26
Июнь
2018

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 21-УМИН СОЛГАРДИ РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрўз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшидаба 21-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Нахуст маҷлиси тантанавиро сардори Саридораи геологиябо сухани табрикоти ба муносибати ин ҷашни миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Дар сухани табрикотии хеш, сардори Саридораи геология ҳозиринро ба муносибати таҳлили 21-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

Баъд аз суханронии сардори Саридораи геология, Самиева Раъно Яҳёевна директори генералии ҶСК“Ташхисгоҳи геологӣ” ва Ҳасанов Фирдавс – сардори Гурўҳи ғайримаъдани КВ “ЭҶАГ” суханронӣ намуда, ҳозиринро табрик намуданд.

Дар охир барои хизматҳо ва саҳми арзанда гузоштан дар соҳаи геология аз тарафи сардори Саридораи геология ба Шониёзов Тошпулод ва Саидов Саидаҳмад ифтихорномаҳо ба муносибати ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ