31
Август
2017

ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА

         Имрӯз дар Саридораи геология вохӯрии сардори Саридора  Файзуллозода Заробиддин бо намояндагони

Созмони Фокус Кӯмаки Башардӯстона дар Тоҷикистон Ҳадӣ Ҳусайнӣ ва Бобов Руслан баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дутарафа ва корҳои омодагӣ ба ифтитоҳи Маркази пешгӯии равандҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ дар назди Саридораи геология баррасӣ гардиданд.

      Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкориҳоро дар самти омӯзиши равандҳои экзогенӣ-геологӣ, мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ, таҳлили шароитҳои геологӣ ва гидрогеологӣ, тадқиқотҳои илмӣ, дарсҳои омӯзишӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва ғайра идома диҳанд. 

        Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ гузашт.

        

Маркази матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ