САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – хадамоти давлатии геологии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони № 275 Саридораи геологияи назди Комиссариати Халқии саноати вазнини СССР аз 28 июни соли 1938, дар заминаи партияҳо ва гурўҳҳои саҳроии Экспедитсияи Тоҷикӣ-Помирӣ ва бахшҳои Трести геологии осиёимиёнагӣ таъсис ёфтааст. Омўзиши геологии сарзамини Тоҷикистони имрўза ҳанўз дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ оғоз шуда буд.
СОХТОРИ ХАДАМОТИ ГЕОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахшҳои сохтории зерин иборат мебошад:
- Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (КДЗ ҶТ);
- Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Китобхонаи илмӣ-техникӣ (ЭЧАГ);
- Маркази миллии ахбороти илмӣ оид ба Замин, геоматика ва фановарии иттилоотӣ;
- Осорхонаи геологӣ (ЭГИП);
- Озмоишгоҳи марказӣ;
- Корхонаҳои воҳидӣ:
- «Экспедитсияи комплексии геологии Кайроққум»;
- «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён»;
- «Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷанубӣ» ;
- «Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ»;
- «экспедитсияи геофизикии Ҷанубӣ»;
- «Экспедитсияи геологии ҷустуҷўию аксбардории геологӣ»;
- «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир».