27
Май
2019

ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ ГЕОПОРТАЛ

   Дар доираи лоиҳаи «Таҳкими азхудкунии захираҳои табиӣ барои некӯахволии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 майи соли ҷорӣ Саридораи геология мизбони баргузории вохӯрии намояндагони гурӯҳи Геопортали Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон гардид.  

   Вохӯрии мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳуми имзо шуда байни Саридораи геология ва Хадамоти геологии Финландия гузаронида шуда, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҷобаҷогузории маълумотҳо ва такмил додани сомонаи Геопортал мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Бояд қайд намуд, ки намояндаи Кумитаи давлатии Ӯзбекистон оид ба геология ва канданиҳои фоиданок, оиди хамроҳ шудан ба Геопортали минтақавӣ изҳори омодагӣ намуд.

    Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

МАРКАЗИ МАТБУОТӢ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ