07
Июнь
2019

ОЛАМ ҲАМА АЗ ПАСИ КОРУ НАҲЗАТ ВАЙРОН КОР

   Бебаҳс ва бешубҳа аст, ки ташкилкунандагони ҷанги бародаркушии солҳои 1992 – 1997 роҳбарон ва таъсисдиҳандагони ҳамонвақтаи наҳзатиҳо буданд, ки бо ниятҳои ғаразнок, ҷаҳду талошҳои нокоми худ, қатлу ғорати мардуми тоҷик, ки ҳазорон кӯдак ятим ва модари тоҷик бевазан монда буд, мехостанд миллати тоҷикро пароканда ва ба вартаи нобудӣ расонанд. Роҳбарони вақтии наҳзатӣ бо дастгирӣ ва ваъдаҳои холии хоҷагони хориҷии худ, бо ҷиноятҳои сангин, рафтори ноҷавонмардона ва ғайриахлоқию ғайриисломӣ аз номи дини ислом баромад намуда, ҳаммеҳанонашонро қатлу ғорат менамуданд.

 

Мардуми тоҷик ва тоҷикистониёни огоҳ аз даврони ҷанги таҳмилии солҳои 1992 – 1997 медонистанд, ки раванди ба даст овардани сулҳи тоҷикон кори дасти наҳзатиҳои террористу экстремист набуда, балки саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дида мешавад. Наҳзатиҳои террористу экстремист танҳо бадбахтӣ ва хонавайронкуниҳоро ба сари мардуми мазлуму бечораи тоҷик оварданду халос.

Қайд кардан ба маврид аст, ки наҳзатиҳои бадбахту ҷоҳил даҳҳо тан аз чеҳраҳои сиёсии тоҷикро, ки барои халқу Ватан содиқона хизмат мекарданд ва доимо дар паҳлуи мардуми тоҷик буданд, ваҳшиёна қатл намуда, хонаҳо ва молу мулки онҳоро ба коми оташ кашиданд.

Агар дар раванди сулҳе, ки соли 1997 бо кӯшишу талошҳои фарзандони миллати тоҷик ба даст омада буд, наҳзатиҳои террорист заррае агар саҳм мегузоштанд, онро пойдор ва гиромӣ медоштанд, зеро наҳзатиҳои бадбахт аз мақсад ва амалкардаҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонии худ даст накашида, соли 2015 мехостанд фазои сулҳи ороми Тоҷикистонро ноором намуда, бо супориш ва дастури хоҷагони хориҷиашон боз даст ба қатлу ғорати мардуми бечора заданд. Қатлу ғорати наҳзатиҳои террорист дер давом накарда, зуд маҳв гардиданд ва баъзеи онҳо аз Ватан баромада рафтанд. Зеро ки наҳзатиҳои террорист ҳамеша ҷонибдори зӯроварию қатли куштор буда, ҳар гоҳе чунин амалҳои манфурро роҳандозӣ менамуданд. Амалҳо ва воқеаҳои анҷомдода нишон медиҳанд, ки маҳз аҳдшиканиву сулҳшиканӣ кори дасти роҳбарону масъулони ташкилоти наҳзатӣ мебошанд.

Имрӯз бошад, роҳбари Ташкилоти террористӣ – экстремистии дар Тоҷикистон мамнуъ Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ хориҷ аз кишвар баҳри иҷрои супоришу дастурҳои хоҷагони хориҷии худ мебояд бухсу ҳусуди ифротгаронро дар замини файзбори Тоҷикистон кишт намоянд, бехабаранд, ки тухми ғаразноки пошидаи онҳо дар ягон давлати дунё неш намезанад. Тариқи сомонаҳои интернетӣ баромад ва суханронӣ намуда, нисбати давлату ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҳарфҳои ноҷо ва бардурӯғ мегӯяд. Инчунин, Кабирии хоин ҳамеша суханони бардурӯғ ва сафсатаҳо бофта террористон ва экстремистони қаттолу ғоратгари наҳзатиро бегуноҳ нишон додан мехоҳанд.

Кабирии хоини ватанфурӯш, имрӯзҳо ба ташкилотҳои бонуфуз муроҷиат намуда, мехоҳад худ ва ҳаммаслаконашро сафед намуда, аз хоҷагони худ баҳри таблиғ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ – нажодӣ дар байни мардуми тоҷик, маблағҳои калонро талаб намуда истодааст.

Мо мардуми тоҷик бояд зираку ҳушёр ва дар паҳлуи ҳам бошем, то ки нагузорем душмани ин Ватан бо чашми бад ба ин сарзамини биҳиштосо назар намуда, баҳри гул – гулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем. Ҳаматарафа амалҳо ва кардаҳои наҳзатиҳоро ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқӣ хонда, ба ин ашхосгуфтанием, ки суханҳои иғвоангезандаи худро хотима дода, хулосаи даркорӣ ва амиқ бароранд ва як чизро хуб ба эътибор гиранду фаромӯш насозанд, ки халқу миллати тоҷик дигар фирефтаи ин гуна шахсони хоину беватан намешаванд ва ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мерасанд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТӢ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ