияи миллии об ба принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об асос ёфта, самтҳои асосии банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обро бо назардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамояд.

     2. Стратегияи миллии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо ҷалби мақомоти дигари манфиатдор таҳия ва дар Шӯрои миллии об баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

     3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои   об   қоидаҳои асосии Стратегияи миллии обро тавассути воситаҳои ахбори омма ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонанд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

     Моддаи 140(5). Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821)

     1. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об барои ҳавзаҳои алоҳида аз ҷониби ташкилоти ҳавзавии захираҳои об бо назардошти идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об таҳия карда мешаванд.

     2. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар Шӯрои ҳавзавии об тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва барои тасдиқ ба Шӯрои миллии об пешниҳод карда мешаванд.

     3. Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар асоси Стратегияи миллии об таҳия гардида, нақшаҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати истифода ва ҳифзи захираҳои обро дар ҳудуди ҳавзаи муайян дар бар мегирад (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 821).

ФАСЛИ V. ҶАВОБГИРИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

БОБИ 24. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

     Моддаи 141. Беътибор будани аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии обро вайрон мекунанд

     Гузашт кардан аз ҳуқуқи истифодаи об ва аҳдҳои дигаре, ки ба таври рӯирост ё пинҳони ҳуқуқи моликияти давлатии обро   вайрон мекунанд, беэътибор дониста мешаванд.

         Моддаи 142. Ҷавобгари барои вайрон кардани конунгузории об

     Шахсоне, ки дар содир намудани кирдорҳои дар моддаи 124 Кодекси мазкур пешбини гардида гунаҳкоранд, инчунин барои амалҳои зайл тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд:

     - худсарона истифода бурдани об, гирифтани об бо вайрон кардани шартномаҳо;

     - ифлосу олуда намудани об;

     - ба истифода додани корхонаҳо, иншооти коммунали ва дигар объектҳо бидуни иншоотҳои пешгирикунандаи ифлосу олудашавии об ё таъсири зараровари он;

     - вайрон кардани низоми ҳифзи об дар ҳавзаҳои обҷамъшаванда, ки боиси ифлосшавии он, аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар омилҳои зараровар мегарданд;

     - вайрон кардан баҳисобгири ва ҳисоботи истифодаи об;

     - худсарона анҷом додани корҳои гидротехники;

     - хароб кардани объектҳои хоҷагии об ва дастгоҳҳо;

     - вайрон кардани талаботи меъёрию техники санитарию гигиени ва метрологи оид ба тартиби амали гирдонидани назорат ва баҳисобгирии истифодаи об;

     - даст кашидан аз пешниҳоди иттилооти дурусту саривақти ё додани ахбори ғалат дар бораи ҳолат ва истифодаи захираи об;

     - кори ғайриқанотбахши иншооти тозакуанда   аз   меъёри   зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;

     - вайрон кардани низоми хоҷаги дар объектҳои об ва иншооти хоҷагии об ки боиси ифлос шудани онҳо аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар омилҳои зараровар мегарданд;

     - партофтани   обҳои   партови   ифлоскунанда   ба   сатҳи обҳои зеризамини.

     Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои дигар намудҳои вайрон кардани қонунгузории об ҷавобгари муқаррар намояд.

         Моддаи 143. Баргардонида додани обьктхои обе, ки худсарона ғасб шудаанд

     Объекти оби худсарона ғасбшуда, тибқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, бе пардохти хароҷоти давраи истифодаи ғайриқонунии онҳо, ба соҳибонашон баргардонида мешавад.

         Моддаи 144.   Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст

     Шахсони воқеи ва хуқуқи вазифадоранд зарареро, ки аз ҷониби онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст, тибқи андозаҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

         Моддаи 145.   Принсипҳои   ҳамкории   байналхалқи   дар   соҳаи муносибатҳои вобаста ба об

     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти худ, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об, ҳамкории муфид ва дӯстона бо давлатҳои хориҷи, бехатарии умумии экологи, инкишофи ҳамкориҳои байналхалқи дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба обро ба асос мегирад.

     Муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об бо дигар давлатҳо бо Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим мегардад.

         Моддаи 146. Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо

     Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи ҳуқуқи байналхалқии об ва созишномаҳои байнидавлати муқаррар карда мешаванд.

 

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ