13
Ноябрь
2020

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

    Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр бошукӯҳ таҷлил менамоянд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарият, кормандон ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласаи тантанавиро Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф аз хизматҳои бешумули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки интихоб гардидани 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карда, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун фарди сулҳовар, ғамхори миллат мешиносаду эҳтиром мекунад. Хизматҳои беназири ин абармарди хирад ва сиёсат сабаб гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфта, чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати хос бархурдор гардад. Воқеан рушду нумӯи ҳар давлат ба дониш, ақлу заковат, хиради инсонии Президенти ҳамон мамлакат вобастагӣ дорад.

Муовини саркотиби илмҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Акмал Нематов дар мавзӯи “Аҳамияти ниҳоди президентӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” маърӯза намуда, зикр кард, ки таъсиси Институти президентӣ марҳилаи нави рушди давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи тасдиқи унсурҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ устувор гардид. Пеш аз ҳама зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии он, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи омилҳоянд, ки ба ташкили қолаби нави идора бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон асос гузоштанд.

Ниҳоди президентӣ ниҳоди демократӣ мебошад. Ин ниҳод маҳз дар партави ақидаҳои демократӣ ба вуҷуд омадааст. Таъсиси институти президентӣ марҳилаи нави рушди давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи тасдиқи унсурҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қадами устувор гардид. Маҳз ҷорӣ кардани ниҳоди президентӣ боиси рушди устувор ва пешрафти бемайлон ва бесобиқаи идораи давлатӣ ва раёсати ҷумҳурӣ гардид.

Доктори илмҳои ҳуқуқ Эмомалӣ Буриев зимни маърӯза дар мавзӯи “Ниҳоди президентӣ: таърих ва имрӯз” таъкид кард, ки барои он ки аҳамият ва мавқеи калидии ниҳоди Президент дар давлатдории муосири миллати тоҷик ва ҳаёти тоҷикистониён дарк гардад, бояд таърихи пайдоиш ва ташаккул, омилу сабабҳои муассир ба ворид намудани он ба ҳаёти сиёсӣ ва нақши онро дар ҳаёти муосир таҳлил намуд.

Инчунин зикр гардид, ки таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сол то сол дар ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад. Ин ҳама дастовардҳои арзишманд бевосита ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд.

Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи шукргузорӣ аз озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ мебошад.

Дафтари матбуот

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ