02
Октябрь
2019

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ XXIII-ЮМИ ШӮРОИ БАЙНИҲУКУМАТӢ ОИД БА ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ҚАЪРИ ЗАМИНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ

Ҳайати Саридораи геология таҳти роҳбарии сардори саридора Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон, сардори шуъбаи геология – Бобоев С.Н., директори ҶСК “Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ” – Ғоибов М. ва сардори КВ “Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён” – Шералиев Ғ.Б. дар кори ҷаласаи XXIII-юми Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба истифода ва њифзи қаъри замини давлатҳои аъзои ИДМ, ки 25-26 сентябри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа сардори саридора ҳисобот оиди корҳои анҷомдодашудаи Саридораи геология байни ҷаласаҳои XXII – XXIII маъруза намуданд.

Ҳамчунин, дар кори ҷаласа масъалаҳои низоми мониторинги батанзимдарории ҳуқуқии истифодаи қаъри замини давлатҳои аъзо, мониторинги обҳои зеризаминии ҳудудҳои наздисарҳадӣ, воридшавӣ ба лоиҳаи “OneGeology” ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТӢ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ