13
Июнь
2018

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

   Бо ташаббуси шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо соли 2017 дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Ва бо супориши бевоситаи Пешвои миллат роҳбарияти шаҳри Душанбе, иловатан, тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад.

Ин буд, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон № 74 - Ф аз 10 ноябри соли 2017 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе № 717 аз 23 ноябри соли 2017 барои сохта ва ба истифода супоридани майдончаи варзишӣ дар кўчаи Акбар Махсум, маҳаллаи Чиноро - 2, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вазифадор гардида буд.

Дар асоси шартнома, корҳо аз ҷониби пудратчӣ ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии љанубӣ» тибқи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» оғоз карда шуда, санаи 13 майи соли ҷорӣ бо сифати баланди меъмарӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва истиқоматкунандагони маҳалла бо тантана ба истифода супорида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди бунёду сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум нақши муассир хоҳад гузошт.

Хадамоти матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ