12
Июнь
2019

ТЕРРОРИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

     «Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рў шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд» дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” барраси карда шуд.

     Падидаи номатлубе, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин хатари паҳн гардидани терроризм мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нопоки худ расидан аксаран ҳаракату равияҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан ва амали намудани ниятхои ғаразноки худ истифода баранд. Ҷомеаи солими имрўзаро мебояд бар зидди ин хатари чаҳони муборизаи беамон барад.

   Тавре маълум аст, ки гурўҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии худ номи дини исломро бадном намуда, аз ҷониби тамоми уламои мўътабари исломӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ онҳоро гурўҳҳои ғайриисломӣ эълон намудаанд. Аз ҷумла, соли 2014 намояндагони уламои бузурги исломӣ аз 126 кишвари ҷаҳон бо имзои фатвои муштарак ва фиристодани мактуби якҷоя ба роҳбарони гурўҳи “Давлати исломӣ” эълон намуданд, ки амалҳои ин гурўҳ пурра зидди таълимоти исломӣ буда, ин гурўҳ ҳаргиз ҳақ надорад, ки худро гурўҳи исломӣ номад.

   Таъкид кардан ба маврид аст, ки имрўзҳо ҷаҳони муосир давраи ҳассосеро паси сар намуда истодааст ва гурўҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз қабили ДИИШ фаъол шуда истодаанд. Барои решакан намудан ва пеши роҳи ҳамагуна амалҳои террористиро гирифтан, мебояд муборизаи беамони давлатҳои пешрафта ва ташкилотҳои бонуфузи дунёро истифода кард. Тайи солҳои охир дар натиҷаи таркиш ва амалҳои террористӣ дар тамоми ҷаҳон ҳазорҳо нафар инсонҳо ҷони худро аз даст додаанд, ки аксарияташон кўдакони ноболиғ мебошанд.

    Дар ҷангҳои Сурияву Ироқ садҳо ҷавонони тоҷик бо роҳҳои фанду фиреб ва ваъдаи анҷом намудани “ҷиҳод” дар роҳи ислом ба сафи гурўҳи ба ном “Давлати исломӣ” шомил шуда, ҷони худро қурбон намуданд ва ин амалкардаҳои ғайриинсонӣ ва ғайриисломии онҳоро ислом ва мазҳаби ҳанафӣ қабул надорад. Зеро, ки мудҳиштарин ва бадтарин гуноҳ ва ҷиноятро анҷом намуданд, ки аз дасти онҳо садҳо кўдак ятим ва бехона гаштанд. Худи фарзандони ҷангиёни тоҷик, ки дар гурўҳи ба ном “Давлати исломӣ” иштирок намуданд, ятим мондан ва як муддат дар бошгоҳҳои Сурия ва Ироқ нигоҳ дошта шуданд. Бо дастгирӣ ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи он 84 нафар кўдакони ноболиғи аз волидайн маҳрум гардида ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба мизбони ташкил ва гузаронидани конфронсҳои сатҳи баланд гардид, ки дар ингуна конфронсҳои сатҳи баланд намояндагони даҳҳо давлату ташкилотҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо давлатҳои абарқудрат ва ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳи Афғонистон ва давлатҳои ҷангзадаи Ховари миёна, аз қабили Сурияву Ироқ назаррас аст.

 

Шуъбаи робитаҳои

хориҷии Саридораи геология                                                                       Ҷуразода А.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ