Окт02

Дар санаи 04 сентябри соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 04 сентябри соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

     Дар ҷаласа 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

      1. Азнавҳисобкунии захираҳои қитъаи “Хонободи Шарқӣ”-и кони гилҳои Хонобод. Қитъаи Хонободи Шарқии кони гилҳои Хонобод дар самти шимолу ғарбии ш.Исфара дар масофаи 5,0км, шимолтар аз деҳаи Даҳанакул дар масофаи 1,2км ва шарқтар аз заводи хишти ҶДММ “Хишти Исфара” дар масофаи 5,5км воқеъ мебошад.

Захираҳои гили қитъа аз рӯи категорияи С1 ба миқдори 74135 м3 тасдиқ карда ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.

      2. Бозҳисобкунии захираҳои бо қувваи ҷамъшудаҳои (таҳшинҳои аллювиалии) обовард пуршуда дар қитъаи Бунёдкори кони омехтаҳои регу шағали Сардоров Қарахон. Қитъаи Бунёдкор дар ҳудуди ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 950м ба самти шимолу шарқ аз пули мошингарди Душанбе-Сомониён, дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон воқеъ аст. Захираҳои регу шағали қитъаи Бунёдкор ба миқдори 25625м3 аз рӯи категорияи С1 тасдиқ ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.

 

Окт02

Дар санаи 21 августи соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 21 августи соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

     Дар ҷаласа 1 ҳисоботи геологии “Иктишофи қаблии кони хоки Дарагӣ” дида баромада шуд.

     Кони хоки Дарагӣ аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Кон дар масофаи 12км дар самти шимолу шарқ аз шаҳраки Ёвон, дар соҳили чапи дарёи Ёвон ҷойгир шудааст.

     Захираҳои хоки кон аз рӯи категорияҳои С1 ва С2 дар ҳаҷми 328086м3 тасдиқ ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд, ки аз он бо категорияи С1 – 181764м3 ва бо категорияи С2 – 146322м3 мебошад.

Окт02

Дар санаи 21 агусти соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Категория // Навидҳои КДЗ

     Дар санаи 21 агусти соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

     Дар ҷаласа 1 мавод оиди “Бозҳисобкунии захираҳои нафти уфуқи 1а-и қабатҳои олойи палеоген бо категорияи В кони Шоҳамбарӣ” дида баромада шуд.

     Кони нафти Шаамбарӣ дар масофаи 32 км дар самти ғарб аз ш.Душанбе ҷойгир аст. Захираҳои боқимондаҳои нафти уфуқи 1а-и қабатҳои олойи палеоген бо категорияи В дар ҳаҷми 11400 тонн дар вазъи 31.12.2014с тасдиқ карда ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.

 

Июнь11

Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба захирањои канданињои фоиданок гузаронида шуд

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 05 июни соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Май19

80-солагии собиқадори меҳнат Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмоновичро

Категория // Навидҳои КДЗ

80-солагии собиқадори меҳнат Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмоновичро

Рӯзи 5 майи соли 2015 коллективи меҳнатии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони экспедитсияҳои геологии зерсохтори он 80-солагии яке аз геологҳои варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиќадори меҳнат Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмоновичро тантановор ҷашн гирифтанд ва соҳибҷашнро табрику муборакбод намуданд.

 

Апр13

13 апрели соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 13 апрели соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.
Дар ҷаласа 3 ҳисоботи геологӣ ва 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

Март18

Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок баргузор гардид

Категория // Навидҳои КДЗ

18 марти соли 2015 дар Маркази додаҳои улуми Саридораи геология ҷаласаи ҳайати васеи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои  канданиҳои  фоиданок баргузор гардид.

Март13

Ба диққати аъзоёни ҳайати васеи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок.

Категория // Навидҳои КДЗ

18 марти соли 2015, соати 1000 дар Маҷлисгоҳи Экспедитсияи ҷустуҷӯӣ аскбардории геологии Саридораи геология (кӯчаи М.Турсунзода, 25) Ҷаласаи ҳайати васеи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок баргузор мегардад.

Рӯзномаи ҷаласа

  1. ҳои «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии кондитсияҳои саноатӣ ва ҳисоби захираҳои кони сурмаю симоби Дижикруд ба ҳолати 01.07.2012с.». Иҷрокунандагон: ТОО «GeoMineProject» (ш.Уст-Каменогорск).
  2. исоботи геологии «Пешомӯзии қабатҳои жарфии кони Дижикруд дар солҳои 2007-2012» ва илова бо он: ҳисоботи «Гирифтани намунаҳои технологӣ аз маъдани қабатҳои жарфии кони Дижикруд». Иҷрокунандагон: КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» ва ҶММ ТА «Анзоб».

Маводҳои баррасишаванда вобастагӣ доранд ва ҳаҷми ин маводҳо калон мебошад, омода намудани маълумоти мухтасар оиди ҳамаи онҳо ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз барои қаблан шинос шудан бо маводҳо оид ба ҳисоботҳо ва хулосаҳои экспертӣ хоҳишмандон метавонанд ба Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (кӯчаи М.Турсунзода 25) муроҷиат намоянд.

Март03

Дар санаи 18 феврали соли 2015

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 18 феврали соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.
Дар ҷаласа 3 ҳисоботи геологӣ ва 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

  1. Иктишофи қаблии кони хоки Чузӣ.
  2. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Дараи Шоҳ.
  3. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Фирдавс-1.
  4. Бозҳисобкунии захираҳои хоки лёссмонанди қитъаи Корвони Асри кони Оқули Поён.
  5. Азнавҳисобкунии захираҳои мухталитҳои қитъаи Сарикиштии поёни кони Чорбуз.
Янв29

Айни замон дар баррасии КДЗ

Категория // Навидҳои КДЗ

Айни замон дар баррасии КДЗ 3 ҳисоботи геологӣ оиди конҳои маводи сохтмонӣ қарор доранд. Ҳисоботҳои мазкур баъди хулосаи мусбии экспертӣ барои баррасӣ дар ҷаласаи КДЗ муҳокима намуда мешаванд.

Янв21

Дар санаи 22 январи соли 2015

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 22 январи соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Дар ҷаласа 1 ҳисоботи геологӣ ва 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

  1. Азнавҳисобкунии захираҳо дар қитъаи «Комбинат»-и кони гилҳои Хонобод.
  2. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Обшорон-1.
  3. Азнавҳисобкунии захираҳои регу шағали қитъаи «Каёнуш»-и кони Сардоров Ќарахон.

ГЛАВНОЕ УПРАВЛЕНИЕ ГЕОЛОГИИ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН - Copyright © 2015 GST.TJ