Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Душанбе, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/

Kasri millatҲамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳаммият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Яъне Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он буда, ҷашни имсолаи он бо 25-умин солгарди баргузории иҷ-лосияи тақдирсози миллат, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ботантана таҷлил гардид, баробар омад.

Қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид.

Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намуд.

Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.

24 ноябри соли 2009 мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бори нахуст ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Паёми телевизионӣ ба муносибати 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Душанбе, 08.09.2017 /АМИТ «Ховар»/

payom

Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.

Дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунад.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад.

Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем.

Яъне таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд.

Дар пешорӯи давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо пурмасъулияту бузург, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу бум, ягонагиву иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир қарор гирифта буданд.

Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити рақобати шадиди сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аз роҳбарияти олии давлат сиёсати дурандешонаву пайгирона ва аз аҳли ҷомеа сабру таҳаммул, ягонагиву якдигарфаҳмӣ ва сарҷамъиро тақозо менамуд.

Дар роҳи берун кашидани кишвар аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ мехостам нақши созандаи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ҳар як сокини ватани маҳбубамонро таъкид намоям.

Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳар як сокини мамлакат, ба ҳар нафаре, ки барои эъмори ҷомеаи муосири кишвар саҳм мегузорад, дар пешрафти давлати соҳибистиқлол нақш дорад, аз марзу буми он дифоъ менамояд ва парчами онро дар арсаи байналмилалӣ парафшон месозад, аз самими қалб арзи сипос менамоям.

Нерӯи бузурги мардуми кишвари мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад.

Бинобар ин, мо таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар мешуморем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Соҳибихтиёрӣ на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат мебошад, балки ҳалли масъалаҳои дохилии кишварро дар радифи масоили муҳимтарини фаъолияти давлат ва Ҳукумат мегузорад.

Аз ин нуқтаи назар, давлат ва Ҳукумати мамлакат дар сиёсати дохилии худ баробари дар мақоми аввал гузоштани иҷрои ҳадафҳои асосӣ, ба татбиқи самарабахши дастовардҳои илму техника ва имкониятҳои низоми иқтисодии ҷаҳони муосир, инчунин, ба ҳаллу фасли мушкилоти ҳаррӯзаи мардум эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем.

Вале зикри ин матлаб ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо бо чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем.

Баръакс, имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият кунем, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини аҷдодиамонро ба як мулки обод табдил диҳем.

Ҳамчунин, зарур аст, ки дар баробари саъю талош дар татбиқи се ҳадафи стратегӣ ислоҳоти низоми иқтисодиро идома диҳем, раванди бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро вусъат бахшем ва шароити зиндагии халқамонро қадам ба қадам беҳтар гардонем.

Зеро баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгори сокинон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мақоми меҳвариро ишғол менамояд. Мо минбаъд низ ҳамаи тадбирҳоро меандешем, ки дастгирии давлатиро дар ин самт боз ҳам тақвият диҳем, барои қишри эҳтиёҷманди ҷомеа кумакҳои давлатиро тавсеа бахшем, ба рушди оила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи сокинон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намоем, зеро омилҳои мазкур пояи муҳимми устувории ҷомеа мебошанд.

Дигар омили муҳимми пойдории истиқлолияти ҳар як давлат рушди илму маориф, бахусус, илмҳои дақиқ, татбиқи дастовардҳои технологиву инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст.

Мо дар оянда низ дар баробари амалисозии ислоҳоти низоми илму маориф, ба тарбияи мутахассисони дорои донишҳои муосир, насли ҷавони соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ ва ватандӯсту соҳибмаърифат эътибори ҷиддӣ хоҳем дод.

Миллати моро дар таърихи башар бо фарҳанги бою рангоранг ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангаш мешиносанду арҷ мегузоранд.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем.

Насли имрӯза бояд ба қадри ранҷу заҳматҳои насли калонсол расад ва рисолати хешро дар роҳи ҳифзу ободии Ватан иҷро карда тавонад.

Мо ба насли ҷавони Ватани азизамон эътимоди комил дорем. Соли ҷавонон эълон шудани соли равон ба он мақсад аст, ки ҷавонони саодатманди замони истиқлолият чароғи афрӯхтаи падаронро фурӯзон нигоҳ медоранд ва бо нури он роҳи худро дар пешрафти давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон равшан месозанд.

Бо изҳори чунин умедҳои нек бори дигар кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистушашумин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барояшон хонаи обод, иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

 

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Душанбе, 31.08.2017 /АМИТ "Ховар"/.

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи пойдор имрӯзҳо дар ҳамаи арсаҳо содиқона заҳмат кашида, саъй доранд, ки Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд, анъанаву суннатҳои неки милливу мазҳабиамонро гиромӣ доранд, онҳоро пайваста такмил диҳанд ва ин сарвати бузурги маънавиро барои тарбияи наслҳои созандаи халқамон, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ истифода намоянд.

Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад.

Зеро он ҳамеша некиву накӯкорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зӯроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад.

Дар шароити рушди босуръати техника ва технология, ки ҷомеаи башариро ба сӯи кашфиёту ихтироот ва навгониҳои бесобиқа мебарад, моро низ зарур аст, ки аз замонаи пешрафт қафо намонем ва ба омӯзиши амиқи илмҳои гуногун ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ҳарчи бештар талош кунем.

Дар баробари ин, мо бояд фарҳанги миллии худро, ки арзишҳои исломӣ ҷузъи он мебошанд, ҳимоя намоем ва онҳоро барои манфиатҳои ҷомеаву давлатамон сафарбар созем.

Мардуми мусулмони мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот иди Қурбон ва дигар маросиму суннатҳои эътиқодии худро озодона адо менамоянд.

Ба қарибӣ тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо дарназардошти фикру дархостҳои мардуми кишвар ва бо ташаббуси қонунгузории Роҳбари давлат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд, қабул шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи тағйиру иловаҳои қабулшуда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат буда, ба онҳо дар зиндагиву рӯзгордориашон ва ҳангоми гузаронидани маросиму маъракаҳо сабукиҳои зиёд меоранд ва пеши роҳи исрофкориву зиёдаравиро, ки то ҳанӯз дар баъзе мавридҳо ҷой доштанд, мегиранд.

Тағйиру иловаҳои воридшуда ба идҳои динии мо низ дахл дошта, бо харҷи кам гузаронидани рӯзҳои ид ва маросими азодориро пешбинӣ кардаанд.

Мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем.

Дар рӯзи иди Қурбон низ мо бояд ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

Ҳар касе тавоноӣ ва қудрати молиявӣ дорад, бояд дар ин рӯзи саид онро барои ба анҷом расонидани корҳои хайру эҳсон сарф намояд ва соҳиби савоб барои худ ва аҳли хонаводааш гардад.

Хушбахтона, ин раванд ҳоло дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст ва бовар дорам, ки он минбаъд низ идомаи бештар ёфта, муҳаббату самимият ва дастгирии ҳамдигар дар миёни мардумамон боз ҳам қавитар мегардад.

Мувофиқи аҳкоми шариат қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони доро воҷиб буда, касоне, ки ба ин кор имкон надоранд, бо дуо ба рӯҳи гузаштагон ва муомилаи неку ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қаноати идро ҳосил менамоянд, ки ин низ фазилати ид ва одоби исломӣ мебошад.

Дарвоқеъ, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бе оростани хони бодабдаба гузаронидани ид аз қадим хоси мардуми мо буд.

Дигар ин, ки касеро ба иҷрои коре, ки аз тавону имконаш берун аст, маҷбур кардан, хусусан, дар шароити имрӯза, қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан низ дар ислом нораво мебошад.

Мо бояд ин масъаларо ба мардум возеҳу равшан фаҳмонем ва нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд.

Агар шахс як амали хубе ва кори савоберо ба анҷом мерасонад, ба беморе таом медиҳад, аз ҳоли шахси бесаробоне хабар мегирад ва хонаву дари худро ба тартиб дароварда, дар пайи зиндагии хубтар талош мекунад, ин ҳам ба қурбонӣ кардан баробар буда, ба савобҳои дигари ӯ зам мешавад.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки ҷавҳари аслии тарбиявӣ ва ахлоқии иди Қурбон дар изҳори фурӯтаниву хоксорӣ, самимияту садоқат ба Худо ва бандагони вай, ростқавливу иродатмандӣ дар эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад.

Хотирнишон месозам, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост. Фаромӯш набояд кард, ки дӯст доштани Ватан шарти имондорӣ мебошад.

Дар ин рӯзи муборак, ки Худованд мустаҷоб гардонидани дуову ниёиши мусулмононро ваъда кардааст, дуо мекунем, ки дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад.

Бори дигар, фарорасии иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тани сиҳат, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.

Ид муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

  payomДушанбе, 26.06.2017 /АМИТ "Ховар"/.

Ҳамватанони азиз!

Бо эҳсоси шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу озоди мардуми шарифамон ва фазои орому осоиштаи мамлакатамон ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни бистсолагии ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози истиқлолият дар натиҷаи фитнаву дасисаи нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.

Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд.

Ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид гардида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд.

Дар баробари ин, гурӯҳҳои алоҳида аз нооромии ҷомеа истифода намуда, молу амвол ва таҷҳизоти бисёр корхонаҳои саноатии мамлакатро берун аз марзи кишварамон бурданд.

Дар он айём хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд.

Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик низ амалӣ гардидани ҳамин нақшаи даҳшатноку фоҷиаборро мехостанд.

Аммо фарзандони асил ва бонангу номуси миллат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза бархостанд ва собит сохтанд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад.

Майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бонангу номуси Тоҷикистон низ ин буд, ки сулҳу оромӣ дар кишвар ҳарчи зудтар барқарор гардад.

Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, вале хушбахтона ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик бо сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ анҷом пазируфт, ки он имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Баъди истиқрори сулҳ барқарор кардани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи мо оғоз ёфт ва минбаъд ба таҳкими пояҳои рушди иқтисодӣ миллӣ равона гардид.

Мо дар ин замина фарҳанги сулҳро ҳамчун унсури бунёдии сиёсати худ қарор дода, муносибатро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон барқарор намудем ва дар ин марому маслак то ба имрӯз собиту устувор ҳастем.

Мардуми шарифи кишвар ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.

Дар шароити кунунӣ бидуни тақвияту таҳкими заминаҳои иқтисодӣ беҳтар намудани некӯаҳволии мардум ва устувории ваҳдату ягонагӣ ғайри қобили тасаввур аст. Чунки маҳз иқтисодиёти рушдёфта ва истеҳсолоти муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир яке аз омилҳои таҳкими суботу оромии ҷомеа ва пойдории ваҳдати миллӣ мебошад.

Бо ин мақсад, мо таваҷҷуҳи асосиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, сохтмони роҳҳо ва корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ равона карда, то имрӯз дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Бахусус, аз бунбасти дохилии коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муваффақияти бузурги халқамон буда, ҳоло ба шарофати он Тоҷикистон ба як қаламрави воқеан воҳид табдил ёфта, рафтуомади озодонаи сокинони ҳамаи минтақаҳои мамлакат ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар чор фасли сол таъмин гардидааст.

Истиқлолияти энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкиму тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар буда, Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар ин самт ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Андешаи муттаҳидсози афроди миллат бо ташаккули маънавиёти ҷомеа, пойдории амнияти ҷомеаву давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ робитаи мустақим дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти ҷомеа ворид шудани унсурҳои фарҳанги бегона ва вусъат гирифтани фаъолияти ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву иртиҷоӣ моро водор месозад, ки ба хотири ҳифзу густариши арзишҳои неки миллӣ чораҳои муассир андешем.

Дар чунин вазъият моро зарур аст, ки барои тарбияи наслҳои огоҳу бедор талош намоем, онҳоро дар рӯҳияи ҳифзи истиқлолияту озодӣ ба воя расонем, то ки фарзандони мо оянда барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлати соҳибихтиёрамон омода бошанд.

Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Итминон дорам, ки мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон минбаъд низ бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад.

Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни бистсолагии ваҳдати миллӣ табрик мегӯям ва орзу менамоям, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси сулҳу оромӣ ҳамеша фурӯзон бошад.

Ҷашн муборак, ҳамватанони азиз!

 

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

22.12.2016 12:06, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.

Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд.

Ин тадбирҳо имкон доданд, ки мо ислоҳоти сиёсиву конститутсиониро оғоз намоем, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон ва рамзҳои давлатиро қабул кунем, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатиро барқарор созем, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судиро ташкил диҳем, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоем.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, мо ба марҳалаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем.

Баъдан мо тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои вазифаҳои тибқи се ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар сохтем.

Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шуд.

Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 –ум 8,1 фоиз зиёд мебошад.

Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дар даврони истиқлолият аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, 1,6 баробар зиёд шуда, яъне аз панҷуним миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар ин давра ба мо муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳем.

Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар бисту панҷ соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар натиҷа, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем.

Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Аз ҷумла, тибқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.

Дар давраи зикршуда пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда шуд.

Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд.

Танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.

Ин раванд дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат намуд.

То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард.

Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст.

Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Дар ин муддат нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид.

Барои бо шуғл таъмин кардан ва беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти шаҳрвандон ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бори дигар таъкид месозам, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем.

Соли 2016 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.

Яъне бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд.

Сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, таваррум 6 фоизро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои супориши Паёми қаблӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд ва барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 2 баробар ва нафақа 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Мо чунин иқдомро дар оянда низ идома медиҳем.

Буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Бо вуҷуди дастовардҳо дар соли 2016 камбудиву мушкилот дар вазъи воқеии иқтисодиёт ба вуҷуд омаданд.

Аз ҷумла, бо сабаби камфаъолиятии баъзе вазорату идораҳо ва дар натиҷаи таъсири омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёт хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, гардиши савдои хориҷӣ, воридот ва қарздиҳӣ коҳиш ёфта, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардид.

Вале сарфи назар аз ин, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра иҷро карда шуд.

Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Вазъи фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 32 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи хизматрасонии низоми бонкӣ ба мизоҷон беҳбудӣ металабад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.

Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар қатори бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона гардидааст.

Илова бар ин, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳалаи якуми барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад.

Рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифт.

Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад.

Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.

Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик” ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар баробари густариш додани иҷрои корҳои асосӣ дар ин самт, бо мақсади паст намудани талафоти нерӯи барқ баҳисобгирии истифодаи онро дақиқ ва қатъӣ назорат намоянд.

Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба нерӯи барқ торафт меафзояд.

Бинобар ин, зарур аст, ки ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шуда, ба истифодабарандагони нерӯи барқ маърифати сарфаю сариштакорӣ ҳарчи бештар ташвиқ карда шавад.

Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем.

То ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат идомаи мантиқии ин раванди созанда мебошад.

Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатии зикршуда ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

Корхонаҳои нави сементбарорӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми солонаи истеҳсоли семент то 4,5 миллион тонна ё нисбат ба соли 2000-ум 82 баробар афзуда, дар баробари пурра қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон, содироти он низ афзоиш дода шавад.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ оғоз шуд, ки навбати аввали он моҳи феврали соли 2018 ба истифода супорида мешавад.

Дар се соли оянда корхона пурра ба кор даромада, 300 ҳазор тонна аммиак, 500 ҳазор тонна карбамид, дар маҷмӯъ, 800 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.

Яъне талаботи соҳаи кишоварзӣ ба нуриҳои азотӣ пурра қонеъ гардонида шуда, содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, бо дарназардошти торафт зиёд гардидани талаботи кишвар ба ангишт, истеҳсоли он то охири соли 2016 ба 1,3 миллион тонна расонида мешавад, ки нисбат ба соли 2000-ум 62 баробар зиёд мебошад.

Баробари ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ истихроҷи ангишт то соли 2018 ба 2 миллион тонна расонида мешавад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда барномаи махсус қабул гардида, татбиқи он идома дорад.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки рушди минбаъдаи саноатро тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот таъмин намояд.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар солҳои охир роҳи оҳани Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат – Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва Восеъ – Ховалинг ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз (қитъаи Шӯрообод – Шоҳон) ва роҳи Сайрон –Қарамиқ идома дорад.

Соли ҷорӣ корҳои сохтмону таҷдид дар якчанд иншооти нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи мошингарди Хуҷанд–Исфара, қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва беҳтар намудани инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз гардид.

Соли 2017 таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз, Кӯлоб– Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – маркази ноҳияи Дарвоз дар назар аст.

Бо мақсади пурра ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард пешбинӣ шудааст.

Тавре дар Паёми гузашта таъкид карда будам, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳои дурдаст ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро вусъат бахшида, ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати нақлиётро зарур аст, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва пурраву самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва таъмиру таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, роҳи оҳан, инчунин, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок оид ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Муҳтарам намояндагони халқ!

Дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар соли 2016 рушди устувори соҳа идома ёфта, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба як миллиону 400 ҳазор тонна, картошка ба 890 ҳазор тонна ва сабзавот ба як миллиону 670 ҳазор тонна расонида шуд, ки ба таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ таъсири мусбат расонид.

Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар доираи иҷрои барномаҳои қабулгардида ба афзоиши устувори ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳа аҳаммияти хосса зоҳир намоянд.

Соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд.

Аммо бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла вобаста ба вазъи бозори фурӯш майдони кишти он нисбат ба солҳои гузашта кам шуда, боиси коҳиш ёфтани фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва ҳаҷми содироти он гардидааст.

Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бояд зикр кард, ки бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар деҳот дар даврони истиқлолият зиёда аз 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, ки аз он 134 ҳазор гектар барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва 10 ҳазор гектар барои бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардидааст.

Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати пешгирии ин раванд ва ҳамасола зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда иҷрои “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020” – ро таъмин намоянд.

Вазъи соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар ба талаботи торафт афзояндаи истеҳсолот ҷавобгӯй набуда, таъминоти кишоварзон бо тухмиҳои аълосифат ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Бо ин мақсад, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки таҳқиқоти илмиро оид ба ин масъала густариш дода, ба амалия татбиқ намудани корҳои таҳқиқотиро таъмин намоянд ва доир ба корҳои анҷомдодашуда ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.

Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни соҳаи чорводорӣ фаъолият дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад.

Дар робита ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти гӯшту ширӣ бояд ба масъалаи зотпарварӣ ва беҳтар кардани зоти чорво эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.

Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст.

Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани имтиёзҳои зикршуда чораҷӯӣ намояд.

Хотирнишон месозам, ки масъалаи ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳамаи вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дахл дорад.

Зеро дар замони муосир сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди давлат ва маданияти ҷомеа ба шумор меравад.

Муҳтарам намояндагони халқ ва ҳозирини гиромӣ!

Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ буда, то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо кард ва Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад.

Соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи мустақим мебошад.

Ҳоло бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорону сармоягузорон дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ соли 2016 ба 290 ҳазор расонида шуд, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор зиёд мебошад.

Вале бояд гуфт, ки дар самти фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ ҳоло ҳам баъзе монеаҳои сунъии маъмурӣ ба назар мерасанд.

Вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб менамояд, ки ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шаванд.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содирот, дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳаматарафа механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод намоянд.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳаммияти муҳим пайдо намудааст.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи якуми соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Ҳамчунин, барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд.

Соли гузашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Вале шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардидааст.

Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони гиромӣ!

Корҳои то ба ҳол амалигардида ва дастовардҳои ноилшудаамон ҳанӯз талаботи имрӯзаро пурра қонеъ карда наметавонанд, зеро дар фаъолияти мо мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёданд.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро барои рафъи камбудиҳои мавҷуда ва нигоҳ доштани пешрафти устувори соҳаҳои иқтисоди миллиамон сафарбар созем.

Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд.

Тибқи афзалиятҳои дарозмуддат рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҳадафи олии мо боқӣ мемонад.

Барои расидан ба ин мақсад моро зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфтаро оғоз намоем ва вусъат диҳем.

Дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ба таъсири омилҳои беруна бояд тақвият дода шавад.

Таъкид месозам, ки то 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021 ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.

Дар 5 соли оянда бояд афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоиз ва зиёдшавии ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ қариб ду баробар таъмин гардад.

Дар ин давра ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи мустақим ҳамчун самти такондиҳандаи пешрафти иқтисодиёт афзалияти бештар дода, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш дода шавад.

Тадбирҳои зикршуда бояд ба дарёфти бозорҳои нави содирот, кам кардани воридоти молҳои истеъмолӣ, коҳиш додани осебпазирии кишвар аз таъсири омилҳои беруна имконият фароҳам оварда, рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ мусоидат намоянд.

Бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд.

Мо мақсад дорем, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем.

Пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар шуда, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар меафзояд.

Дар 15 соли оянда бояд саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

Илова бар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки навсозӣ ва татбиқи ислоҳоти ҷиддиро ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дар навбати аввал энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъмин намояд.

Дӯстони арҷманд!

Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди нерӯи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад.

Дар ин давра ҳамаи аҳолии калонсол ҳадди ақал соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва на кам аз нисфи аҳолии қобили кор соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хоҳад шуд.

Аз ин хотир, зарур аст, ки дар давраи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо мақсади баланд бардоштани ченаки нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ ба пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо оби тоза, дигар шароити коммуналиву манзилӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат мебошад.

Мо афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнатро ба инобат гирифта, минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем.

Бо ин мақсад бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем ва ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар эътибори бештар дода, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем ва аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем.

Дар баробари ин, барои баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон ва мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти онҳо ба талаботи бозори меҳнат чораҷӯӣ мекунем.

Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба зиёд намудани курсҳои омӯзишӣ барои калонсолон, ҷалби бештари аҳолии бекасб, бахусус, бонувону ҷавонон ба саҳлангорӣ роҳ дода истодаанд.

Дар робита ба ин, роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии омор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта чораҳои муассир андешанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон диққати бештар диҳанд ва аз натиҷаи воқеии корҳои амалигардида дар як сол ду маротиба ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон бо ин, омори ҷойҳои кориро дақиқ намуда, бояд доир ба шумораи ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ба мақомоти дахлдор ахбори саҳеҳ пешниҳод карда шавад.

Тибқи таҳлилҳо танҳо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм 11 ҳазор ҷойҳои холии корӣ мавҷуданд.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.

Дар баробари ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд.

Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад.

Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат минбаъд ба сӯи мамлакати саноативу кишоварзӣ қадам гузошта, дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ хеле зиёд мешавад.

Бинобар ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд.

Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд.

Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд.

Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод менамоям, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати иҷрои мавзӯъҳои фармоишӣ ва истифодаи самараноки онҳо зарурати таҷдиди назар кардани маблағгузории соҳаи илм ба миён омада, Ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ҷиҳати ба танзим даровардани он чораҷӯӣ намояд.

 Бовар дорам, ки минбаъд олимони мо дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.

Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.

Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад.

Дӯстони азиз!

Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳаммияти хосса медиҳад.

Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад.

Танҳо дар понздаҳ соли охир бо мақсади беҳдошти шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти самараноки табибон маблағгузории соҳаи тандурустӣ 19 баробар афзоиш ёфта, то имрӯз дар соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ амалӣ шуда истодааст.

Илова бар ин, ба хотири ҳарчи зудтар бо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ таъмин кардани муассисаҳои тандурустӣ мо дар вилояти Хатлон дуюмин донишгоҳи давлатии тиббии мамлакатро таъсис додем, ки имсол аввалин донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифт.

Дар баробари ин, зарурати беҳтар намудани сифати нерӯи кадрии соҳа, таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо дарназардошти ҳавасмандсозии кормандони соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд.

Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷӯӣ карда, якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад.

Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад.

Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар баробари ин, мунтазам зиёд шудани нархи доруворӣ низ мушкилоти соҳаи тандурустӣ гардидааст.

Бо дарназардошти он, ки зиёда аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мегардад, танзими арзиши доруворӣ, сарфи назар аз мураккабии он, масъалаи бисёр ҳам муҳим ва рӯзмарра мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муҳиммест, ки ба беҳшавии дастрасӣ ва паст шудани нархи он мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ба Ҳукумат пешниҳод манзур намоянд.

Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба шумор меравад.

Ҳоло татбиқи механизми таҷрибавии таъйин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ идома дошта, он соли 2016 дар 40 ноҳияи кишвар амалӣ гардид.

Дар ин асос, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазифадоранд, ки дар самти таъмин намудани самаранокии пешниҳоди кумаки унвонӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа чораҳои судманд андешанд.

Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

Бо мақсади амалишавии ин арзиши конститутсионӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии кишвар такмил дода шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидаанд.

Парламент як қатор қонунҳое қабул намуд, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ равона шудаанд.

Ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода мешавад, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд.

Дар ин раванд, Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.

Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти мазкур вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд.

Бояд зикр кард, ки дар таъмини адолати судӣ иҷрои қарорҳои судӣ нақши муҳим дорад.

Вале таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан қарорҳои судӣ муҳлатҳои зиёд ба иҷро расонида намешаванд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералиро зарур аст, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми мақомоти давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд.

Инчунин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад.

Зеро ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд.

Соли равон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсиши сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия гузаронида шуд.

Тибқи ин назарсанҷӣ коррупсия аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.

Сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад.

Ғайр аз ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани омилҳои зиёди коррупсионӣ дар масъалаҳои вобаста ба андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷетӣ, фондҳо ва қарзи давлатӣ дар қонунгузорӣ барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия салоҳияти мустақилона гузаронидани санҷиши соҳаҳои мазкур муқаррар нашудааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки барои бартараф кардани ин камбудӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.

Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадоранд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин, ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, вусъат диҳанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Бо дарназардошти ин ва вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд.

Вакилони муҳтарам!

Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд.

Ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно бетағйир монда, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Дар ин замина мусоидат ба эҷоди фазои эътимоду амният атрофи кишвар аз роҳи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ, саъю талоши пайваста ҷиҳати ҳалли саривақтии масоили мубрами минтақа дар сархати сиёсати хориҷии давлати мо қарор хоҳад дошт.

Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созандаи дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш медиҳад.

Зимнан, мо ҷиҳати тавсеаи ҳамёрии худ бо шарикони рушд, созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ дар оянда низ тадбирҳои амалӣ хоҳем андешид.

Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳимми сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд.

Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд.

Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад.

Субҳи имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон барқияи табрикӣ ирсол кард. Ва ман низ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба муносибати қабули ин ташаббуси муҳим самимона табрик мегӯям.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Мехоҳам таъкид намоям, ки масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем.

Ман ба қобилияти ташкилотчигии роҳбарони вазорату идораҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тамоми хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар месозанд.

Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.

Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли нави мелодӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, хонаи обод, рӯзгори пур аз файзу баракат ва саломативу барори кор орзу менамоям.

 Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед!

 

 Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия

 

05.11.2016 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 22 сол сипарӣ мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бо ифтихору шодмонӣ ба муносибати ин санаи воқеан таърихӣ табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу осоиш ва ба кишвари маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Имсол Рӯзи Конститутсия ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки мардуми сарбаланди кишвар онро ҳамчун ҷашни муқаддаси таърихӣ бо дастовардҳои арзанда ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол намуданд, рост омад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки агар ба даст овар­дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис­тиқ­лола­мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид.

Дар Конститутсия таъмини соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво­рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Бо дарназардошти он, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд.

Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат­парвар мебошад.

Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд.

 Халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

Рӯзи 22 майи соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд.

Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд.

Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳимми таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробар­ҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд.

Зеро дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ва таъсири торафт афзояндаи равандҳои ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгириф­таи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.

Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.

Дар ин роҳ ба ҳар яки шумо, ҳамватанони азиз, рӯҳи матин, нерӯи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам ва бовар дорам, ки ҳадафҳои созандаву бунёдко­рона минбаъд низ илҳомбахши зиндагии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар хоҳанд буд.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломативу шодкомӣ, бахту саодат ва сарфарозии поянда орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарфароз бошед, ҳамватанони азиз!

 

Суханронӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

 

120.06.2016

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу фархундаи 25 - умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - ошёни баланди мардуми сарфарози тоҷик баргузор шуда истодааст.

Дар ин рӯзи муборак тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро бори дигар табрик мегӯям ва ба хонадони кулли сокинони кишвари маҳбубамон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва ваҳдати миллии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти мо қарор дошт.

Дурустии мавқеъгирии устувори моро гузашти айём ба хубӣ собит намуд.

Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.

Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем.

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош карда истодаанд.

Хотирнишон бояд сохт, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ нақши муассир бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти халқамонро муайян намуд.

Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Ҳамватанони азиз!

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод.

Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад.

Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш тарғибу ташвиқ намоем ва ин иқдомро пайваста вусъат бахшем.

Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

Бо ин мақсад зарур мешуморам, ки:

Якум - мафҳуми сулҳу ваҳдат ба унвони ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ минбаъд бояд ҳамчун василаи муҳимтарини ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамаҷониба ба кор гирифта шавад.

Зеро дар замони пуртазоди имрӯза масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳаммияти хосса касб карда, танҳо инсони дорои тафаккури миллӣ қодир аст, ки барои ҳимояи забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар арзишҳои милливу умумибашарӣ бо иродаи қавӣ талош варзад.

Дуюм - мақоми меҳварӣ пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар таркиби тафаккури миллӣ барои рушди мамлакат роҳи васеътар боз намуда, пояҳои иқтисоди миллӣ ва рушди кишварро ҳамаҷониба тақвият мебахшад.

Сеюм - таҳкими аркони давлат, рушди фарҳанг ва вусъати худогоҳии шахс ва ҷомеа бо тафаккури миллӣ иртиботи мустақим дошта, дар ташаккули инсонҳои бедору огоҳ ва ватанпарвару миллатдӯст нақши василаи муқтадирро мебозад.

Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро дурусту ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ диҳем.

Зеро ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъат пайдо мекунанд ва дар минтақаву кишварҳои алоҳида хатари ба вуҷуд омадани низоъҳои нав пайдо шуда истодааст.

Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ин равандҳои хатарнок дар канор буда наметавонад ва бинобар ин, мо бояд кӯшиш намоем, ки бо тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёрамон манфиатҳои милливу давлатии худро бо ҳушёриву садоқат ҳифз кунем.

Аз ин лиҳоз, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва аҳли зиё, шахсони рӯзгордидаву обрӯманд ва умуман, ҳар як фарди бонангу номуси миллат вазифадоранд, ки барои таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроту мафкураи номатлуб ва мубориза бар зидди ифротгароӣ аз ҳамаи имконияту воситаҳо истифода намоянд.

Ҳамдиёрони азиз!

Аз баракати соҳибистиқлолӣ ва ба шарофати сулҳу суботи комил Ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти тамоми шарҳу ноҳияҳои кишвар, хусусан, минтақаҳои дур¬дасти кӯҳистон эътибори аввалиндараҷа дода, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, инкишофи инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо ҳамин мақсад, мо ҷиҳати тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунтазам чораҷӯӣ карда, дар ин самт ҳамаи захираҳои мавҷударо сафарбар кардаем.

Ба туфайли истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат симои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан тағйир ёфта, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардуми он нисбат ба чанд соли пеш бамаротиб беҳтар шудааст.

Ҳоло тамоми иншооти зарурии ин минтақаи дурдасти диёрамон ба куллӣ навсозӣ шуда, барои боз ҳам ободу зебо ва хурраму сарсабз гардидани шаҳру ноҳияҳои он заминаи устувор гузошта шудааст.

Ҳамин тавр, мо дар муддати начандон зиёд имконият пайдо намудем, ки ин макони биҳиштосои кишварамонро обод гардонида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ корҳои созандагиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муттасил идома диҳем.

Соли гузашта бо сабаби офати табиӣ деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон пурра аз байн рафта, сокинони он, дар баробари хонаву дар, аз тамоми ашёи рӯзгор ва манбаи даромад маҳрум шуданд.

Бо азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ташаббуси сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар муддати кӯтоҳ манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд гардида, сокинони зарардида бо тамоми шароит ва ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд.

Чунин ёрмандиҳои башардӯстона ба ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва Дарвози вилоят низ сари вақт расонида, хонаву манзили сокинон дар муддати кӯтоҳтарин сохта, ба истифода дода шуд.

Имрӯзҳо корҳои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои аҳо¬лии зарардидаи деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон босуръат идома доранд.

Мо қудрати ваҳдати миллӣ, самараи иттиҳоди мардуми нексиришти тоҷикро дар ин рӯзҳои сахт воқеан эҳсос намудем ва шукрона аз даврони истиқлолият менамоем, ки он ба халқи шарафманди тоҷик нерӯву тавон, сабру таҳаммул ва ҳиммати ҷавонмардона ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб боз ҳам муттаҳидтар шуда, даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд ва барои суботи устувор ва оромии ватанамон софдилонаву аҳлона заҳмат мекашанд.

Ман бо бузургиву тавоноӣ ва ҳиммати халқи азизам ифтихор менамоям ва ба ҳамаи онҳое, ки дар чунин амалҳои хайр дасти саховат кушода, ба зарардидагон мадад мерасонанд, изҳори сипос менамоям.

Ин дастҷамъӣ ва ваҳдату сарҷамъии мардум барои ояндагон мактаби бузурги одамгарӣ ва саховатпешагиву инсондӯстӣ ба шумор меравад.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон тавассути амалисозии барномаҳои зиёди давлативу соҳавӣ идома медиҳад.

Ёдовар шудан кофист, ки танҳо дар се соли охир барои рушди вилоят беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Солҳои наздик дар вилоят татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии садҳо миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯ¬гоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша ги¬рифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хоҳад шуд.

Ҳозирини арҷманд!

Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

 Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури мил¬лии мо пайваста такомул ёфта, назария ва ама¬лияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолият тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад.

Ҷавонони мо фарзандони истиқлолият мебошанд, зеро онҳо дар канори истиқлолият ва ҳамроҳ бо озодиву соҳибихтиёрии ватанамон ба камол расидаанд.

Эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми шарифу ҳимматбаланди кишварамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, ниятҳои неки оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои сокинони мамлакат зиндагии боз ҳам беҳтару шоистаро таъмин менамоем.

Бовар дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

Хусусан, имсол, ки истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбуби мо биступанҷсола мешавад, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири ин Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳон боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Яъне тамоми кӯшишу ғайрати мо ва ҳар рӯзи фаъолияти кории кулли фарзандони ватандӯст ва бонангу номуси миллат ба номи истиқлол, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон – Тоҷикистон сафарбар карда шавад.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо арзи сипос ба хурду бузурги мардуми вилоят барои истиқболи гарму самимӣ бори дигар Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ҷашни муқаддасу бузурги дарпешистода - биступанҷумин солгарди давлати Тоҷикистонро ба халқи азизамон, кулли сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, орзумандам, ки ин ҷашнҳои таърихӣ роҳи давлату миллати моро ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшан нигоҳ доранд ва иттиҳоди ҷомеаи моро безаволу ҷовидон гардонанд.

Бигзор, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандӯст оташи меҳру ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад!

Зиндаву ҷовид бод, соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллии мардуми сарбаланди Тоҷикистон!

Ҷашн муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

22.05.2016 18:00, шаҳри Душанбе Ҷавонони саодатманди Ватан! Фарзандони азиз! Дар арафаи ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатӣ шумо созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям. Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред. Шумо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот мебошед, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаатон мақоми ҷавонони кишварамонро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон қарор доред. Ҳукумати кишвар ба нерӯи тавонои шумо эътимод дорад, пешниҳоду ибтикороти шуморо дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои шумо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумат то ба имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад. Бовар дорам, ки шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти ҷавонон заминаи устувор фароҳам оварда, ҳар як ибтикори шоистаи онҳоро ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон пуштибонӣ мекунад. Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву пажӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар бунёди иншооти муҳимми аср фаъолона ширкат варзанд. Дар баробари ин, ба Модар - Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр будан қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру матин мебошад. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд. Шумо, ҷавонони азиз, бояд хуб дарк намоед, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти шумост. Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд. Итминони комил дорам, ки шумо, ҷавонони саодатманд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоред. Бори дигар, ҳамаи шумо, насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоям. Рӯзи ҷавонон муборак, фарзандони хушиқболи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Соли 2015-ум ба таърихи навини кишварамон, қабл аз ҳама, бо чорабинии муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ворид гардид.

Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки интихобот дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шуда, бори дигар болоравии маърифати сиёсиву масъулияти шаҳрвандии мардуми Тоҷикистонро нишон дод.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарифи кишвар барои ширкати фаъолона дар муҳимтарин чорабинии сиёсии сол бори дигар миннатдорӣ баён менамоям.

Дар соли гузашта, ҳамчунин, як силсила маъракаҳои муҳим, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид - Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, 700 - солагии мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 - солагии Ҳисори бостонӣ баргузор гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии хурду бузурги мамлакат, инчунин дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон нақши муассир гузоштанд.

Соли 2015 – ум, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48  миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.

хондани хабари пурра

Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд.

Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид ва шумораи фавти модарону кӯдакон нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.

Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар панҷ соли охир 1,6 баробар ва фавти кӯдакон 2,5 баробар кам шудааст.

Соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, хотиррасон бояд кард, ки соли 2015 аксари соҳаҳои иқтисоди миллии мо таҳти таъсири шадиди омилҳои берунӣ қарор гирифта, ин раванд ба вусъати робитаҳои тиҷоратӣ, тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ то андозае таъсири манфӣ расонид.

Барои пешгирӣ кардани чунин вазъ, Ҳукумат нақшаи чорабиниҳои иловагӣ қабул карда, дар доираи он ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. 

Дар доираи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017” қабул гардид, ки бояд дар асоси он беш аз  300  ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шаванд.

Соли гузашта бо сабаби идома ёфтани тамоюли манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар паст рафта, таъсири омилҳои берунӣ ба пули миллӣ зиёд гардид.

Илова бар ин, офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, як қатор ноҳияҳои водии  Рашт ва вилояти Хатлон ба  иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд.

Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд.

Соли 2015-ум гардиши савдои хориҷии мамлакат нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз, аз ҷумла содирот 9 фоиз, воридот 20 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 7 фоиз коҳиш ёфт.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд қисми зиёди дастуру супоришҳо ва иқдомоти дар Паёми соли 2015 баёнгардида бо дарназардошти имконияту захираҳои мавҷуда иҷро шуд, вале бо сабаби коҳиш ёфтани содироту воридот ва иҷро нашудани баъзе нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву стипендия амалӣ нагардид. 

Вале ин иқдом дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 боқӣ мемонад, зеро ман борҳо таъкид кардаам, ки муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1-уми июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз баланд бардошта мешавад.

Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ бозҳисобӣ (индексатсия) карда мешавад. Барои маблағгузории чорабиниҳои зикршуда аз буҷети давлат дар як сол 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ равона мегардад.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад.

Мо дар даврае қарор дорем, ки муҳлати татбиқи як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ, аз ҷумла аввалин стратегияи миллии рушд ба анҷом мерасад.

Бо мақсади суръат бахшидани корҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Дар санади мазкур се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем.

Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву  дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.

Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад.

Мо инкишофи устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоем ва ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ карда истодаем.

Вобаста ба ин, Ҳукуматро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои зикршуда тақвият бахшида, ҳамкории мақомоти марказӣ ва маҳаллии идораи давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар таъмин намояд.

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо ва ноил шудан ба пешрафти саноати кишвар то ба имрӯз як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардиданд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.

Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Илова бар ин, барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардида, маблағи умумии онҳо дар шаш соли охир 20  миллиард сомонӣ ва танҳо дар соли гузашта 4 миллиард сомониро ташкил кард. Яъне ин маблағҳо бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар ихтиёри соҳибкорон гузошта шудаанд.

Татбиқи чунин тадбирҳо ва барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир зиёд гардида, ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад.

Вале ин нишондиҳанда барои пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар ва афзоиш додани содирот ҳанӯз кофӣ нест. 

Аз ин лиҳоз, моро лозим аст, ки бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоем ва ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф кардан ва барои содироти минбаъдаи онҳо замина фароҳам овардан мумкин аст.

Илова бар ин, дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин,  сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсоли 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Қобили таъкид аст, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, махсусан, корхонаҳои коркарди маъдан ва металлургияи сиёҳу ранга ба нерӯи барқ ва дигар шароити инфрасохторӣ вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ масъалаи ба манбаъҳои ашёи хом наздик ҷойгир кардани онҳо, ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад.

Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст.

Ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи шаклу усулҳои пешрафтаи идоракунии иқтисодиёт барномаҳои соҳавиро дар доираи афзалиятҳои муайяншуда таҳия карда, татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳоро таъмин намоянд.

Робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмин намудани  истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан  густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст.

Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти иқтисодии берунии мо бинобар номутавозин будани истеҳсолоти ватанӣ ҳиссаи воридот нисбат ба талабот то ба ҳол зиёд аст.

Аз ин лиҳоз, дар стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ дар давраи миёнамуҳлат бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо аҳаммияти хосса дода шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки барномаи мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро барои давраи миёнамуҳлат таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Дар доираи татбиқи барномаи зикршуда бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши  маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам  аз 20 номгӯи нави молҳои  ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ карда шавад.

Тавре ки таъкид гардид, инкишофи соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз истеҳсоли нерӯи барқ вобаста мебошад.

Вале бояд гуфт, ки то ба имрӯз ҳаҷми нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда барои таъмин намудани инкишофи устувори иқтисодиёт кифоят намекунад.

Аз ин хотир, моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан, ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи  барқӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.

Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем.

Ҳарчанд ки дар кишвари мо истихроҷи нафту газ ва коркарди маводи сӯзишворӣ хеле кам аст, вале захираҳои гидроэнергетикиамон ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад.

Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳимми таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад.

Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.

Зеро дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳаммияти хосса дорад.

Дар ин росто, бар пояи татбиқ гузоштани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” аз аҳаммияти хоссае бархурдор хоҳад буд.

Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.

То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (300 мегаватт)ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Инчунин, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад.

Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад.  Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда тараққиёти воқеии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир қариб 2 баробар зиёд шудааст ва имрӯз ба ҳисоби миёна 23 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии моро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон аз 27 - уми августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар майдони 50000 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.

Дар иртибот ба ин, зарур аст, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот равона карда шавад.

Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015 - ум 3,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулот таъсири мусбат расонида истодааст.

Аз ин лиҳоз, мехоҳам ба тамоми кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилона ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори сипос намоям.

Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Дар иртибот ба ин, Ҳукумати мамлакат бояд тамоми монеаҳои мавҷударо дар самти содироти меваю сабзавот, аз ҷумла меваи хушк аз байн бардорад.

Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.

Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.

Ҳоло дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2015 азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи  беш аз 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи  Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ анҷом ёфт.

Имсол азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг ба масофаи 88 километр ва ба маблағи 370 миллион сомонӣ ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин, роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат – Ёвон) ба истифода супорида мешавад, яъне робитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон таъмин мегардад.

Мо дар замони истиқлолият беш аз 190 километр роҳи оҳан бунёд кардем.

Дар давоми соли 2016 корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара - Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он, яъне Кӯлоб - Шӯрообод ба масофаи 32 километр ва Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии он беш аз 800 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо корҳои омодасозии лоиҳа барои оғози таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ ба масофаи қариб 110 километр ва арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ идома доранд. 

Танҳо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт айни ҳол зиёда аз 3000 нафар кор мекунанд. Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ, қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шудааст.

Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ғайр аз ин, аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шудаанд.

Дар робита ба ин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъкид месозам, ки ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ эътибори доимӣ диҳанд.

Ҳоло бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Умуман, дар даврони истиқлолият бо ин мақсад дуюним миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Бар асари буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи молиявии кишвар осебпазир гардидааст. Буҷети соли 2016 бо дарназардошти истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои афзалиятҳои миллии муайяншуда дар  ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шудааст, ки нисбат ба соли 2015 беш аз 3 миллиард сомонӣ ё 20 фоиз зиёд мебошад.

Вале бояд гуфт, ки даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам аз омилҳои берунӣ ва андозҳои ғайримустақим вобастагии зиёд дорад.

Дар ин шароит моро лозим меояд, ки сарчашмаҳои даромади буҷетро аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳо таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ доир ба истифодаи самараноки қисми хароҷоти он чораҳои мушаххас андешем. 

Бинобар ин, Вазорати молия ва Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо дигар мақомоти давлатии дахлдор бо мақсади мустаҳкам намудани устувории молиявии кишвар ва кам кардани хавфи пайдоиши буҳронҳо дар бозори молиявӣ, таъмини пешрафти фаъолонаи бозорҳои сармоя дар доираи ҳадафҳои стратегӣ баланд бардоштани самаранокии тақсими захираҳо, сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъмин намоянд.

Инчунин, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия бояд назорати истифодаи шаффофу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти корхонаҳои давлативу ҷамъиятҳои саҳҳомиеро, ки давлат дар онҳо саҳм дорад, инчунин пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсиониро пурзӯр намоянд. 

Солҳои охир мавқеи низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди қарз ба бахши истеҳсолӣ, афзоиши шумораи муштариён, тавсеаи шабакаҳои қарздиҳии хурд, ҷалби сармоя ва амонатҳои шаҳрвандон беҳтар шуда истодааст.

Соли 2015 ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 5 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки қариб 1 миллиарди онҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд.

Шумораи мизоҷони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар давоми сол 15 фоиз зиёд шудааст.

Дар чунин шароит сиёсати пуливу қарзии давлат бояд бо роҳи беҳтар намудани шароити маблағгузории молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ ба ҳавасмандсозии бахши воқеии иқтисодиёт барои ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ нигаронида шуда, инчунин, ба хотири таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, фаъолияти самарабахш ва бехатари низоми пардохтҳо чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд.

Дар ин самт зарур аст, ки Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноку устувори низоми бонкӣ, ҷалби сармоя барои дастгирии бонкҳо ва қарздиҳӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзии бонкҳо ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, таҳкими инфрасохтори низоми пардохт бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фаъол гардонидани бозори коғазҳои қиматнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вакилони муҳтарам!

Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозад.

Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ мо аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис додаем, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Имсол ба фонди мазкур ҷудо намудани 120 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд фақат дар соли 2015 ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 26 фоиз зиёд аст.

Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ амалигардида мавқеи кишвари мо беҳтар шуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар давоми солҳои охир 3 маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.  

Дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ  татбиқ гардида, айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ  амалӣ шуда истодааст.

Инчунин, танҳо дар соли 2015 ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиард сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.

Дар марҳалаи имрӯзаи рушд бахшҳои давлативу хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи афзалиятҳои муайяншуда бояд ширкати фаъолонаи худро идома диҳанд.

Илова бар ин, соҳибкоронро зарур аст, ки ба хотири васеъ намудани фаъолияти худ, ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.

Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар баробари ин, бояд ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ чораҳои муассир андешида шаванд.

Масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буда, онҳо вазифадоранд, ки заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро таҳким бахшанд ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат соли 2015 дар ҳамаи муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, беш аз 200 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омӯхтаанд ва барои фаъолият дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ омода шудаанд. Ин раванд бояд дар оянда идома ёфта, сатҳу сифати касбу ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Дар робита ба ин, роҳбарону масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои коллеҷу литсейҳои касбиву техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ марказҳои таълими калонсолон, инчунин курсҳои омӯзиши касбу ҳунарро ҳарчи бештар  ташкил намоянд. 

Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф бомаром идома дорад. Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузашта, фаъолияти низоми молиявӣ дар ин муассисаҳо ба танзим дароварда шудааст.

Вобаста ба ин, вазоратҳои молия, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати давра ба давра ба маблағгузории сарикасӣ гузаронидани зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ чораҷӯӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 - ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад.

Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд.

Бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази ҳамаи вилоятҳо пешниҳод намояд. Бо ин роҳ мо барои рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалби наврасон ба таҳсилоти муосири босифат имконияти бештар фароҳам меорем.

Бояд гуфт, ки муҳлати татбиқи Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд.

Дар баробари ин, масъулони соҳаи маориф вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намудани “Консепсияи таҳсилоти муттасил барои солҳои 2016 – 2022” чораҷӯӣ карда, барои роҳандозӣ намудани чунин шакли таҳсилот тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки  дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.

Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат ҳар сол гузориш диҳанд.

Ҳоло аз 170 ҳазор донишҷӯёни кишвар 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ ва беш аз 10 ҳазор  нафар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил доранд.

Вале бо вуҷуди ин, имрӯз дар муассисаҳои тандурустӣ қариб 6 ҳазор табибон, 8100 нафар кормандони миёнаи тиббӣ намерасанд ва талаботи солона ба кадрҳои омӯзгорӣ 3600 нафар мебошад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.

Ҳукумат ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад.

Академияи илмҳоро зарур аст, ки минбаъд низ тамоми нерӯи илмии олимонро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар равона сохта, масъалаҳои муҳимми марбут ба иқтисодиёти кишварро таҳқиқ намояд ва дар пешрафти устувори мамлакат саҳми худро гузорад.

Инчунин, олимони соҳаҳои геология ва табиатшиносиро зарур аст, ки дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, таҳлил ва ба захираҳои давлатӣ ворид намудани сарватҳои табиии кишвар бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории  зич дошта бошанд.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, олимони ҷомеашиноси мо бояд дастовардҳои таърихии халқамонро бештар тарғиб намоянд ва таҳқиқоташонро ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона созанд.

Дар ин раванд муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд.

Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумат дар ин самт дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст.

Аммо ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанӯз хеле каманд.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайёр кардани чунин мутахассисон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарону  масъулони соҳа бошад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки то ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад.

Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад.

Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 ва вилояти Суғд 20 нафар мебошад.

Дар баробари ин, Донишгоҳи тиббӣ, ки дар мамлакат ягона мебошад, масъалаи тайёр кардани кадрҳоро дар ин соҳа пурра иҷро карда натавониста истодааст ва заминаи моддиву техникии он имкон намедиҳад, ки қабулро зиёд карда, талаботи кишварро вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар муқоиса бо ҳафтоду ҳафт соли пеш, яъне соли таъсиси донишгоҳ, ки аҳолии Тоҷикистон аз якуним миллион нафар камтар буд, қонеъ гардонад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кардани он чораҷӯӣ намоянд ва илова бар ин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла истифодабарандагони таҷҳизоти электронии тиббӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ба Ҳукумат, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар бобати иҷрои пурраи талаботи Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, доир ба васеъ кардани пойгоҳи таълимӣ ва рушди инфрасохтори донишгоҳ дар муҳлати кӯтоҳтарин хулосаи асоснокшударо ба Президенти мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005  14 баробар зиёд мебошад.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тибби мо бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст.

Инчунин, дар даҳ соли охир сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ба ҳисоби миёна 24 баробар, аз ҷумла нишондиҳандаи бемории сил 17 фоиз коҳиш ёфтааст.

Таҷрибаи дусолаи ҳамгироии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонии маъюбон ва таъйину муқаррарсозии маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти муассисаҳои будубоши доимӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб натиҷаҳои назаррас бахшид.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳарчанд вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст, лекин кӯшиш бояд кард, ки ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани зиндагии гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа  шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад.

Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

Дар ин росто, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вакилони муҳтарам!

Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти  худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.

Роҳбарони сохтору мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки дар баробари омодагии ҳаматарафаи ҳарбӣ ва касбии ҳайати шахсӣ ва кормандону хизматчиёни ҳарбӣ ба масъалаи тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии онҳо диққати доимӣ диҳанд.

Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумат зарур аст, ки маблағгузории сохтору мақомоти зикршударо аз буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд карда, таъминоти моддиву техникии онҳоро тибқи талаботи рӯз ва вазъи сиёсии ҷаҳон  ба роҳ монад.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар  санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.

Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ  халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву  бунёдкорӣ берун созад.

Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро  ҳифз ва таъмин намоянд.

Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи  минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои  ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.

Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад.

Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи  генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.

Бинобар ин,  Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи  шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки риояи қатъии қонунҳо, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва тартибу интизом дар сохторҳои низомии кишвар бояд таҳти назорати доимии роҳбарони сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти прокуратура қарор дошта бошад.

Мо на як бору ду бор изҳор доштаем, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон бо ин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси  афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд.

Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна  героин  мусодира карда шудааст, ки ин миқдор метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  бояд дар ин самт фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили  нашъаҷаллоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз хатарҳои  дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи  он  дар арсаи  ҷаҳонӣ  таъсири манфӣ  мерасонад, коррупсия мебошад.

Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ  зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда  шавад.

Дар баробари ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вакилони муҳтарам!

Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.

Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.

Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Россия идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид.

Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.

Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем.

Дар ин раванд таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.

Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамари нерӯи инсонӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят, дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд. 

Соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва итминон дорам, ки ин санаи бузургу тақдирсозро мо ҳама якҷо бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

Бо дарназардошти ин, аз аъзои Ҳукумат, ҳамаи роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар, аз ҷумла шумо - вакилони муҳтарам, тақозо мегардад, ки дар чунин давраи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошед.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем.

Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад.

Ман ҳоло бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо бо такя ба нерӯи созандаи мардуми соҳибмаърифати худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо ба ҳамаи мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем.

Дар роҳи расидан ба ин ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созанда халқи заҳматкашу матинирода, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди кишварамон, инчунин ҳамватанони бурунмарзиамон, ки дар кишварҳои гуногуни олам кору зиндагӣ доранд, ҳамеша дастгиру пуштибони сиёсати давлат мебошанд.

Барои чунин дастгирии самимона ба хурду бузурги кишвари азизамон сидқан сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям. 

Дар амри амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созанда ва иҷрои  рисолати пурифтихори ватандорӣ ба кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзумандам.

Ҳамеша саломату хонаобод бошед!

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ