Самтҳои асосии фаъолияти Маркази додаҳои улуми замин

Маркази додаҳои улуми замин соли 2006 бо ташаббуси Саридораи геологияи назди ҲҶТба мақсади таҳияи маълумоти тавзеҳӣ ва маконӣ дар бораи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Марказ соли 2011 тибқи шартномаи байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Заминшиносии Эрон ба имзорасида бо утоқи корӣ таъмин шуда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон, аз ҷумла 6-то сервер, плоттер, принтер ва 20 компютер таҷҳизонида шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти марказ: ҷамъоварӣ, ташкил ва дар шакли рақамӣ нигоҳ доштани маълумотҳои тавзеҳӣ ва маконӣ; ташкили базаи маълумот; идоракуни ҳаҷми калони маълумот ва таҳияи стандартҳои ба талабот ҷавобгў; идоракунии маълумоти аз манбаъҳои гуногун ҷамъоваришуда; моделсозӣ ва тайёр кардани маълумотҳои ибтидоии зарурӣ; якҷоя кардани маҷмўи гуногуни маълумотҳо; тайёр ва таҳия намудани харитаҳои нави мавзўӣ; кашидани харитаҳо ба методҳои таҳқиқи геогогӣ, геофизикӣ ва фосилавӣ асосёфтаи маъданҳо бо моделсозии минбаъдаи нишонаҳои маъданҳо. Марказ ҷиҳати ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои тайёр кардани харитаҳои рақамӣ, ки ба устувории нишебиҳо, эрозия ва дигар равандҳои экзогении геологӣ асос ёфтааст, бо дигар шуъбаҳо ва корхонаҳои зертобеи Саридораи геология ҳамкорӣ мекунад. Айни ҳол дар марказ 13 нафар мутахассисони ҷавон кор ва фаъолият мекунанд, ки онҳо бо рақамикунии харитаҳо, маводҳои гуногуни геологи ва бойгони бо барномаҳои ArcGIS, AutoCAD ва CorelDRAW, моделсозии конҳо бо барномаи MICROMINE инчунин нусхабардорӣ ва чоп кардани харитаҳои ранга аз фармати А4 то А0+ .

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ