07
Июнь
2019

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУН эълон мекунад

Номгӯи мансабҳои холии шуъба ва бахшҳои Саридораи геология ба озмун пешниҳодшуда шумораи мансаб маош бо сомонӣ
Сардори шуъбаи   ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо 1 1533,60
Сардори шуъбаи гидрогеология ва геология муҳандисӣ 1 1533,60
Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷӣ 1 1140,00
Мутахассиси пешбари   шуъбаи геология 1 930,00
Мутахассис пешбари шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ 1 930,00
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фондҳои иттилоотӣ геологӣ 1 930,00
Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисодӣ 1 930,00
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисобот ва молия 1 930,00
Мутахассиси шуъбаи геология 1 768,00
Мутахассиси шуъбаи истеҳсолию техникӣ 1 768,00
Мутахассиси шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ 1 768,00

 

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲО:

Барои ишғоли мансабҳои сардор:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансабҳои сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 Барои ишғоли мансабҳои мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби  мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  0,38 УЕ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ (ИТС);

- маълумотнома (справка- объективка).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо на дертар аз 21 рӯз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун муайян карда мешавад.

Нишонӣ: кӯчаи Мирзо Турсунзода 27.

Телефонҳо барои тамос: 227-18-30, 227-27-29

Эзоҳ: ба бонувон ва шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд бартарӣ пешбинӣ карда мешавад.

 

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ