Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 маи соли 1997 № 210

тасдиқ шудааст

Низомномаи фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ҳамин Низомнома мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба сарватҳои зеризаминӣ", Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва барои тамоми ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки қаъри замин Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода мебаранд, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идории онҳо, ҳатмист.

2 Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Фонди давлатии маълумоти геологӣ) ба ҳайати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикгдавгеология) бо ҳуқуқи шӯъба шомил аст ва вазифаҳои худро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

3. Фонди давлатии маълумоти геологӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди меъёрии ҷумҳурӣ ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Фонди давлатии маълумоти геологӣ бо мақсади нигоҳдории мутамаркази давлатӣ, ҷамъбаст ва таснифи тамоми маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини ҷумҳурӣ, ки аз тарафи истифодабарандагони қаъри замин, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, ба даст оварда мешавад, истифодаи ҳадди аъзами он ҷиҳати асоснок намудани самтҳои афзалиятноки корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва баланд бурдани самаранокии онҳо, таҳияи барномаҳои рушд ва барқарорсозии базаи маъданию ашьёи хом, истифодаи оқилонаи комплекси захираҳои маъданӣ, пешгирӣ аз омӯзиши такрории қаъри замин ва пешрафти хадамоти иттилоотии ҷумҳурӣ оид ба қаъри замин ташаккул дода мешавад.

5. Маълумоти геологӣ на иттилооти дигар оид ба қаъри замин, сарфи назар аз манбаъҳои маблағгузорӣ ва шакли моликият, ба тартаби ҳатмӣ мувофиқи стандарти муқарраршуда бепул ба Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Тартиб ва шароити истифодаи маълумотеро, ки ҳангоми иҷрои корҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ҳосил шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва шароити истифодаи маълумотеро, ки ҳангоми иҷрои корҳо аз ҳисоби маблағҳои худии истифодабарандаи қаъри замин ҳосил шудааст, истифодабарандагони қаъри замин мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ё шартҳои литсензия истифодабарии қаъри замин муайян мекунанд.

6. Вазифаҳои асосии Фонди давлатии маълумоти геологӣ иборатанд аз:

а) бақайдгирии давлатии тамоми навъҳои корҳо дар бобати омӯзиши геологии қаъри замин, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли моликият, тобеияти идорӣ ва маҳалли ҷойгиршавӣ, анҷом дода мешаванд;

б) баҳисобгирии давлатии қитъаҳои қаъри замине, ки ба истифодабарандагони қаъри замин барои тамоми навъҳои истифодабарии қаъри замин дода мешаванд;

в) ҷамъоварӣ ва таснифи ҳисоботи геологӣ ва маводи дигар оид ба корҳои иҷрошудаи ҷустуҷӯи геологӣ, ҷамъбаст ва таҳлили онҳо, арзьёбии ҳолати базаи маъданию ашьёи хоми ҷумҳурӣ ва дараҷаи омӯхта шудани он;

г) баҳисобгирии захираҳо, конҳо ва зуҳуроти канданиҳои фоиданоки дар қаъри замини ҷумҳурӣ кашфшуда, захираҳои обҳои зеризаминӣ, баромадгоҳҳои табиии онҳо, ҳамчунин чоҳҳои кофташудае, ки аз онҳо об баромадааст;

д) баҳисобгирии истихроҷи канданиҳои фоиданок ва динамикаи захираҳои ашьёи хоми маъданӣ дар ҷумҳурӣ.

7. Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда корҳои зайлро анҷом медиҳад:

а) бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии корҳо оид ба:

- омӯзиши геологии қаъри замин (аксбардориҳои геологӣ ва дигар намудҳои аксбардорӣ, корҳои минтақавӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва мавзӯи ва ғайра);

- истифодабарии қаъри замин барои истихроҷи канданиҳои фоиданок,

- истифодабарии партовҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок;

- сохтмон ва истифодабарии иншооти зеризаминие, ки бо истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста нестанд (иншоот барои дар зери замин нигоҳ доштани нафту газ ва дигар маводу моддаҳо, гӯронидани моддаҳо, партовҳои истеҳсолӣ, равона кардани обҳои гандида);

б) баҳисобгирии давлатии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашфшудаи:

- конҳо ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок ва пешбурди Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- падидаҳои техногении ашьёи хоми аз қаъри замин гирифташуда (маҳзанҳои фузулот (партовҳо), маъданҳои камарзиш, ҷинсҳо ва гилҳои омехта), чойҳои гӯронидани партовҳо ва пешбурди Кадастри давлатии партовҳои истихроҷ ва коркарди ашьёи хоми маъданӣ, гӯронидани партовҳо;

- захираҳои обҳои зеризаминӣ ва пешбурди Кадастри обҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- манбаъҳои обҳои зеризаминии нӯшокӣ ва шӯр, маъданӣ, гарм ва гарму энергетикӣ;

в) пешбурди Баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маводи баҳисобгирии пешакӣ ва ҳисоботи омории (балансҳои омории) истифодабарандагони қаъри замин.

Баҳисобгирии давлатии омории ҳолати базаи маъдании ашьёи хом ва қаъри замин мувофиқи намунаҳои махсуси аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда пеш бурда мешавад.

Ба Баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок инҳо дохил карда мешаванд:

- конҳои канданиҳои фоиданок ва падидаҳои техногении ашьёи хоми маъдание, ки аз экспертизаи давлатӣ гузаштаанд ва аз ҷониби Комиссияи давлатии оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд;

- конҳо бо захираҳои балансии ба таври оперативӣ ҳисобшуда ва аз ҷониби комиссияҳои соҳавии оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқшуда, ки ба истифодабарандагони қаъри замин барои омӯзиш ва истихроҷи ҳамзамони канданиҳои фоиданок дода шудаанд ва истифодабарандагони мазкур метавонанд, мувофиқи литсензияҳо истихроҷро то экспертизаи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок оғоз намоянд;

- захираҳои балансии канданиҳои фоиданоки конҳои иктишофшаванда ва истихроҷшавандае, ки ба таври оперативӣ ҳисоб ва аз ҷониби комиссияҳои оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ шудаанд;

г) аз ҳисоби корхонаҳои маъдантозакунӣ ва Баҳисобгирии давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок баровардани:

- канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда ва дар ҷараёни истихроҷ талафшуда (дар қаъри замин боқимонда);

- канданиҳои фоиданоке, ки дар натиҷаи таҷдиди назар оид ба таркиби ашьёи хоми маъданӣ (мавҷуд будани унсурҳои фоиданок дар кон, хокистарнокӣ, ҳаҷми қабат (пласт) аҳамияти саноатии худро гум кардаанд;

- канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷи онҳо дар натиҷаи тағьир ёфтани шароити иқтисодӣ, маъданию геологӣ, экологӣ, табиӣ ва монанди инҳо ғайри қобили фоидаоварӣ ҳисобида шудаанд;

- канданиҳои фоиданоке, ки ҳангоми истихроҷи кон ё дар ҷараёни корҳои минбаъдаи ҷустуҷӯи геологӣ ва истифодабарию ҷустуҷӯӣ тасдиқ нашудаанд. Аз ҳисоб бароварданро Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз тарафи истифодабарандаи қаъри замин ба мувофиқаи мақомоти назорати кӯҳкории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудани азҳисоббарории захираҳо ва бо пешниҳоди Акти аз ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок анҷом медиҳад;

д) баҳисобгирии давлатӣ, ҷамъбаст ва таҳлили ҳамаи навъҳои корҳои геологӣ, геофизикӣ, гидрогеологӣ, инженерию геологӣ ва мавзӯи оид ба омӯзиши геологӣ ва истифодаи қаъри замин. Тартиб додан ва ҳамасола пурра гардонидани нақшаҳо ва картограммаҳои омӯхташавӣ ва аз рӯи натиҷаҳои корҳои анҷомёфтаи геологӣ, геофизикӣ, гидрогеологӣ ва инженерию геологӣ ва геоэкологӣ, ҳамчунин картограммаҳои оперативӣ аз рӯи аксбардориҳои иҷрошавандаи геологӣ, гидрогеологӣ ва инженерию геологӣ ва геоэкологӣ;

е) таҳлил ва ҷамъбасти маълумоти геологии оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои омӯзиши геологӣ ва истифодаи қаъри замин барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва бо дигар мақсадҳо, ки чи аз ҳисоби маблағҳои истифодабарандагони давлатӣ ва чӣ аз ҳисоби маблағҳои худии фармоишгар ва истифодабарандагони қаъри замин ба даст омадааст ва ба таври ҳатмӣ ройгон ба Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Маълумот оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи намунае, ки ҷавобгӯи стандартҳои муқарраршуда бошад, дода мешавад.

ж) таҳияи маводи геологие, ки додани литсензияҳоро барои истифодаи қаъри замин таъмин мекунад, ҳамчунин маҷмӯи маълумоти геологӣ оид ба қаъри замин ҷиҳати татбиқи он бо тартиби муқарраршуда;

з) таҳия кардан ва додани тасдиқномаҳо оид ба мавҷуд будан ё набудани канданиҳои фоиданок дар қаъри замини қитъае, ки дар он ҷой сохтмон пешбинӣ шудааст ва дар ҷойҳои сохтмон ва истифодабарии иншооти зеризаминӣ;

и) таҳия кардан ва додани тасдиқномаҳо оид ба парвандаҳои кашшофони конҳои канданиҳои фоиданок;

к) додани хабарнома ва актҳо дар хусуси қабули ҳисоботи геологӣ ва мавод бо маълумоти оид ба қаъри замин ба ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки асноди мазкурро пешниҳод кардаанд;

л) ҳар семоҳа аз ҳисоб баровардани хароҷоти корҳои ҷустуҷӯи геологии хатмшудае, ки аз тарафи воҳидҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ анҷом дода шудаанд;

м) таҳияи ҳарсолаи барнома ва гузориши иттилоотӣ доир ба корҳои аз тарафи Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошуда.

8. Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, ки;

а) аз ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки корҳоро доир ба омӯзиши геологӣ ва истифодаи қаъри замин ҷиҳати истихроҷи канданиҳои фоиданок амалӣ мегардонанд, пешниҳоди санадҳои зайлро талаб намояд:

- санадҳои бақайдгирии (нақшаҳои ҳар як объект, номгӯи корҳо мувофиқи намунаи 3-гр, тарҳҳо, нақшаҳои ҷойгиршавии объектҳо, ҳамчунин асноди лоиҳавии сметавӣ) корҳои ба нақши гирифташудаи омӯзиши геологӣ ва истифодаи қаъри замин ҷиҳати истихроҷи канданиҳои фоиданок ва бо дигар мақсадҳо, барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатии онҳо;

- ҳисобот оид ба корҳое, ки дар Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;

- мавод доир ба асоснок кардани меъёрҳои сифати ашьёи хоми маъданӣ, асоснокии техникию иқтисодии ин ки амали намудани корҳои ҷустуҷӯӣ мувофиқи мақсад мебошанд;

- балансҳои ҳарсолаи ҳисоботии захираҳои канданиҳои фоиданок мувофиқи намунаи 5-гр (нафт, газ, конденсат) аз ташкилотҳо ва корхонаҳое, ки сарфи назар аз манбаъҳои маблағгузорӣ ва шакли моликияти онҳо, бо истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок машғуланд;

- маълумоти ҳарсола оид ба истихроҷ ва талафи канданиҳои фоиданок дар қаъри замин, доир ба партовҳои онҳо ҳангоми истихроҷ ва коркард дар конҳо, корхонаҳои маъдантозакунӣ ва коркард бо зикри маҳалли ҷойгиршавии онҳо (нақшаҳо), миқдори захираҳо ва таркиби ашьёи хоми маъданӣ;

- маълумот доир ба гӯронидани партовҳои истеҳсолии ашьёи хоми маъданӣ (тарҳҳо, нақшаҳои ҳолати ҷойгиршавии объектҳо, нишонаҳои ҷуғрофиёни онҳо, захираҳо, таркиби партовҳо, вазъи экологӣ ва ғайра);

- маълумот оид ба сохтмон ва истифодабарии иншооти зеризаминие, ки бо истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста нестанд (нақшаҳои ҳолат, нишонаҳои ҷуғрофиён);

- актҳои қабулу супоридани захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва падидаҳои техногении ашьёи хоми маъдание, ки аз тарафи Комиссияи давлатии оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ба баланси корхонаҳое, ки истихроҷи конро анҷом медиҳанд;

- намунаҳои гуногуни ҳисоботи ҳатмӣ - варақаҳои баҳисобгирӣ, паспортҳо.

б) бақайдгирии давлатии корҳоро оид ба омӯзиши геологӣ ва истифодаи қаъри замин дар ҳолати мавҷуд набудани литсензия, такроршавии корҳо ё бо сабабҳои дигар, ки мувофиқи мақсад набудани иҷрои онҳоро исбот мекунанд, рад намояд;

в) мустақилона ё якҷоя бо мақомоти Назорати давлатии геологӣ дар хусуси зарурати қатъи маблағгузории корҳои аз тарафи ташкилоту корхонаҳои гуногун иҷрошаванда, сарфи назар аз шакли моликият ва маблағгузории онҳо, ки литсензия доранд, аммо аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, ҳамчунин ҳангоми ошкор гардидани номутобиқатии корҳои иҷрошаванда бо номгӯи дар санади бақайдгирӣ зикршуда, тавсия омода созад;

г) аз истифодабарандагони қаъри замин пешниҳоди ҳисоботи геологиро мутобиқи талаботи муқарраршуда тақозо намояд;

д) дар кори Комиссияи давлатии оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияҳои оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки вазорату идораҳои соҳавӣ, воҳидҳои истеҳсолӣ ва Шӯрои илмию техникии Тоҷикглавгеология ширкат намояд;

е) Балансҳои давлатии захираҳои канданиҳои фоиданокро интишор диҳад ва онҳоро ба идораҳо, ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, бо дархости онҳо, пешниҳод намояд.

9. Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки:

а) корҳои дар банди 7 Низомнома зикршударо иҷро намояд;

б) ба ташкилотҳо ва мутахассисони алоҳида доир ба масъалаҳое, ки бо корҳои аз ҷониби Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошаванда вобастаанд, кӯмаки методи расонад.

10. Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардор, ки аз тарафи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад, роҳбарӣ мекунад. Ҷадвали штатии Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мувофиқаи саргеологӣ Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Саридораи мазкур тасдиқ мекунад. Муовини сардори Фонди давлатии маълумоти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва дигар мутахассисони ин шӯъба бо пешниҳоди сардори Фонди давлатии маълумоти геологӣ аз тарафи Сардори Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

 

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ