24
Ноябрь
2020

Паёми табрикии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Ҳамкорони азиз!

Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои муҳими давлатдории миллӣ ва сарчашмаи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар маҳсуб меёбад, самимона табрик менамоям.

Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад. Ин рамзи муҳими давлатдорӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.

Имрӯзҳо ҳамчун рамзи муттаҳидӣ дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳои мамлакат майдонҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштаанд, ки ифодаи арҷгузории мардуми сарбаланди кишвар ба ин муқаддасоти миллӣ мебошад. Ин лаҳзаҳо бо ифодаи шаҳомати бузурги ливои парафшони кишвар мехоҳам суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хотир оварам: «Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад».

Боиси ифтихор аст, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон Парчами давлатии мамлакат борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта шуд, он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, дар балантарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) ва тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд!

Изҳори боварӣ дорем, ки кормандони соҳаи геология минбаъд низ дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардида, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамоянд.

Иди умумимиллӣ - Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Дафтари матбуот

 

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ