06
Сентябрь
2019

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 28-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСОН

Санаи 5 сентябри соли 2019 дар қасри фарҳанги маркази ноҳияи Мастчоҳ–шаҳраки Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлис бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хондани Суруди миллӣ шурӯъ гардида, нахуст Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ҳозиринро шодбош гуфта, ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуданд.

Сипас, сухан ба намояндаи Ҳукумати мамлакат, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дода шуд. Сардори Саридора аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат сокинони ноҳияро ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, аз моҳияти озодию истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ёдовар шуда, барои фаъолияти пурсамар дар рушду пешрафти ҷомеа ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Хадамоти Матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ