11
Июнь
2018

КУРСҲОИ ОМЎЗИШӢ ДАР ФИНЛАНДИЯ

    Мутахассисони соҳа дар курсҳои омўзишӣ доир ба коркард ва ворид намудани ахборотњои геологӣ дар геопортали Саридораи геология дар ш.Эспои Финляндия иштирок варзиданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Хадамоти геологии Финландия мутахассисони зиёди соҳа аз соли 2011 малакаи кордонии худро такмил дода ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, рақамикунонии харитаҳои геологӣ, ташкили харитаи геологии миқёсӣ 1:200000 яке аз дастовардҳои мутахассисони соҳа мебошанд. То имрўз дар доираи ин лоиҳа зиёда 30 нафар мутахассисон таҷриба омўхта савияи дониши худро баланд намудаанд.

Хадамоти матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ