Тартиби баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок

Низомномаи Тартиби аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 16 июли соли 1997 № 320

тасдиқ шудааст

Низомномаи Тартиби аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок

I. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкури тартиби баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва Низомномаи Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

2. Низомнома барои баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҳисоби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои, истихроҷи канданиҳои фоиданок минбаъд - корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир, вусъат бахшидан, истифода бурдан, хобондан ва барҳам додани онҳо тартиботи ягонаро муқаррар мекунад.

3. Низомнома барои ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаҳову, муассисаҳо, ташкилотҳо, контсернҳо, ширкатҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳомӣ, фирмаҳо, корхонаҳои муштарак, корхонаҳои хурди ҳамаи шаклҳои моликият ва маблағгузорӣ, ки иҷрокунандаи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир, вусъат бахшидан, истифода бурдан, хобондан ва барҳам додани корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, асноди зарурӣ ва ҳатмист.

Аз ҳисоби баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок ҳангоми риоя накардани талаботи нозомномаи мазкур манъ карда мешавад.

Ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ки аз ҷониби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои ба ҳисоб гирифта мешавад, захираҳои аз тарафи Комиссияи захираҳои давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( КЗД)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда ва ҳамчунин захираҳое, ки дар натиҷаи минбаъд гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ ва истифодабарӣ ҳангоми истихроҷи конҳои амалан афзоида, аз тарафи комиссияҳои захираҳои канданиҳои фоиданоки вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ шудаанд, медароянд.

4. Захираҳои дар қайди корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок будаи балансӣ ва ғайрибалансии минбаъдаи асосӣ ва ҳамроҳи онҳо ҷойгирифтаи (сахт, моъе, газмонанд) канданиҳои фоиданок (дар корхонаҳои истихроҷи нафту газ - аз ҷумла захираҳои истихроҷшаванда нафт, газ, гази дар нафт маҳлулшуда, конденсат) ва унсурони дар таркибашон ҷойгирифта, ки ҳангоми истеҳсолӣ доранд, инчунин иод, бром ва дигар унсурони арзишноки таркиби обҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла обҳои нафтдор метавонад аз ҳисоб бароварда шаванд:

а) истихроҷшуда (аз қишри замин гирифта шуда);

б) ҳангоми истихроҷ талафёфта, аз он ҷумла дар қишри замин дар ҳолати ҷудоӣ ва якҷоягӣ монда, аз қишри замин гирифта ба хоктӯдаҳои ҷинсҳо ҳамроҳ шуда, инчунин ҳангоми боркашонӣ, боркунӣ, борфарорӣ ва дар ҷойҳои нигоҳубин талаф ёфта;

в) аҳамияти истеҳсолии худро гумкарда, аз он ҷумла:

ба кондитсияҳои меъёрҳои сифатии канданиҳои фоиданок нав муқарраршуда номувофиқ буда (барои конҳои нафт, газ, газу конденсат, газ ва қир - ба коэффитсенти аз қишри замин истихроҷкунии нав муқарраршуда мувофиқ буда);

дар натиҷаи пайдо шудани мушкилоти гидрогеологӣ, инженерӣгелогӣ ва дигар шароитҳои табиӣ, инчунин сабабҳои техникӣ-иқтисодӣ барои истихроҷ номатлуб гардида;

г) ҳангоми гузаронидани корҳои минбаъдаи геологӣ-инкишофӣ ва истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок, дар натиҷаи ба даст овардани далелҳои нав тасдиқ нашудани миқдору сифат ва шароити ҷойгиршавии захираҳои канданиҳои фоиданок;

д) бо тартиби муқаррагардида барои истифода ба дигар корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок додашуда.

5. Захираҳои канданиҳои фоиданоки бо сабабҳои дар зербандҳои "а", "б", "д" -и банди 4 зикргашта аз ҳисоби корхона пура бароварда мешаванд, ба ғайр аз захираҳои канданҳои фоиданоки истихроҷшуда ва дар хоктӯдаҳои ҷудогона ҷамъ кардае, ки бояд ба ҳисби махсус гирифта бошанд.

6. Захираҳои балансӣ бо сабабҳои дар зербандҳои "в", "г"-и банди 4 зикргашти ҳам бо роҳи пурра аз ҳисоб баровардан ва ҳам бо роҳ гузаронидани он ба қатори захираҳои ғайрибалансӣ - агар онҳо дар оянда имкон ба қатори захираҳои балансӣ гузаронидан дошта бошанд, аз ҳисоб бароварда мешаванд.

7. Аз ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданоки балансӣ ва ғайрибалансӣ ё ки гузаронидани захираҳо аз қатори балансӣ ба қатори ғайрибалансӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва вусъат бахшидани корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок маълуман манъ аст.

Аз ҳисоб баровардан ё ки гузаронидани захираҳо аз қатори балансӣ ба қатори ғайрибалансӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва вусъат бахшидани корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ба сабаби аз нав дида баробадани технологияи истихороҷ ё коркарди ашёи минералӣ, таъғири талаботи стандартҳои давлатию соҳавӣ ва шартҳои техникӣ ба сифати ашёи хом нисбат ба талаботи ҳангоми тасдиқи захираҳо қабул шуда, агар ин боиси зарурият аз нав дида баромадани сифати кандании фоиданок нагардад, ба тариқи истисно, бо қарори КЗД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбати ташкилоте, ки иктишофи конро гузаронидаст, корҳое, ки барои он корҳои лоиҳакаширо анҷом медиҳад, инчунин мутобиқкунӣ бо Кумитаи назорати давалатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

8. Барҳамдиҳии корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки дар ҳисобашон захираҳои балансии канданиҳои фоиданок доранд, баъди аз ҳисоб баровардани захираҳои мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Нозомномаи мазкур имконпазир аст.

II. ТАРТИБИ АЗ ҲИСОБ БАРОВАРДАНИ ЗАХИРАҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК ҲАНГОМИ ИСТИХРОҶИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК

1. Аз ҳисоби баровардани захираҳои истихроҷшудаи (аз қишри замин гирифта шудаи) балансӣ (аз он ҷумла захираҳои истихроҷшавандаи нафт, газ, гази дар нафт маҳлулшуда ва конденсат) ва захираҳои ғайрибалансии канданиҳои фоиданок аз тарафи корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок ҳар сол камаш як маротиба дар асои маълумотҳои ҳуҷҷатҳои ҳисоботии геологӣ ва маркшейдерӣ гузаронида мешавад.

Захираҳои канданиҳои фоиданок, ки дар натиҷаи корҳои минбаъдаи геологӣ-иктишофӣ ва истихроҷи кон ба даст дароварда шудаанд, баъди қонунӣ кардани афзоиши захираҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоб бароварда мешаванд.

2. Аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ (аз он ҷумла захираҳои истихроҷшавандаи нафт, газ, гази дар нафт маҳлулшуда ва конденсат) ва захираҳои ғайрибалансии канданиҳои фоиданок, ки дар рафти истихроҷ нобуд шудаанд, ҳар сол камаш як маротиба аз ҳар як қисми алоҳида (блок, кон, зина) мувофиқи талаботи дастурамали соҳавӣ оид ба муайянкунӣ ва баҳисобгирии захираҳои нобудшудаи канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ, гузаронда мешавад.

Дар ҳолате, ки ҳангоми истихроҷ бевосита муайян кардани миқдори захираҳои нобудшуда, имконнопазир асту, истихроҷи қисмҳои алоҳида то давраи ҳисоботи солона пурра ба анҷом нарасидааст ва миқдори захираҳои нобудшуда, дар арафаи аз ҳисоб барорианд, тахминан, аз руи меъёри нобудшавӣ ва миқдори кандании фоиданоки барои чунин қисмҳои алоҳида муқарраргардида муайян карда мешавад. Миқдори пурраи захираҳои канданиҳои фоиданоки нобудшуда, ки бояд аз қисми алоҳида бароварда шаванд, баъди анҷоми истихроҷи ниҳони он муайян карда мешавад.

Мансуби нобудшавӣ донистаи ва аз ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданоки рагаҳои ногирифтаи умумиконӣ, ки дар ҷараёни истихроҷи кон ҳисоб карда шудаанд, баъди адои коркарди кон, қабат, қитъа, ё барҳамдиҳии корхона, ки дигар кофта баровардани захираҳо аз рагаҳои канданиҳои фоиданок имконпазир нест, сурат мегирад. Дар ин ҳол зарурияти аз ҳисоб баровардан мувофиқи ҳисобҳои техникӣ-иқтисодӣ бояд тасдиқ шуда бошанд. То ин дам коркарди захираҳои канданиҳои фоиданоки дар ҳисоби корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок буда бояд муваққатан дар қишри замин хобонда шуда бошанд.

Мансуби нобудшавӣ донистан ва аз ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок ҳангоми пурра истихроҷ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок, такмил додани қабатҳои ҳамҳудуд ( рагаҳо, рагҳо ва ғ.), ё ба вуҷуд овардани дигар шарту шароитҳое, ки боиси имконнопазирии истихроҷи минбаъда мегарданд, бояд бо ҳисобҳои техникӣ-иқтисодӣ асоснок карда шаванд.

Аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ ва ғайрибалансии канданиҳои фоиданок, ки дар ҷараёни истихроҷ нобуд шудаанд, аз тарафи корхона бо формаҳои ҳисоботии № 70-тп ва № 11-шрп сурат мегирад.

Аз ҳисоббарории захираҳои канданиҳои фоиданоки нобуд шуда дар мувофиқа бо Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди санҷиши дуруст муайян кардан ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи намудҳои нобудшудаи захираҳои канданиҳои фоиданок, сурат мегирад.

3. Захираҳои канданиҳои фоиданоки балансӣ, ки аҳамияти истеҳсолиашонро гум кардаанд, бо тартиби зайл аз ҳисоби корхона бароварда мешаванд:

а) захираҳое, ки ба кондитсияҳои аз нав муқарраршуда номувофиқанд (барои конҳои нафт, нафту газ, газу конденсат, нафту, газу конденсат, газ ва қир - ба коэффитсиенти нав муқарраршудаи аз қишри замин истихроҷкунӣ номувофиқанд аз тарафи корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси қарори КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи кондитсияҳои нав (коэффитсиенти нави аз қишри замин истихроҷкунӣ ва захираҳои канданиҳои фоиданок, ки аз рӯи ин кондитсияҳо ва коэффитсиент аз нав ҳисоб карда шудаанд, амалӣ мегарданд;

б) захираҳое, ки истихроҷашон бо сабабҳои техникӣ-иқтисодӣ номатлуб дониста шудаанд, ҳангоми мавҷуд будани асосноккунии техникӣ-иқтисодии матлуб донистани аз ҳисоби корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок баровардани захираҳои канданиҳои фоиданоки аҳамияти истеҳсолиашонро гум карда, ҳангоми мавҷуд будани хулосаи ташкилотҳои машғули иктишофи конҳо ва мувофиқаи он бо Кумиати назоарти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соқои кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок пурра баровардани захираҳои балансӣ, ки аҳамияти истеҳсолии худро гум кардаанд, танҳо ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки гузаронидани онҳоро ба қатори захираҳои ғайрибалансӣ асоснок мекунанд, сурат мегирад.

Ҳангоми зарурати аз ҳисоб баровардани захираҳои балансии канданиҳои фоиданоки таркиби ҷинсҳои кушоишӣ ва омехта бо сабаби набудани истеъмолкунандагонон корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок метавонанд, ки ҳар сол мувофиқи миқдори коркарди воқеӣ ҳангоми мавҷудияти хулосаи мусбати мақомоти манфиатдори ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ (истеъмолкунандаҳои эҳтимолӣ) оиди маъқул донистани тадбири аз ҳисоб баровардан сурат гирад.

4. Аз ҳисоби баровардани захираҳои балансӣ (аз он ҷумла захираҳои истихроҷшаванда нафт, газ, гази дар нафт маҳлулшуда ва конденсат) ва захираҳои ғайрибалансии канданиҳои фоиданок, ки ҳангоми гузаронидани корҳои минбаъдаи геологӣ-иктишофӣ ва истихроҷи кон дар ҳудуди минтақаи ҷудошудаи кӯҳӣ тасдиқ нашудааст, аз тарафи ташкилоти болоӣ ва ҳангоми набудани ташкилоти болоӣ - аз тарафи мақомоти соҳавии идоракунии давалтӣ ба андозаи ҷамъшавии маълумоти нав, вале на зиёдтар аз муддати 5-соли кори корхона оид ба андозаи ғафсии танаи канданиҳои фоиданок (захираҳои нафт, газ, гази дар нафт маҳлулгашта ва конденсатмаълумоти нав ва асосноки техникӣ-иқтисодии дида баромадани бузургии коэффитсиенти аз қишри замин кашидани нафт, газ, гази дар нафт маҳлулгашта ва конденсат оиди камшавӣ гузаронида мешавад. Аз ҳисоб баровардани захираҳо бо сабаби мазкур бояд бо ташкилотҳои иктишофи кон ва Кумитаи назорати давалатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шаванд.

Ҳангоми мавҷуд будани ихтилоф байни корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва ташкилоти машғули корҳои иктишшофи кон оид ба тасдиқ нашудани захираҳои иктишофшуда, ҳуҷҷатҳо барои тафтишот ба Тоҷикглавгеология, Кумитаи назорати давалатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КЗД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

5. Аз ҳисоби баровардани захираҳои балансӣ ва ғайрибалансии канданиҳои фоиданок, ки ба дигар корзона супурда мешаванд, аз тарафи корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси қарори ташкилоти болоӣ ё ки мақомоти соҳавии идоракунии давлатӣ ба ҷо оварда мешавад.

6. Аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ (аз ҷумла захираҳои истихроҷи нафт, газ, гази дар н афт маҳлулгашта ва конденсат ва захираҳои ғайрибалансии канданиҳои фоиданок бо сабабҳои дар зербанди "б" -и банди 3 бандҳои 4 ва 5-ӯи фасли 11 фақат баъди мувофиқаи акти азҳисоббаробарии захираҳо бо Кумиати назорати давалтии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

7. Барои дида баромадани масъалаҳои аз ҳисобашон баровардани захираҳои канданиҳои фоиданоки аҳамияти истеҳсолии худро гумкарда ва тасдиқ нашудани захираҳо ҳангоми гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологии минбаъд ва истихроҷи кони минтақаи ҷудошудаи кӯҳӣ, корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ба Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуҷҷатҳоро равона мекунад:

а) номи тафсироте ки аз ҳисоббаробарии захираҳои канданиҳои фоиданоки пешбинишударо алоҳида дар контури Комиссияи оиди захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда ва контури афзоиши амалӣ, маълумоти андозҳои геологию-маркшейдерӣ, озмудан ва аз нав ҳисоб кардани захираҳо, инчунин ҳисоботҳои техникию иқтисодӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳҳои лозимии геологию маркшейдерӣ асоснок мекунад.

б) хулосаи ташкилоте, ки иктишофи конро гузаронидаат, оид ба асоснок ва матлуб будани азҳисоббаробарии пешбинӣ карда шуда;

в) акти азҳисоббарории захираҳои муайяншудаи канданиҳои фоиданоки аз тарафи ташкилоти болоӣ тасдикшуда (замимаи 1).

Ҳуҷҷатҳоро барои аз ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок ташкилоте, ки иктишофи конро гузарондааст ва Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на зиёда аз 15 рӯзи баъди қабули онҳо дида мебароянд.

8. Акти ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданоки бо Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқгардида аз тарафи ташкилоти болоӣ тасдиқ намешавад ва ба вазорату идораҳои соҳавии дахлдор ва корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок. Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фодни давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.

Дар ҳолати рад кардани мувофиқа ё тасдиқкунии акти аз ҳособ баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок, ташкилоти радкунанда дар мӯҳлати 2 моҳ бояд сабаби радкуниашонро ба ташкилотҳои номбаршуда хабар диҳад.

Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби баланси давалтӣ баровардани захираҳои канданиҳои фоиданокро дар асоси ҳуҷҷатҳои қатъиян мувофиқи Низомномаи мазкур тартибдода мекунад.

9. То ҳалли охирини масъалаҳо нисбати аз ҳисоббароири захираҳои канданиҳои фоиданок ба ҳисоботи оморӣ даровардани таъғироти вобаста ба аз ҳисоббарории захираҳои мнъ аст.

10. Дар ҳолатҳое, ки миқдори захираҳои балансии канданиҳои фоиданок якбора ё ҷамъулҷамъ аз ҳисоб бароварда ё барои азҳисоббарорӣ пешбинӣ мешаванд, дар натиҷаи гум кардани аҳамияти истеҳсолӣ ва тасдиқ нашудани захираҳо ҳангоми корҳои минбаъдаи геологӣ-иктишофӣ ва истихроҷи кони минтақаи ҷудошудаи кӯҳӣ аз 20х захираҳои балансӣ, ки КЗД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст (барои нафту газ- аз он ҷумла истихроҷшуда) зиёд бошад, захираҳои кон мувофиқи тартиби муқарраркардаи КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз нав ҳисоб ва тасдиқ карда шавад.

Дар ин ҳолатҳо ба ҳуҷҷатҳои такроран ҳисобкардаи захираҳои ба КЗД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, хулосаи Кумитаи назорати давалтӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин ҳуҷҷатҳо илова карда мешавад.

11. Тағйирот ба ҳолати захираҳои канданиҳои фоиданок (аз ҷумла аз ҳособбарорӣ, ки боиси аз нав тасдиқкунии онҳо дар Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳури Тоҷикистон мегардад) бо сабабҳои дар назардошти "Таснифи захираҳои кон ва манбаъҳои кардаи канданиҳои фоиданоки сахт", "Таснифи захираҳои пешгӯӣ кардаи нафт ва газҳои сӯзанда" ва "Таснифи захираҳои кон ва манбаъҳои пешгӯӣ кардаи обҳои зеризаминӣ", дар асоси қарорҳои дахлдори Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон дароварда мешавад.

12. Маълумот дар бораи миқдор ва мавқеи ҷойгиршавии захираҳои фоиданоки балансӣ (аз ҷумла захираҳои коркарди нафт, газ, гази дар нафт маҳлулгашта ва конденсат) ва ғайрибалансии аз ҳисоб баровардашуда дар сурати камшавиашон бояд дар ҳуҷҷатҳои ба ҳисобгирии геологӣ-маркшейдерӣ оид ба ҳар як қисм ҳисоботи ҷудогона (табақа, рага, қабат, кон ва ғ.) дар ҳуҷҷатҳои графики кӯҳӣ, инчунин дар китоби махсуси ҳисоботии аз ҳисоббарории захираҳои канданиҳои фоиданок сабт карда мешавад.

13. Конҳои кӯҳие, ки вазифаи гузаргоҳи қитъаҳои захираҳояшон аҳамияти истеҳсолии худро гумкарда ё дар натиҷаи гузаронидани корҳои минбаъдаи геологӣ-иктишофӣ ва истихроҷи кон амалан тасдиқ нашуда, барои азҳисоббарорӣ пешбинӣ гардидаанд, то ҳалли масъалаҳои охирини аз ҳисоббарории захираҳо бастани онҳо манъ аст.

Дар сурати бастани чунин кӯҳӣ бе мувофиқа бо Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираҳои канданиҳои фоиданоки қитъаи мазкур бояд аз меъёр зиёд нобудшуда ҳисоб карда шаванд.

III. ҶАВОБГАРӢ ВА НАЗОРАТ БАРОИ ДУРУСТ АЗ ҲИСОБИ КОРХОНАҲОИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК БАРОВАРДАНИ ЗАХИРАҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК

1. Масъулияти риояи тартиби аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ ва ғайрибалансии канданиҳои фоиданок, ки Низомномаи мазкур муқаррар кардааст, ба зиммаи роҳбарон, саргеологҳо ва геологҳо калон, сармаркшейдорони калони корхонаҳои истихроҷи фоиданок, инчунин ташкилотҳои болоӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, вусъат бахшидан ва таҷдиди корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - ба зиммаи сармуҳандиси лоиҳа ва сардори ташкилоти лоиҳакашӣ гузошта мешавад. Шахсони вазифадоре, ки барои вайронкунии талаботҳои тартиби муқарраршудаи аз ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок айб доранд, мувофиқи қонунҳои ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

2. Назоратҳо барои риояи Низомномаи мазкур, дуруст ва сари вақт аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок, новобаста аз сабабҳои водоркунандаи аз ҳисоббарории зихираҳо, Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад.

3. Оиди масъалаҳои мушкили аз ҳисоббарории захираҳои канданиҳои фоиданок, дар сурати зарурӣ, қарорро дар якҷоягӣ Кумитаи давалатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикглавгеология ва КДЗ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ташкили болоии корхона қабул мекунанд.

 

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ