06
Сентябрь
2019

МАКТАБИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

     Санаи 5 сентябри соли 2019 дар деҳаи дурдасти “Сангчашма”-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ва намояндаи Ҳукумати мамлакат, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Илҳомҷон Оймуҳаммадзода мактаби наву замонавӣ ифтитоҳ карда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки армуғони шоиста барои хонандагони деҳаи мазкур бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шуда, дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия, бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта ба истофода дода шуд.

        Дар рафти ифтитоҳи мактаби мазкур Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳаи “Сангчашма”-ро ба муносибати ифтитоҳи мактаби замонавӣ ва таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуданд. Сипас, сухан ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дода шуд. Сардори Саридора омӯзгорон ва хонандагонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, барояшон саломатӣ, бахту саодат ва ба тарбиятгирандагон хониши хубу аълоро таманно намуда, таъкид карда шуд, ки дар арафаи соли нави хониш ифтитоҳи ин таълимгоҳ тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба хонандагону омӯзгорон мебошад.

         Ҳамчунин, қайд карда шуд, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷаи давлат, Ҳукумати мамлакат ва аҳли маориф ба ҳисоб рафта, мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимӣ дар «Сангчашма»-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, ин гувоҳи ғамхорию пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбати соҳаи мактабу маориф мебошад.

Аз ҷониби роҳбарият ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 барои чунин ғамхорӣ, яъне бунёди мактаби наву замонавӣ ба Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ноҳия изҳори сипос карда шуд.

Хадамоти Матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ