05
Сентябрь
2017

ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА

       Имрӯз дар толори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сардори Саридораи геология Файзуллозода Заробиддин ва Директори кулли ширкати «Trans-tajik Gas Pipeline Co Ltd» ҷаноби Лю Тао, директори шӯрои директорони ширкати мазкур Шамсиддинзода С. вохӯрӣ баргузор гардид.

         Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти корҳои пармакунӣ ва таркишӣ, гидрогеологӣ ва геологӣ миёни Саридораи геология ва ширкати «Trans-tajik Gas Pipeline Co Ltd» баррасӣ гардида, инчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда имзошавии созишнома пешниҳод гардид.

         Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ гузашт.

Хадамоти матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ