МАЪЛУМОТНОМА
Дар бораи хаёт ва фаъолияти Холмуродов Б.Х.

Холмуродов Боймурод Холмуродович 29 августи соли 1935 дар деҳаи Зимтӯди ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Мактаби ҳаштсоларо дар деҳаи Зимтӯд ва мактаби миёнаро соли 1953 дар шаҳри Панҷакент хатм карда ба факултаи геологияи Университети Давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Солҳои 1958-1964 дар конҳои Исфара ва экспедитсияи Курама фаъолият мекунад. Соли 1964 ба экспедитсияи Моғиён даъват шуда аввал геолог баъд ба сифати роҳбари гурӯҳҳои ҷустуҷӯи иҷрои вазифа кардааст.

         Аз соли 1976 то соли 1993 вазифаи сардори экспедитсияи иктишофи-геологии Моғиёнро ба ӯҳда дошт.

      Дар тӯли солҳои сарварии якчанд гуруҳҳои геологӣ буданаш худро ҳамчун мутахассиси хуби соҳаи геология, сарвари сахтгиру серталаб ва қадршинос нишон дод. Кордонии ӯро ба назар гирифта Саридораи Геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1976 сардори яке аз калонтарин ва пешқадамтарин экспедитсия, экспедитсияи иктишофи-геологии Моғиён дар водии Зарафшон таъин намуд. Солҳое, ки ӯ сардори экспедитсия буд яъне солҳои 70-80 асри ХХ ин экспедитсияи геологӣ фарқаш аз дигар экспедитсияҳои иктишофи геологӣ дар он буд, ки хамеша натиҷаҳои хубу назаррасро ба даст меовард. Дар ин давраҳо хизматҳои Холмуродов дар кашф ва кушодашавии кони тиллои Тарор (ҳоло дар он корхонаи муштараки Зарафшон фаъолият мекунад хеле бузург аст замоне, ки Холмуродов Б.Х. кашфи канданиҳои фоиданоки водии Зарафшонро ба ӯҳда дошт худро ҳамчун сарвари кордон ташкилотчии доно, геологи барҷаста ба тамоми Ҷумҳурӣ ҳатто дар сатҳи геологияи иттиҳоди шӯрави муаррифӣ намуд. Ӯро бо меҳрубони русзабонҳо бо ҳурмату эҳтиром «Бой Санович» ном мегирифтанд.

         Экспедитсияи иктишофи-геологии Моғиён аз ҷихати ҳаҷми кор ва масоҳат калонтарин ба шумор мерафт ва то вақте, ки Боймурод Холмуродов роҳбарии онро ба зимма дошт дар сафи аввал буд. Ӯ ҳанӯз дар давраи роҳбари гурӯҳ буданаш сазовори ордени Байрақи Сурхи меҳнат шуда буд.
Дар вакти сарвариаш бо кадом роҳҳо то ба вазорати геологияи СССР муроҷиат карда маблағҳои иловагӣ ба дастоварда корхонаи худро равнақу ривоҷ дод.
Масъалаҳои геологии ба экспедитсия мансуб бударо бо ҷасорат ба баррасии рӯзномаи кории Вазорати геологияи СССР дохил мекард. Ӯ беҳуда сазовори дипломи муаллиф-кашфкунандаи кони тиллои Чоре нагардидааст ва ин кори осон ҳам набуд.
Соли 1983 дар миқёси геологияи умуми-иттифоқ барои кашфи кони Чоре ғолиби мусобиқа, сазовори Байрақи Сурхи Сайёри Вазорати геологияи СССР шуд.
Дар замони роҳбарии Боймурод Холмуродов бисёр конҳо бо тамоми ҷузъиёташ омӯхта ба истеҳсолот пешниҳод шудааст.
Аз ҷумла кони сурмаю-симоби Валанги Дароз, кони тиллои Тарор, кони қалъагии Мушистон, мармари Тиллогул, кони ангишти Киштут- Заврон-Ғезан, ангишти танги Шашқат, фосфорити Ғарибак ва дигарон, ки комилан омӯхта шуда аз ҷиҳати иқтисоди таҳлил карда шудаанд.
Шодравон баробари корҳои рӯзмарра дар фикри навовари кардан ва васеъ намудани самтҳои фаъолияти корхона буд.
Соли 1990 дар экспедитсия корхонаи муштараки (Тоҷикистону-Словакия) «Кавско» ташкил карда шуд ва он якумин корхонаи коркарди мармар дар Тоҷикистони Марказӣ водии Зарафшон буд.
Баъдтар коркарди мармари «Лада-Мармар» таъсис ёфт. Мисоли дигар сохтани бинои хонаи маданияти «Геолог» дар шаҳрчаи имрӯз ба номи шодравон буда, ки ҳоло зеби он ҷост.
Донишу фаҳмиши васеъ ва идроки баланд доштани шодравонро на танҳо дар иктишоф ва ба истихроҷ супоридани конҳои канданиҳои фоиданоки зиёд, инчунин дар соҳаҳои дигар низ дидан мумкин аст.
Бевосита таҳти роҳбарии Холмуродов Б.Х. хоҷагии ёрирасони назди корхона рушд кард.
Воқеъ дар деҳаи Вағаштон барои кормандони корхона фароғатгоҳи замонавӣ сохта шуд, ки имрӯз амал мекунад.

Дар ҳама мавзеъҳои кор қасабаҳои ободи геологӣ сохта шуда буданд, аз ҷумла дар ноҳияҳои Айни қасабаҳои Ҷоре, Матек, Кончоч, дар ноҳияи Панҷакент қасабаҳои Шинг, Мушистон ва Моғиён, ки имрӯз дар хамаи онҳо мардуми таҳҷоӣ зиндаги карда истодаанд.
Барои фаъолияти босамараш ба унвонҳои ифтихории «Кашшофони Кони Нав» ва «Геологи хизмат нишондодаи Тоҷикистон» дониста шудааст. Дорандаи ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва ҷойизаҳои зиёд мебошад.

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ