13
Июнь
2018

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои амни ҷаҳон 4 зина боло рафт

Институти таҳқиқотии иқтисод  ва сулҳ (Institute of Economy and Peace) феҳрасти нави индекси кишварҳои амниятиро интишор сохт, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 зина боло рафтааст. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ин имконият бо талошҳои созанда, сулҳпарварона ва ваҳдатгарои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд шуда, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор  гардид. Тоҷикистон дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гашт ва мувофиқи иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ, мавқеи намоён касб намуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки раддабандии кишварҳои дунё аз ҷониби Институти иқтисод  ва сулҳ соле як маротиба таҳия гардида, интишор меёбад ва дар он кишварҳо аз рӯи сатҳи амниятии хеш ҷойгир карда мешаванд.

Тоҷикистон соли гузашта дар зинаи 117 қарор дошт ва тибқи феҳрасти ҷадид, дар зинаи 114 ҷой гирифа, ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки дар он сатҳи бехатарии дараҷаи миёна мавҷуд аст. Дар ин гурӯҳ Тоҷикистон аз Туркманистон, Арманистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Россия, Туркия ва Исроил  боло меистад.

Қобили зикр аст, ки Институти таҳқиқотии иқтисод  ва сулҳ ҳангоми таҳқиқ ва баҳодиҳӣ ҳама омилҳои ба бехатарии сайёҳон таъсиррасонро ба инобат мегирад.

Институти таҳқиқотии иқтисод ва сулҳ мустақил, беғараз, ғайритиҷоратӣ ва таҳлилӣ буда, вазъи сулҳро дар ҷаҳон бо ченакҳои зерин баҳогузорӣ менамояд:

пойдории сулҳ дар сатҳи миллӣ ва глобалӣ ба хотири баҳогузории масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ;

баҳодиҳии иқтисодиёти ҷаҳон бо методи нав барои муайян намудани натиҷаи иқтисодии фишангҳо дар иқтисод;

мафҳуми хавф, муайян намудани тоқатпазирии миллатҳо дар қиболи хатарҳои дохилию берунӣ.

Бо дарназардошти ҳамин омилҳо феҳрасти кишварҳои амн таҳия мегардад ва боиси хушҳолист, ки Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми сазовореро ишғол намуда, барои сайёҳони кишварҳои ҷаҳон тавсия дода мешавад.

Дар феҳрасти навини индекси кишварҳои амниятӣ мавқеи тавсияшавандаро соҳиб шудани Тоҷикисон дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар арафаи ҷашнгирии 21 солагии Ваҳдати миллӣ пайки хуш арзёбӣ мегардад.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ