29
Май
2019

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд

   29 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин Молдова чун давлати нозир ва Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба ҷониби Қазоқистон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳодро муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ИДМ ва СААД ба ҳам мепайвандад. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо исботи ин гуфтаҳост.

Сарвари давлат зикр карданд, ки масъалаи рушд ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони Иттиҳод дар сиёсати хориҷии мо ҳамеша мақоми махсус дорад ва ҳоҳад дошт. Дар ин росто мо ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар соҳаи амният аҳамияти хоса медиҳем, таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат зикр карданд, ки кишварҳои мо дар ҷаҳорчуби ҳамгироӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, чун терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, якҷо бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, иттифоқчии воқеъӣ мебошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мо метавонем бо дарёфти роҳҳои хуби таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар ҳалли вазифаҳои бузург дар ҳамаи самтҳо, муваффақ гардем.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ