Ҳамкориҳо ва робитаҳои беруна

Ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон яке аз самтҳои афзалиятноки стратегии Саридораи геология мебошад. Дастоварди асосӣ дар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 121-умини Конгресси умумиҷаҳонии геологҳо гардида, ба гурӯҳи мамлакатҳои фаъоли ин созмони бонуфуз дохил карда шудааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар Саридораи геология мутахассисони баландихтисоси соҳа дар ҳама самтҳои омӯзиш ва истифодаи қаъри замин кор ва фаъолият намуда истодаанд. Саридораи геология ҳоло бо хадамотҳои геологии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Финляндия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорад.

Хадамоти геологии Финляндия (GTK)

Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкорӣ байни тарафҳо дар самтҳои зерин равона шудааст:

• ташкил намудани портали геологии электронӣ;

• рақамикунонии ҳуҷҷатҳои геологӣ, ки дар бойгонии СИГ мавҷуданд;

• мониторинги равандҳои хатарноки экзогении геологӣ.

Мақсад аз геопортал, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ таҳия мешавад, намояндагии ҷумҳурӣ бо захираҳои табиии худ ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар аст.

Маводҳои геологӣ, ки дар фонди Саридораи геология дар шакли коғазӣ мебошанд, чандин ҳазор ҳисоботҳоро ташкил медиҳанд. Бо мақсади таъмини нигоҳдории дарозмуддати онҳо рақамикунонӣ ва тарҷумаи ин маълумотҳо дар шакли электрони хело зарур аст, ки ҳоло барои соҳа аҳамияти муҳим дорад. Муҳим он аст, ки ин корҳо аз ҷониби мутахассисони тоҷик анҷом дода мешаванд.

Қаламрави Тоҷикистонро 93% кӯҳҳо ишғол менамоянд ва аз ин нуқтаи назар, омӯзиши офатҳои табиӣ барои таъмини бехатарии ҳаёти одамон ва барои кам кардани зарари иқтисодӣ дар иқтисодиёти миллӣ аҳамияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад.

Бояд қайд кард, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва омӯзиши курсҳои GIS 6 нафар мутахассисони ҷавони Саридораи геология ба Финляндия фиристода шуданд; 6 нафар бо дастгирии молиявии Хадамоти геологии Финляндия ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуданд. Ғайр аз ин, Хадамоти геологии Финляндия барои зиёда аз 20 нафар кормандони Саридораи геология курсҳои забони англисӣ ва компютериро ташкил ва маблағгузорӣ намуд. Айни замон, бо маблағгузории ҷониби Финляндия, курсҳои кӯтоҳмуддат дар соҳаи геофизика барои кормандони Хадамоти геологии Афғонистон ташкил карда шудаанд. Мутахассисони Саридораи геология низ дар ин курсҳо ширкат меварзанд.

Аз тарафи Хадамоти геологии Финляндия ба Саридораи геология ва Фонди иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Чумҳурии Тоҷикистон, таҷҳизоти зарурии техникӣ харидорӣ шудааст.

Ният ҳаст, ки ҳамкориҳо дар солҳои минбаъда идома хоҳанд ёфт.

 

Хадамоти геологии Чин

Дар асоси Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Чин оиди гузаронидани тадқиқоти муштараки геохимикӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Чин бо мақсади муқаррар намудани харитаи геохимикӣ тадқиқотҳо гузаронида мешаванд. Дар доираи ин ҳамкориҳо дар қаламрави ноҳияи Мурғоб 30 нафар геологҳои ҷавон барои татбиқи лоиҳа ба кор ҷалб гардидаанд. Тибқи лоиҳа санҷиши геохимикӣ дар ҳаҷми 30-40км2 анҷом дода шуд. Дар маҷмӯъ, бояд қайд намуд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони Саридораи геология зиёда аз 8000 намунаҳои геохимикӣ ҷамъоварӣ гардида, аз рӯи миқёси 1:250000 ва 1:1 000 000 оид ба муайян намудани 42 элементҳои кимиёвӣ корҳо анҷом дода шуданд. Айни ҳол ҳамкориҳо ба геологҳои Чин идома доранд.

 

Созмони заминшиносии Эрон

Тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва маъданҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар моҳи январи соли 2010 ба имзо расид, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маркази додаҳои Замини Тоҷикистон кушода ва ба истифода дода шуд. То имрӯз, дар Марказ мутахассисони ҷавон бо донишҳои муосири геологии худ кор карда истодаанд. Дар ташхисгоҳи марказии Саридора таҷҳизоти муосири БЛЕГ барои таҳқиқоти тиллои нафис муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Илова бар ин, кормандони Саридораи геология дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони Эронӣ ба омӯзиши геологияи тиббӣ бо гирифтани намунаҳо аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаҳои хок, об ва растаниҳоро барои таҳқиқоти лабораторӣ ҷамъоварӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки байни Корхонаи воҳиди “Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ” – и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи саноатӣ ва маъдании “Зармеҳр Морлики” Ҷумҳурии Исломии Эрон Қарордод ба имзо расонида шуд.

Аз рӯзи ба имзо расидан ва оғози ҳамкориҳо бо ширкатҳои эронӣ, роҳбарияти Саридораи геология бо як қатор роҳбарон ва намояндагони сохторҳои геологии Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо анҷом доданд.

 

Хадамоти геологии Русия (Роснедра)

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти байналмилалии худ нисбати ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти муҳим медиҳад. Ин дар зарурияти ҳифзи анъанавӣ ва рушди робитаҳои хадамотҳои геологии ду давлат акс ёфтааст, ки дар инкишоф ва мустаҳкамии ояндаи муносибатҳои иқтисодии байни ду давлат мусоидат мекунад.

Ҷиҳати иҷрои шартҳои "Хартияи кӯҳӣ" Саридораи геология Ҳамасола дар чорабиниҳо, маҷлисҳои давлатҳои муштарак дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ “Оид ба иктишоф, истифодабарӣ ва ҳифзи қаъри замин”, ки дар он масоили муҳим оид ба геология муҳокима мешаванд, иштироки фаъолона менамояд.

Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Русия (Роснедра) “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин” ба имзо расидааст. Дар доираи Ёддошти мазкури ба имзорасида Саридораи геология бо як қатор институтҳо ва сохторҳои мухталифи Федератсияи Русия оиди лоиҳаҳои зерин ҳамкорӣ мекунад:

• Саридора бо ВСЕГЕИ-и ба номи Карпинскии шаҳри Санкт-Петербург «Харитаҳои ГИС-атласи мазмуни геологидоштаи ҳудуди ИДМ ва кишварҳои ҳамсарҳад дар миқёси 1:2500000 бо маълумотҳо доир ба канданиҳои фоиданок» ҳамкорӣ намуда, аз рӯи ин лоиҳа дар 33-юмин Конгресси байналмилалии геологӣ, ки соли 2008 дар шаҳри Осло (Норвегия) баргузор гашт, маърӯзаи муштарак пешниҳод намуд.

• Таҳияи «Стратегияи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба истифодаи захираҳои ашёи минералӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар иктишоф, истихроҷ ва истифодабарии конҳои канданиҳои фоиданок».

• «Стандартизатсия, сертификатсия ва фаъолияти мутақобила оиди ахбороти геологӣ».

• «Мониторинг ва таҳияи консепсияи идоракунии равандҳои хатарноки экзогении геологӣ дар ҳудуди ИДМ». Саридораи геология масъули ин лоиҳа мебошад.

Пас аз Форуми Байнипарлумонӣ бисёр ширкатҳои Русия ба боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. Санадҳои мазкур ба имзо расиданд:

10 июни соли 2008 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҶСК «Газпром» «Оид ба принсипҳои умумии гузаронидани корҳои геологӣ дар майдонҳои нафтугаздори Ҷумҳурии Тоҷикистон». Дар асоси Созишномаи баимзорасида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати ҶСК «Газпром» дар майдонҳои Рангон, Саргазон, Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ иҷозатнома дода шудааст. Дар асоси ин иҷозатномаҳо, ширкати ҶСП «Газпром Зарубежнефтегаз» гузаронидани корҳои омӯзишии геологӣ ва сейсмикиро дар объектҳои иҷозатномадор ба роҳмонда аст.

Инчунин бисёр ширкатҳои Федератсияи Русия барои гирифтани иҷозатнома оид ба гузаронидани корҳои геологӣ-иктишофӣ дар конҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.

Корпоратсияи давлатӣ оид ба энергияи атомӣ «Росатом» дар намояндагии «Атомредметзолото» доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ ва истихроҷи маъдани уран мароқ зоҳир намудааст.

Ба ғайр аз ин, Тафоҳумнома оид ба Ҳамкорӣ байни Хадамоти федералии давлатӣ «Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок»-и Русия ва Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ба имзо расидааст. Дар асоси он тарафҳо барои гузаронидани экспертизаи мустақими захираҳои канданиҳои фоиданок, мубодилаи маълумот ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Шартнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти проблемаҳои иқтисодии ба номи Г.П. Лузинаи маркази илмии колаи Академияи илмҳои Федератсияи Русия оид ба «Ҳамкории байналмилалии илмӣ-техникӣ» ба имзо расидааст. Мутобиқи шартномаи мазкур тарафҳо дар бахши илм ҳамкорӣ хоҳанд намуд.

 

Хадамоти геологии Олмон (BGR)

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ аз 13 декабри соли 2011 гузаронидани курсҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳаи геологияи Тоҷикистон оид ба арзёбии иқтисодии канданиҳои фоиданок оғоз гардиданд.

Муассисаи федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табии Ҷумҳурии Федеративии Германия дар доираи лоиҳаи «Захираҳои маъданӣ барои рушд – Тоҷикистон II» аз 01.11.2017 то 30.11.2018 чунин корҳоро ба анҷом расониданд.

Ҳамкориҳо дар самтҳои баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони Саридора, аз ҷумла геологоҳои экпедитсияҳо;

баргузории курсҳои таълимии саҳроӣ;

дар Осорхонаи геологӣ, барои стенди намунаҳо ташкил намудани базаи каталоги рақамии бо забони пурсиши SQL кумак расонидан;

кумак барои рақами кардани харитаи геологӣ Тоҷикистон (миқёси 1:200.000)

омӯзиши курсҳои забони англисӣ ва русӣ;

 

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маъдан ва нафти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 21 июни соли 2018 дар ш.Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмию-техники ба имзо расонида шуд ва ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Саридораи геология имрӯзҳо робитаҳои хориҷии худро бо Ҳамсоякишварҳо дар самтҳои муайяни хуб ба роҳ монда истодааст.

Ёддошти тафоҳуми мазкур бо мақсади фароҳам овардани робитаҳои илмию - техникӣ байни Саридораи геология ва Вазорати маъдан ва нафти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути ташкили шароити мусоид барои таҳким ва рушди муносибатҳои минбаъда ба имзо расонида шудааст.

Ҷонибҳо муносибатҳоро бо роҳҳои зайл ба роҳ мондаанд:

мубодилаи афкор, иттилоот, таҷриба, технология ва мубодилаи олимону мутахассисон;

гузаронидани семинарҳои муштарак, коференсияҳои илмӣ ва вохӯрӣ;

таъмини имкониятҳои махсус барои мутахассисони ҳарду ҷониб бо мақсади баланд бардоштани донишҳои техникӣ дар соҳаи геология;

татбиқи лоиҳаҳои муштарак;

дигар намудҳои муносибатҲои илмӣ ва техникӣ.

Хадамоти геологии Британия

Имрӯзҳо Саридораи геология Ҳамкориҳои худро бо давлатҳои пешрафтаи Аврупо низ ба роҳ мондааст. Яке аз ин давлатҳо Британияи Кабир мебошад, ки 17 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Британия оид ба Ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва истифодаи қаъри замин ба имзо расонида шуд.

Мутахассисони Саридораи геология таҷрибаи бойи истифодабарии қаъри заминро доранд, ки ин барои ба роҳ мондани Ҳамкориҳо дар ин самт бо Хадамоти геологии Британия хело муфид ва самарабахш ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади таъмин намудани механизми ҳамкории техникӣ дар соҳаи геология, Саридораи геология ва Хадамоти геологии Британия дар асоси Ёддошти тафоҳуми ба имзо расонида шуда, тасмим гирифтаанд, ки Ҳамкориҳои зеринро дар ояндаҳои наздик ба роҳ мемонанд:

такмили раванди идоракунии маълумоти геологӣ;

таҳкими иқтидори кормандон, инчунин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос;

рақамгузории Ҳуҷҷатҳои дар фонди геологӣ маҳфузбуда ва таъминоти иловагӣ бо таҷҳизоти зарурӣ;

- таъсиси озмоишгоҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар заминаи озмоишгоҳи марказии мавчуда.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба таҳкими муносибатҳои наздик ва дӯстонаи байни ҳар ду ташкилот мусоидат хоҳад кард.

 

Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо ҶумҲурии Тоҷикистон бо Ҳамсоякишвари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳамкориҳоро дар ҳама самтҳо ба роҳ монда истодаанд. Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти ҶумҲурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз як санад дар таърихӣ робитаҳои хориҷии Саридораи геология ба имзо расонида шуд. Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба геология ва захираҳои табиӣ оид ба бурдани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи геология дар минтақаҳои наздисарҳадӣ санаи 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо дар асоси манфиатҳои тарафайн мақсад доранд оид ба мубодилаи иттилооти геологӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои муштарак дар соҳаи геология ҳамкорӣ намоянд.

Ҳамкориҳо дар асоси Созишномаи ба имзо расонида шуда, дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

мубодилаи иттилооти илмӣ ва техникӣ;

мубодилаи донишҷӯён, аспирантҳо ва олимон;

ҳамкорӣ дар бахши тадқиқотҳои илмӣ;

ташкили муштараки симпозиумҳо, конференсияҳо ва маърӯзаҳо.

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ