10
Сентябрь
2019

РОҒУН-КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН

    Санаи 9 сентябри соли 2019 тамоми сокинони сарбаланду шарафманди кишвари соҳибистиқлоламон–Тоҷикистони азиз шоҳиди боз як рӯйдоди муҳиму таърихӣ–ба истифода додани агрегати дуюми иншооти бузурги аср–Нерӯгоҳи Барқию Обии «Роғун» гардиданд. Дар ин рӯзи фархунда–Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тугмаи рамзии чархаи дуюми НБО «Роғун»-ро пахш намуданд.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон шоҳиди ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи «Роғун»–нуристони Истиқлолият ва машъали рахшони ватандорӣ гардиданд, ки ин ҳама иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шуҳратманди мо аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки агрегати аввали бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ - НБО “Роғун” санаи 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, ки воқеан ҳам барои миллати тоҷик як санаи муҳими таърихи ба шумор меравад.

Дар ин рӯзи таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид карда буданд, ки: «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву худогоҳӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!»

Дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи «Роғун» рамзи дурахшони созандагию бунёдкорӣ, ифтихори баланди ватандорӣ буда, бунёди Нерӯгоҳи «Роғун» ғояи баланди миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси сиёсати ватандӯстона ва талошу заҳматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.

Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Истиқлолияти энергетики яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, барои расидан ба он тамоми захираву   имкониятҳоро   сафарбар   карда шудааст.

Татбиқи чандин лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи ҳамин кӯшишҳои пайваста буда, имрӯз ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодааст.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ—саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.

Роғун кохи нури Тоҷикистон баҳисоб рафта бунёди он ободиву сарсабзӣ, тараққиёти саноат, рушди кишоварзӣ ва рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадонро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.

Лозим ба ёдоварист, ки ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст, ки дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба истифода додани агрегати дуюми «Роғун» таъкид намуданд, ки:

«Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».

“Бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад”.

“Роғун барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад!”

“Роғун”ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст”.

ХАДАМОТИ МАТБУОТӢ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ